Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимистон дар мекӯбад. Дар шаҳр - ба умеди барқ, дар деҳа - таппак


Ҳарчанд то омадани зимистон беш аз як моҳи дигар боқӣ мондааст, аммо ҳаво аз ҳоло бӯи сармо медиҳад.​ Хабарнигори мо омодагии сокинони ду минтақаи кишварро ба зимистон ба тасвир гирифтааст.

Малика Урунова, сокини пойтахти Тоҷикистон, барои гармшавӣ бо набераҳояш дар гирди бухории барқӣ ҷамъ мешаванд. Хонаводаи Урунова ба зимистон омодагии зиёд намебинанд, зеро манбаи гармидиҳӣ дар хонаи онҳо танҳо нерӯи барқ аст. Пойтахти Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти барқ надорад ва бошандагонаш зимистонро нисбат ба мардуми дуртар аз шаҳр ба осонӣ сипарӣ мекунанд.

Малика Урунова ҳамроҳи 5 фарзанд ва 10 наберааш дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт зиндагӣ мекунад. Ӯ ду ҳуҷраи хонаашро бо фарши барқӣ ва таҷҳизоти дигари гармидиҳанда муҷаҳҳаз кардааст. Ғизои хонавода низ бо асбоби барқӣ омода мешавад ва ин харҷи пули барқро боло мебарад. Урунова мегӯяд, агар дар тобистон аз 80 то 100 сомонӣ дар як моҳ пули барқро месупориданд, дар зимистон ин рақам ба 200 - 300 сомонӣ баробар мешавад. Аммо хушҳолии мусоҳиби мо аз он аст, ки "бе зиён ва бе дудҳои ғализу нафасгир аст зимистонро паси сар мекунем."

Муқоисаи зиндагии сокинони ду минтақаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00

Аксари хонаводаҳои пойтахти Тоҷикистон солҳои ахир зимистонро ба мисли хонаводаи Урунова сипарӣ мекунанд. Бошандагони биноҳои бисёрошёна низ аз барқ истифода мекунанд, зеро гармидиҳии марказӣ дар шаҳр қисман вуҷуд дорад. Ин вазъ то андозае бозори бухорифурӯшонро сард кардааст ва савдогарон мегӯянд, ки ҳоло маҳсулоти онҳоро асосан мардуми деҳот харидорӣ мекунанд.

Баръакси шаҳрнишинҳо мардуми деҳот зимистонро бо шеваи қадимӣ мегузаронанд ва аз тобистон ба ҷамъоварии таппаку ҳезум оғоз мекунанд. Таъмини мардум бо барқ дар деҳот дар муқоиса бо шаҳр кам буда онҳо дар як шабонарӯз танҳо чанд соат барқ мегиранду бас. Чанде пеш ширкати "Барқи тоҷик" аз ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти нерӯи барқ дар манотиқи кишвар хабар дод ва мардуми деҳот бухориҳои бобоиро дубора аз анбор ба хонаҳо оварданд.

Оқил Раҷабов, сокини деҳаи Путхини ноҳияи Айнии минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, дар дурии 200 километр аз маркази кишвар зиндагӣ мекунад. Фарзандони Раҷабов дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва масъулияти омодагӣ ба зимистон бар дӯши худи ӯст. Ӯ ҳар сол барои зимистонгузаронӣ таппак ва ҳезум ҷамъоварӣ мекунад ва каме ангишт низ мехарад.

200 хонаводаи дигар дар деҳаи Путхин, ки зимистонаш барвақт оғоз мешавад ва дертар ба поён мерасад, ба мисли Оқил Раҷабов ғами зимистонро дар тобистон мехӯранд Онҳо мегӯянд, ки аз дуди ғализи ангишту ҳезуму таппак хаста шудаанд, аммо илоҷи дигар надоранд.

Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ҳудудан ба 2,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ эҳтиёҷ дорад. Аммо бинобар коҳиши об дар обанборҳо дар фасли сармо ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҳукумат ҳамасола аз моҳи октябр лимити истифодаи барқро ҷорӣ мекунад. Илоҷи раҳоӣ аз бӯҳрони нерӯи барқро ҳукумат дар сохтани нерӯгоҳи Роғун мебинад. Аммо ин тарҳ бинобар мухолифати ҳамсоякишвари поёноб - Узбакистон ба кундӣ пеш меравад. Душанбе барои анҷоми ин иншооти бузург ба 2 миллиард доллар сармоя ниёз дорад. То ҳол ҳеч сармоягузоре барои пул додан ба ин тарҳ изҳори омодагӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG