Пайвандҳои дастрасӣ

Ду шоҳид аз иттиҳоми зидди Шӯҳрат Қудратов даст кашиданд


Дар ҷаласаи навбатии Додгоҳи шаҳри Душанбе ду шоҳид аз иттиҳоми худ зидди вакили ҳуқуқӣ Шӯҳрат Қудратов даст кашиданд.

Бародарон Охуновҳо, ки ҳамчун шоҳид дар мурофиаи ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ширкат карданд, гуфтанд, аз талаби 7000 доллар сармояе, ки ба ин вакил ҳангоми иҷрои вазифаҳояш ҳамчун намояндаи ҳуқуқии ширкати "Мовароуннаҳр" додаанд, гузаштаанд.

Ин нуктаро дар мурофиа Тӯрабек Охунов, ки баъд аз барканорӣ ва маҳкумияти бародараш Ҷӯрабек раёсати ширкати "Мовароуннаҳр"-ро ба зимма дорад, аз номи худ ва бародараш баён дошт.

Баъд аз суханронияш дар мурофиа рӯзи 24-уми декабр Тӯрабек Охунов ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бародараш Ҷӯрабек Охунов ҳамчун шоҳид дар мурофиа ҳузур дорад, вале худи ӯ дар додгоҳ суханронӣ карда, аз баҳри 7 ҳазор доллар гузаштааст.

“Ман дар ҳузури ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар назди падару модари Шӯҳрат ва судкунандаҳо гуфтам, ки ҳеҷ даъво дар нисбати вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов надорам ва он маблағи 7 ҳазор долларро бахшидам,” -- афзуд Тӯрабек Охунов.

Ҷӯрабек Охунов раиси собиқ ва маҳкумшудаи ширкати бинокории “Мовароуннаҳр” низ дар мурофиа аз даъвояш зидди Шӯҳрат Қудратов даст кашид ва таъкид кардааст,ки омодааст, ин мавзеъгирияшро ба таври хаттӣ ба додгоҳ пешниҳод кунад.

Қабл аз онҳо Амиралӣ Суламаев, ки дар гузашта Шӯҳрат Қуджратов аз ҳуқуқҳоио вай ҳимоя мекард, низ ҳамчун шоҳид суханронӣ намуда, зикр кардааст, ки ҳар далеле ки дар бораи амали вакили мудофеъ гуфтааст, мӯътамад аст, зеро суҳбатҳояш бо Шӯҳрат Қудратовро дар диктофони шахсии худаш сабт мекардааст.

Дар муҳокимаи қаблӣ, рӯзи 17-уми декабр, бародарон Охуновҳо ҳузур надоштанд, вале айбдоркунандаи давлатӣ аз номи онҳо гуфт, ки бар пояи аризаи Охуновҳо, Қудратов зимни созишномае бо Ҷӯрабек Охунов аз ӯ 500 доллари амрикоӣ моҳона мегирифт, аммо тирамоҳи соли 2012 аз Охуновҳо 10000 доллар талаб карда, 8000 гирифтааст. Вале дертар 1000 долларро баргардонида, 7000-и боқимондаро ба манфиати худ истифода кардааст. Ин додугирифт баъд аз он иттифоқ афтодааст, ки зидди раиси ширкати “Мовароуннаҳр” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қарор буд, Шӯҳрат Қудратов аз ҳуқуқҳои ӯ дифоъ кунад.

Акнун, дар ҳоле ки Охуновҳо аз даъвои худ даст кашиданд, эҳтимол меравад яке аз айбномаҳои зидди Қудратов аз рӯи банди 247-и Кодекси ҷиноӣ -- қаллобӣ бекор карда шавад.

Иттиҳоми дигар, ки порадиҳӣ буд, ки аз рӯйи банди 320-и қонуни ҷазо баррасӣ мешавад. Дар робита ба ин иттиҳом дар нимаи дувуми рӯзи 17-уми декабр баёноти панҷ шоҳид шунида шуд. Чаҳор нафари онҳо бо ҳимоят аз Шӯҳрат Қудратов сӯҳбат карданд. Вакили дифои Қудратов -- Раҳматулло Зойиров мегӯяд, ин иттиҳом низ сохта ва сунъӣ буда, тасдиқи худро нахоҳад ёфт.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора ва қасди расондани он ба додрас дастгир шуд. Вакили дифои шинохта дар гузашта дар парвандаҳои пурсарусадои Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ ҳимоят кардааст. Ӯ ҳамчунин узви раёсати Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон аст ва пайваста амалкардҳои ҳукуматро танқид мекард. Аз ин рӯ тарафдоронаш мегӯянд, ки боздошти Шӯҳрат Қудратов ангезаҳои сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз ҳамин роҳ мехоҳанд, ба истилоҳ ба даҳони ӯ мӯҳри хомӯшӣ бизананд.

Шӯҳрат Қудратов бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешавад ва дар сурати собит шудани ин айбнома ба ӯ 10 соли ҳабс таҳдид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG