Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 9-ум ва 10-уми март дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми Вастан баргузор шуд.

Ин мусобиқа бо ширкати гуштигирони синнашон 15-17 сола аз Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон ва Украина дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон барпо гардид.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, Акико Сато, иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон, ба паҳлавонони наврас комёбиҳо орзу карданд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа дзюдочиёни машҳур, барандагони ҷоизаҳои олимпӣ ва мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Тамерлан Тменов аз Русия, Роман Гонтюк аз Украина ва Расул Боқиев аз Тоҷикистон ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ширкат доштанд. Нуралӣ Шарифов ба меҳмонони фахрии мусобиқа тӯҳфаҳои Клуби варзишии Вастан - либоси миллии тоҷикӣ, ҷомаву тоқӣ пӯшонд.

Тамерлан Тменов, барандаи медалҳои нуқраву биринҷии Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони 7-каратаи Аврупо ва ҷоизадори мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, аз пазироии хуши мизбонон изҳори сипос намуда, ба варзишгарони наврас барои фатҳи қуллаҳои баланди варзиш барори кор ва муваффақият хост.

Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, бо шогирдони Клуби варзишии Вастан ба тамошогарон усулҳои дзюдоро намоиш доданд.

Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ

Дар нишасти матбуотӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, Тамерлан Тменов ва Расул Боқиев, меҳмонони фахрии мусобиқа, Маҳмуд Абдуллоев, сардовари мусобиқа ва Аҳтам Раҷабов, яке аз поягузорони дзюдо дар Тоҷикистон, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Маликшо Неъматов ба хабарнигорон гуфт, “дар оянда талош меварзем, ки ин мусобиқаро ба мусобиқаи байналмилалӣ табдил дода, шумораи иштирокчиёнро бештар намоем.”

Нуралӣ Шарифов иброз дошт, ки “мақсади мо аз гузаронидани ин мусобиқа кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш аст, ки дар оянда дар арсаи ҷаҳон номбардори миллату Тоҷикистон шаванд.”

Нурулло Лоиқов дар ин нишаст иттилоъ дод, ки “6-уми апрел дар Душанбе мусобиқаи кушода дар риштаи дзюдо барои ҷоизаҳои ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор мешавад. Ин мусобиқа дар вазни мутлақ барпо мегардад ва барои ширкат дар он, ҳамчунин, гуштигирони кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 50 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор доллар муқаррар шудааст: барои ҷойи аввал – 5 ҳазор доллар, барои ҷойи дувум — 2 ҳазор ва барои ҷойҳои севум – 1,5 ҳазор долларӣ.“

Расул Боқиев ба хабарнигорон гуфт, “айни ҳол дар шаҳри Маскав дар мактаби “Самбо-70” таҳти раҳбарии мураббӣ Павел Фунтиков тамрин мекунам ва ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 81 килограмм омодагӣ мебинам.”




Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ҷоизаи таъсисдодаи сафоратро “Барои ирода баҳри ғалаба” ба паҳлавони тоҷик Зоир Шоҳидов, ғолиби вазни то 55 килограмм, супурд.

Мусобиқа аз рӯи 9 вазн баргузор шуд. Дар ҳисоби дастаӣ варзишгарони Тоҷикистон бо 7 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ мақоми аввалро касб карда, соҳиби мукофоти аслӣ – Ҷоми Вастан шуданд. Дастаи Украина бо 2 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дувум шуд. Мунтахаби Русия бо як медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифт.

Ғолибон ва барандагони ҷойҳои дувуму севум бо медалу дипломҳо, либоси варзишии “кимоно”ва ҷоизаҳои молӣ мукофотонида шуданд. Ҳамчунин мураббиёни паҳлавонони ғолиб бо медалу диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз гаштанд.



Ғолибони мусобиқаи кушодаи Ҷоми Вастан:

Вазни то 46 кг

1. Саттор Бердов (Тоҷикистон).
2. Имоммаҳдӣ Охунов (Тоҷикистон).
3. Муҳаммадҷон Меликов (Тоҷикистон).
3. Иван Компаниченко (Украина).


Вазни то 50 кг

1. Артём Лесюк (Украина).
2. Торник Наглиашвили (Гурҷистон).
3. Нуроншо Бадомаев (Тоҷикистон).
3. Акбархон Тиллобоев (Узбакистон).


Вазни то 55 кг

1. Зоир Шоҳидов (Тоҷикистон).
2. Амриддин Ҷумъазода (Тоҷикистон).
3. Муҳаммадғолиб Мирзоев (Тоҷикистон).
3. Бузургмеҳр Иронов (Тоҷикистон).


Вазни то 60 кг

1. Азим Мамедов (Украина).
2. Муслим Музофиров (Тоҷикистон).
3. Наим Эшонов (Тоҷикистон).
3. Далер Қурбонҷонов (Тоҷикистон).


Вазни то 66 кг

1. Сайриддин Давлатов (Тоҷикистон).
2. Валентин Кузнетсов (Русия).
3. Дилшод Хаёлов (Тоҷикистон).
3. Данил Хитров (Украина).


Вазни то 73 кг

1. Баҳман Зиёвиддинов (Тоҷикистон).
2. Артём Плиев (Украина).
3. Ян Зеновкин (Русия).
3. Фирдавс Насимов (Тоҷикистон).


Вазни то 81 кг

1. Фаррухи Салим (Тоҷикистон).
2. Шаҳриёр Ташрифов (Тоҷикистон).
3. Артём Хачатурян (Русия).
3. Лесо Квирикашвили (Гурҷистон).


Вазни то 90 кг

1.Темур Раҳимов (Тоҷикистон).
2. Азамат Бектурсунов (Қирғизистон).
3. Юрий Асмолов (Украина).
3. Богдан Шветс (Русия).


Вазни +90 кг

1. Ардашер Мирзоев (Тоҷикистон).
2. Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон).
3. Мақсуд Ғиёсов (Тоҷикистон).
3. Сергей Фител (Украина).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG