Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуморбӣ милисаро зад ё милиса - Хуморбиро?


Дарвозаи шӯъбаи милиса дар Кӯлоб
Дарвозаи шӯъбаи милиса дар Кӯлоб

Як зани сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳамла ба як афсари баландпояи пулиси ин минтақа айбдор мешавад. Наздиконаш баръакс Хуморбӣ Холоваро ҷабрдида меноманд.

Додситонии минтақаи Кӯлоб сокини ин шаҳр Хуморбӣ Холоваро ба ҳамла ба Давлатшо Ҳалимов, сардори гурӯҳи тафтишотии раёсати корҳои дохилии ин минтақа айбдор мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, Хуморбӣ Холова рӯзи 3-уми июл ба ҳуҷраи кории Ҳалимов ворид шуда, ба ӯ ҳамла кардааст ва дар натиҷаи ин ҳамла осоре аз нохунҳои Хуморбӣ дар лаби пулис боқӣ мондааст. Додситонии минтақаи Кӯлоб то анҷоми тафтишот сабаби сар задани ин ҳодисаро шарҳ намедиҳад, аммо масъулони ин ниҳод мегӯянд, нисбат ба ин зан бо моддаи 338, қисми 1 ва 301 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне расонидани зарари ҷисмонӣ ба корманди милиса ҳангоми иҷрои вазифа, айб эълон шудааст.

Аммо Хуморбӣ Холова, зане, ки дар ҳамла ба корманди милиса айбдор дониста мешавад, гуфт, ҳоло дар як ҳолати рӯҳафтодагӣ ва навмедӣ қарор дорад. Ӯ дар ҳоле, ки хеле асабонӣ ба назар мерасид, гуфт, ӯро ҳам лату кӯб карданд ва илова бар ин алайҳаш парвандаи ҷиноӣ ҳам боз кардаанд: «Дигар ба ҳеҷ кас бовар надорам. На ба журналисту на ба милиса. Бубинед, охир маро ҳам заданд ва ҳам боз парванда кушоданд. Ман барои ҳақамро талаб кардан рафта будам, вале ба ҷои ба додам расидан, боз ба чунин аҳвол гирифторам карданд.»

Ин зан мегӯяд, зери фишор қарор дорад ва наметавонад, ҷузъиёти моҷароро шарҳ диҳад.

Шӯъбаи милиса дар Кӯлоб
Шӯъбаи милиса дар Кӯлоб

Аммо Маҳмадрасул Холов, падари ин зан мегӯяд, духтараш ба нафаре пул қарз дода буд, аммо он нафар бо гузашти мӯҳлати пардохти қарз маблағи ӯро барнагардонд ва хост, фирор кунад. Ба иддаои падари Хуморбӣ, дар ҳоле ки духтараш ба мақомоти милиса муроҷиат карда ва аз онҳо кӯмак хостааст, кормандони пулис на аз ҷабрдида, балки аз он зани қарздор пуштибонӣ кардаанд. Ба гуфтаи Маҳмадрасул Холов, духтараш се рӯз дар зиндон буд ва танҳо зертобеъони Давлатшо Ҳалимов, корманди латту кӯб шудаи пулис алайҳи ӯ шоҳидӣ додаанд. Ӯ меафзояд: «Он ҷо фақат кормандони милиса буданд. Духтарамро задаанд ва боз ин гуноҳро ба сараш заданд. Бовари кӣ меояд, ки духтари ман вориди бинои милиса шуда, ӯро лату кӯб мекунад? Ҳоло намедонам, чӣ кор кунам. Худаму духтарам як ҳоли зор дорем. Мехоҳам ба додситонии кулл муроҷиат кунем, то ҳақиқатро барқарор кунад.»

Маҳмадрасул Холов иддао дорад, ки духтараш дар талоши раҳо шудан аз чанги пулис ба чеҳраи Ҳалимов чангол задааст. Аммо Давлатшо Ҳалимов ин ҳарфҳоро инкор ё тасдиқ накард. Зимни як сӯҳбати телефонӣ Ҳалимов гуфт, тафтишот маълум хоҳад кард, ки кӣ гунаҳкор асту кӣ бегуноҳ? Ӯ мегӯяд: «Ман чизе гуфта наметавонам. Инро тафтишот маълум мекунад. Ман ин занро задаам ё ӯ маро задааст, муфаттиши додситонӣ маълум мекунад. Дар бораи ин кор ҳам аз онҳо пурсед, зеро ман бе иҷозати роҳбариятам чизе гуфта наметавонам.»

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вале сокинони маҳаллӣ ҳамлаи як зан ба корманди милиса дар дохили утоқи кориашро ғайримантиқӣ медонанд. Қаюм Зарипов, ҷомеашиноси ҷавон мегӯяд, «занҳо танҳо дар ҳолатҳое даст ба ин амал мезананд, ки ба иззати нафсашон бирасанд ва онҳоро аз худ бадар кунанд. Аммо ҳатто дар ҳоли асабонияти шадид ҳам, фикр намекунам, ки ӯ қуввати задани корманди боқуввати милисаро дошта бошад. »

Дар як моҳи ахир ин дуввумин ҳамла ба кормандони милисаи минтақаи Кӯлоб аст. Ҳафтае пеш як сокини дигари Кӯлоб бо номи Алиҷони Нуралӣ барои ҳамла ба корманди милисаи ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуда буд. Наздикони ин ҷавон низ писари худро ҷабрдида ва баръакс корманди милисаро муҷрим медонанд.

Аммо агар ҳамлаи Хуморбӣ Холова ба латту кӯби корамнди милиса дар додгоҳ тасдиқ шавад, ба ӯ аз 3 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG