Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастнигарӣ занро "ғулом"-и мард мекунад?


Cолеҳа Назаралиева, сокини Норак ба далели аз ӯҳдаи таъмини фарзандон набаромадани шавҳараш, маҷбур шуд аз ӯ ҷудо шавад ва аробаи зиндагиро худаш бичархонад.

Cолеҳа Назаралиева, сокини Норак ба далели аз ӯҳдаи таъмини фарзандон набаромадани шавҳараш, маҷбур шуд аз ӯ ҷудо шавад ва аробаи зиндагиро худаш бичархонад.

Солеҳа ба далели мушкилоти иқтисодӣ дар хонавода ва аз ӯҳдаи таъмини фарзандон набаромадани шавҳараш маҷбур ба ин шуд, ки аз ӯ ҷудо шуда ва худаш дастбакор шавад. Ӯ ҳамроҳ бо чаҳор фарзандаш дар як хонаи сеутоқӣ, ки бо заҳмати худ харидааст, ба сар мебарад. Далели аслии ҷудошавии худ ва ҳамсарашро ҳам маҳз дар дарбадариву иҷоранишинии чандсола медонад.

Вай мегӯяд, ки “шавҳарамро гуфтам, ки хай, ман, чи кор кунам, кӯмакам намекунӣ. Ман ҳатто гуфтам, ки аз алимент даст мекашам. Маҷбур шудам, ки ба мардакам гуфтам, ки маро сар деҳ. Аммо вай хеле боз тоқат кард, аммо ман пойфишорӣ кардам, ки маро сар диҳад. Баъд маро ба додгоҳ бурду ҷавобамро дод.”

Солеҳа меафзояд, ки ҳарчанд пас аз ҷудошавӣ ба танҳоӣ аз паси харҷи хонаву чаҳор фарзанд баромадан сахт буд, вале бо заҳмати ҳалоли худ тавонистааст аз ҳисоби фурӯши хӯрок дар роҳ, як қисми қарзашро, ки барои хариди хона гирифта буд, пардохт кунад. Ҳарчанд Солеҳамоҳ мегӯяд, аз таъкиди ҳаррӯзаи афроде, ки барояш қарз додаанд, рӯзи хуш надорад, вале пайванди дубора бо ҳамсарашро намехоҳад.

Монанди Солеҳа андак занеро дар Тоҷикистон мебинем, ки барои раҳоӣ аз мушкили иқтисодӣ ва ё ба даст овардани озодии молӣ, зиндагии бидуни шавҳарро пеша мекунад. Ҷомеашиносону таҳлилгарон яке аз иллатҳои вобастагии молии зан ба мардро дар камрангии таваҷҷӯҳи хонаводаҳо нисбат ба таҳсилу донишомӯзии духтарон дар баробари писарҳо медонанд.

Гулнора Бекназарова

Гулнора Бекназарова

Гулнора Бекназарова, гендершиноси созмони Z-analitics мегӯяд, ба далели ин, ки бисёре аз хонаводаҳо духтарони худро бармаҳал, яъне то синни 20 ба шавҳар медиҳанд, онҳо дигар имкони таҳсил дар донишгоҳро пайдо намекунад. Вай муътақид аст, ки хонадоршавии бармаҳал ва надоштани маълумоти олӣ духтарону занонро маҷбур мекунад, ки аз ҷиҳати молӣ пойбанди шавҳар бошанд. Ва вақте ҳам, ки ҷудо мешаванд, боз ҳам дастнигари хонаводаи волидон мешаванд:

“Занҳое, ки тахассус надоранд, дар бозори меҳнат ҷойгоҳи маҳдуд доранд. Агар ҳунаре дорад, ӯ масалан метавонад, аз ҳисоби ҳунараш даромаде ба даст орад. Аммо агар ҳеҷ ҳунаре надорад, пас чӣ кор бояд кунад?”

Ҳамчунин бар асоси як пажӯҳиш, ки ахиран созмони Z-analitics анҷом додааст, муайян шуда, ки яке аз сабабҳои фармонбардории занон аз мардҳо, вобастагии молии онҳост. Аз ҷумла, 32 дарсади занон иқрор шудаанд, ки ба хотири таъминоти либосу хӯрока маҷбуранд ба мардҳо итоат кунанд.

Гендершиносон мегӯянд, пойбандии молии ҳамсар ба шавҳар барои занҳо паёмадҳои манфӣ дорад ва аз лиҳози равонӣ занҳоро рӯҳафтода мекунад.Таҳмина Маҷидова, гендершиноси ҷавон мегӯяд, пойбандии молии зан ба шавҳар ба шахсияти худи зан таъсири бад мерасонад ва ӯро фақат ба анҷоми корҳои дохили хона маҳдуд мекунад.

Таҳмина Маҷидова

Таҳмина Маҷидова

Вай мегӯяд: “Ин боис мешавад, ки занҳо эътимод ба нафси худро аз даст диҳанд ва рӯҳафтодаву нафсшикаста шаванд. Баъзе аз занҳо, ки худ кор намекунанду аз лиҳози иқтисодӣ мустақил нестанд, наметавонанд ҳар чизеро, ки дӯст доранд, барои худ харанд. Мунтазир мешаванд, ки кай шавҳарашон ба онҳо пул медиҳад ва ҳар қадар ҳам, ки шавҳар диҳад, маҷбуранд ба он розӣ шаванд.”

Таҳмина Маҷидова, ки худ ин мавзӯъро таҳқиқ кард, қарор аст рӯзи 28-уми июн дар Фарҳангистони улум дар ин робита суханронӣ намояд. Ба гуфтаи хонум Маҷидова, ӯ миёни панҷоҳ мард пурсишеро доир ба ин ки “ оё мехоҳед ҳамсари шумо кор кунаду истиқлоли иқтисодӣ ба даст орад?” матраҳ кардааст. Аз рӯи посухи пурсидашудагон ба ин натиҷа расидааст, ки 70 дарсади онҳо ба ин пурсиш ҷавоби манфӣ додаанд.

Хонум Маҷидова мегӯяд, ҳарчанд мардҳо инро фош намекунанд, вале воқеъият чунин аст, ки иддае аз мардҳо дар ҷомеаи мо аз ба даст овардани истиқлоли иқтисодии занҳояшон ҳарос доранд. Зеро фикр мекунанд, ки вақте занҳо соҳиби истиқлоли иқтисодӣ шаванд, онҳо мавқеи худро ҳамчун таъмингари хонавода аз даст медиҳанд ё фикр мекунанд эҳтироми пешинаи занро нисбат ба худ аз даст медиҳанд ва ё метарсанд, ки ҳамсарашон ба корҳои хона намерасад.

Мо ҳам ин мавзӯъро бо чанд тан аз сокинони пойтахт дар миён гузоштем ва дарёфтем, ки хонумҳо баръакси мардҳо мехоҳанд дар таъмини будҷаи хонавода дар баробари мардҳо саҳим бошанд ва ё лоақал битавонанд сарбории худро аз души мардҳо кам кунанд. Як мард дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки "вақте мард оиларо таъмин мекунад, ҳоҷати кор кардани зан нест. Зан бояд дар хона шинад. “

Аммо ба назари яке аз занони роҳгузар, "пеш аз ҳама зан бояд маълумоти олӣ дошта бошад, бояд ки кор кунад. Барои тарбияи фарзандон ва кор ҳарду баробар вақт ҷудо кунанд. Зани тоҷик аз уҳдаи ҳамаи корҳо мебарояд.”

Як духтари ҷавон ҳам гуфт, ки "дар ҳолате, ки агар шавҳари ояндаам гӯяд, ки ман ба кор карданат розӣ нестам ва танҳо кори хонаро кун, ман ҳамаро таъмин мекунам, розӣ ба издивоҷ намешавам.“

Барфимоҳ Ғаниева

Барфимоҳ Ғаниева

Барфимоҳ Ғаниева, роҳбари ташкилоти “Хайрхоҳи замон” мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вобастагии иқтисодии занҳои тоҷик нисбат ба даврони шӯравӣ бештар шудааст, чунки дар он замон занон аксаран соҳиби маълумот ва ҷойи кор буданд ва вазъи иқтисодӣ ҳам хеле хуб буд. Аз ин лиҳоз, занҳо истиқлоли иқтисодӣ доштанд: “Мо вақте дар байни мардум сӯҳбат мегузаронем, вокеан ҳам бисёре аз занҳо ба кӯмаки молии мардон ниёз доранд. Мутаассифона имрӯз ҳаёт нишон медиҳад, ки мардҳо ба муҳоҷират мераванд ва ҳамин вобастагиро занҳо бештар эҳсос мекунанд.”

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳар навъ вобастагӣ ба маънои маҳдудият аз имконот аст. Вобастагии молии занон ба мардон на танҳо худи онҳоро дар тангно қарор медиҳад ва заминаи нақзи ҳуқуқи онҳоро фароҳам мекунад, балки нисфи ҷомеаро аз кор меандозад. Дар сурати ҷалби занон ба шуғлҳои гуногун, ҷомеа ҳам шакли тамом ва комили худро пайдо мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG