Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳансолтарин зан дар Аврупо даргузашт


Марӣ-Тереза Бардо
Марӣ-Тереза Бардо
Бино ба хабарҳо, Марӣ-Тереза Бардо, ки кӯҳансолтарин зан дар Аврупо шинохта мешуд, рӯзи ҷумъа, ҳамагӣ як ҳафта баъд аз таҷлили 114-солагиаш дар як хонаи бознишастагон дар рустои Поншате дар ғарби Фаронса даргузаштааст. Рӯзи 2 июн дар зодрӯзаш матбуот навишта буд, ки Бардо 2 фарзанд, 7 набера, 15 абера ва 6 чабера дорад.
Бессе Купер дар ҳоли ҳозир кӯҳансолтарин зан дар дунё ҳисоб шуда, 115 сол дорад ва дар Амрико ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG