Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди 101-сола зери чархи мошин аз олам даргузашт


Кӯҳансолтарин сокини шаҳри Бербэенки аёлати Калифорнияи ИМА зери чархҳои мошин аз олам даргузашт.

Отто Йенсен, ки чанд рӯз пеш ба синни 101-солагӣ расида буд, аз маъруфтарин одамони шаҳр маҳсуб мешуд. Ӯ дар ҷавонӣ боксёри маъруф ва беш аз 60 сол сарвари студияи аккосӣ буд.

Мошинеро, ки боиси ҳалокати Йенсен гардид, зани 91-сола идора мекард. Полис аз боздошти ронанда худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG