Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки шумораи занони соҳибкор дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир ба маротиб бештар шудааст, аммо танҳо шумори ками онҳо тавонистаанд ба “бизнеси калон ”роҳ ёбанд.

Бо вуҷуди афзоиши занони соҳибкор дар Тоҷикистон, теъдоди ками онҳо тавонистаанд ба "биснеси калон" роҳ ёбанд. Ҳоло 160 ҳазор зани тоҷик ба соҳибкорӣ машғул буда, вале адами дастрасӣ ба қарзҳои калони боимтиёз ва дарозмуддат онҳоро ҳамоно пойбанди тиҷорати хурду миёна кардааст. Тибқи омори расмӣ, феълан 126 ҳазор занон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъоланд.

Соҷида Асоева, роҳбари гурӯҳи истеҳсолии “Рӯё”, яке аз бахшҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, тӯли чандин сол талош кардааст, барои бунёди корхонаи коркарди меваву сабзаҷот аз ташкилотҳои хурди қарзӣ 9 ҳазор доллар дарёфт кунад. Ӯ мегӯяд, дар дарёфти қарз ноком шуда, бизнес – лоиҳааш рӯи коғаз мондааства ин вазъият ӯро то андозае рӯҳафтода кардааст.

Соли 2011 ташкилоти “Оксфам” барояш чаҳор ҳазор сомонӣ кӯмаки билоиваз кардава ӯ бо ин маблағ тавонист дар баробари худ боз 13 нафар занони дастнигари ин ноҳияро бо кор таъмин кунад. Ӯ мегӯяд, “Ман ҳоло ба асалпарвариву чорводорӣ ва боғдорӣ машғулам. Дар ихтиёрам 7 ҳектар замин дорам, ки солона аз он то 10 тонна себ, 500 килло чормағз, 350 килло хуч ҳосил мегирам. Мева дар шакли тару хушк ба Суғду Русия содир карда мешавад. Фоидаи ман аз замин 10 ҳазор сомониро ташкил мекунад ”.

Соҷида Асоева мегӯяд, агар ӯ имкони бунёди корхонаи коркарди меваву сабзаҷотро медошт, 20 нафар зани дигарро соҳиби нон мекард ва 250 хоҷагии деҳқонӣ метавонистанд аз маҳсулоти онҳо истифода баранд. Бо ин вуҷуд, мусоҳиби мо умедвор аст, ки дар ҷараёни ширкат дар ҳамоиши аввалини занони соҳибкор, ки рӯзи панҷшанбеи 8-уми октяб дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, барои амалӣ гаштани орзӯи деринтизораш маблағгузор пайдо мекунад.

Чунин интизороти хонум Соҷида дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон барои дастгирии бонувони соҳибкор дар 5 соли охир аз ҷониби бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ наздик ба 2,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳамчунин, дар ҳафт соли ахир ҳудуди 100 созмони ҷамъиятии занон аз буҷаи ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ дарёфт кардаанд.

Боян Колундзия, раҳбари намояндагии “Оксфам” дар Тоҷикистон гуфт, то имрӯз беш аз се ҳазор занони соҳибкори тоҷик тавассути лоиҳаҳои мухталифи ин созмон пуштибонии молӣ шудаанд. Ӯ гуфт, “мо то имрӯз талош кардем, барои кӯмак ва омӯзиш додани занони соҳибкори тоҷик маблағ ҷудо кунем, аммо барои он, ки ин занон ба сатҳи баландтар роҳ ёбанд, мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Аз ҷумла, мушкилот дар қонунгузорӣ ва ҳам дастрасӣ надоштан ба захираҳои молӣ ва ҳам роҳёбӣ ба бозорҳо то як андоза ба онҳо дар ин роҳ монеъа эҷод мекунад.”

Набот Додхудоева

Набот Додхудоева

Аз нигоҳи ҷаноби Колундзия, баргузории ҳамоиши занони соҳибкор заминаеро барои шунидани мушкилоти ин табақаи ҷомеа фароҳам оварда, аз сӯи дигар, таваҷҷӯҳи сармоягузоронро ба тарҳҳои ҷолиби онҳо ҷалб мекунад. Худи соҳибкорзанони тоҷик мегӯянд, он қарзҳое, ки бонкҳои хурд ба онҳо пешниҳод месозанд, барои соҳибкории саноатӣ кифоя нест. Аз ҷониби дигар соҳибмулк набудани онҳо ба ҳангоми гирифтани қарз ва таъмини гарави он мушкилот пеш меорад.

Набот Додхудоева, яке аз бонувони муваффақи соҳибкор саҳми мардони хонаводаро дар пешрафти тиҷорати занон муҳим арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи хонум Набот Додхудоева, “вақте зан соҳибкор мешавад, ӯро ҳеҷ кас аз кори хона ва тарбияи фарзанд озод намекунад. Ба ғайр аз ин, ҷамъият мардонсолор аст ва раҳбарони бонкҳову теъдоди бештари корхонаҳо низ мардонанд ва ба ҳангоми зарурат муроҷиат намудани занон ба онҳо кори осон нест. Он заноне, ки соҳибкории бузургро интихоб мекунанд, ҳатман бо дастгирии шавҳарон ва фарзандонашон дар ин роҳ комёб мегарданд."

Бо ин ҳама мушкилоте, ки бархе аз занони соҳибкор матраҳ мекунанд, дар муқоиса бо даҳ ва понздаҳ соли пеш, хонумҳои соҳибкори тоҷик тавонистанд, ки ҳунари худро дар бунёди манзил, тиҷорати меҳмондорӣ, истеҳсол ва содироти меваи хушк ва дигар ҳунарҳо намоиш диҳанд.

Агар 80 дарсади ин занҳо аз ин тариқ мехоҳанд вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии хонаводаашонро беҳбуд бахшанд, боқимонда бо истифода аз имконияти мавҷуда кӯшиш доранд дар тиҷорати калон аз ҳамтоёни дигарашон як қадам пеш бошанд. Ҳамин аст, ки бино ба иттилои Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон, дар соли 2014 ҳузури занон дар тиҷорати бузург қариб 15 дар сад афзудааст. Дар ин баробар, беш аз ду ҳазор коргоҳҳои хурду миёнаи соҳибкориро дар кишвар занону духтарон раҳбарӣ мекунанд.

Гулбаҳор Маҳкамова

Гулбаҳор Маҳкамова

Гулбаҳор Маҳкамова, бунёдгузори ширкати "Имон интернейшнал” ва раҳбари Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баргузории ҳамоиши соҳибкорзанони тоҷикро як қадами устувор дар амри рушди бизнеси занон хонд. Ӯ гуфт, вақте, ки соҳибкорзанони тоҷик ҳамроҳ бо мардоне, ки тиҷоратҳои бузург доранд ҳамроҳ дар нишастҳо ширкат мекунанд, худро ноҳинҷор эҳсос мекунанд. Дар чунин ҳолат пайдо кардани шарикон ба хотири рушди минбаъдаи тиҷораташон бениҳоят мушкил аст. Аммо дар нишасти имрӯза онҳо хеле озод буданд ва ҳатто тарҳҳои ҷолиб ҳам пешниҳод шуданд.

Гулбаҳор Маҳкамова афзуд, "махсусан, барои ман бизнеси содироти нах хуш омад. Тавре гуфта шуд пашми буз аз Бадахшон ва Суғд ҷамъоварӣ мешавад. Аммо мушкилоти ин бизнес дар он аст, ки корхонаи пашмтозакунӣ дар Афғонистон амал мекунад, ин пашм ба он кишвар фиристода мешавад ва баъди он боз занон дар Бадахшон миёни ҳамдигар онро тақисм карда дар хона мересанд. Ин тарҳ барои ман хеле писанд омад ва шояд дар оянда мо онро дастгирӣ карда, барои бунёди чунин корхона дар худи Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт."

Зимнан, ҳоло саҳми занони тоҷик дар дар тиҷорати хурду миёнаи кишвар беш аз 70 дар садро ташкил медиҳад. Бар пояи маълумоти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, феълан 40 дарсади занон ба фаъолияти хусусӣ машғул буда, танҳо 12 дар сади онҳо дар корхонаҳои хурду миёна ва 5 дарсад дар ширкатҳои расмӣ роҳбар ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG