Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хирс Абдуҷаббори ноболиғро захмӣ кард ва сагашро кушт


Дар пайи ҳамлаи хирс як ҷавони ноболиғ дар ноҳияи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ба иттиллои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса рӯзи 18-уми октябр ҳангоме, ки Абдуҷабор Ҷамолови 15-сола, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Рашт дар куҳи ҷамоати Оби Меҳнат ба ҷамъоварии чормағз машғул будааст, нобаҳангом хирсе аввал ба саги ин ҷавон ҳамла карда онро мекушад ва баъдан ба худи Абдуҷаббор ҳуҷум мекунад.


Ин манбаъ меафзояд, "хирс чанд маротиба ба Абдуҷаббори хурдсол ҳуҷум карда ва бо нохунҳояш ба сару тани ӯ ҷароҳати вазини ҷисмонӣ мерасонад".
Ба таъкиди манбаъ хушбахтона Абдуҷаббор аз чанголи хирс раҳо ёфта, аммо ҳоло дар бемористон бистарӣ аст.

Ҳамлаи хирсҳо ба сокинони манотииқи куҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст, аммо дар соли ҷорӣ барои аввалин бор аст, ки дар пайи чунин ҳамла як ҷавони ноболиғ ҷароҳат бардоштааст.

Вале ҳуҷуми ҷонварони ваҳшӣ ба сокинон бори аввал нест. Дар гузашта дар Бадахшон ва дигар манотиқи Тоҷикистон чанд маротиба ҷонварони ваҳшӣ, хусусан гургу шағолон ба сокинон ҳамла намуда, ҳатто боиси марги онҳо гашта буданд. Аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ як сокини 81-солаи ноҳияи Рӯшон ҳадафи ҳамлаи гургон қарор гирифта буд. Гуфта мешуд бо зиёд шудани боришоти барф дар зимистони имсол хавфи ҳамлаи гургон ба сокинон зиёд шудааст.

Ин сокини 81-солаи деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон, ки Наботбегим Худодова ном дошт зимистони имсол аз ҳамлаи гургон захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида буд. Сокинони ин деҳа гуфта буданд, ки гургони дарранда ба ин зани солманд ҳангоме ҳуҷум карданд, ки вай субҳи барвақт барои таҳорат танҳо аз манзилаш берун баромадааст. Сокинони Баҷув мегӯянд, ки субҳу шом метарсанд, ки танҳо аз хона берун бароянд.

Моҳи январи соли 2013 дар Бадахшон боз як зани солманди 90-сола мавриди ҳамлаи гургон қарор гирифта буд, вале аз чанголи гургон ҷон ба саломат бурда буд.

Ҳамлаи шағолон ба сокинони ноҳияи Ёвон дар соли 2011 аз дигар ҳамлаи ҷонварони саҳроӣ ба шумор меравад, ки чанд нафарро газида маҷруҳ сохта буданд. Дар он ҳангом мақомоти вилояти Хатлон гуфта буданд ба норасоии ваксина ру ба рӯ шуда буданд. Сокинони ноҳияи Ёвон ҳоло ҳам аз ҳамлаи шағолон ба русто ва манзилҳоияшон шикоят мекунанд.

Сокинони ноҳияи Шӯрообод, ки минтақаи куҳистонӣ аст аз ҳамлаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ба чорвои худ зиёд шикоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG