Пайвандҳои дастрасӣ

Бодаҳо холист, холӣ... Вазъи хароби корхонаҳои шаробкашӣ (ВИДЕО)


Ҳоло аз даҳҳо корхонаи шаробкашии замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо 4 корхонааш фаъол боқӣ мондааст, вале ҳатто маҳсулоти ин 4 корхона ҳам харидори чандоне надорад.

Дар зарфҳои бузурги танҳо корхонаи шаробкашии Шаҳринав дар тақрибан 40-километрии ғарби Душанбе ва ҳамагӣ 20-километрии марз бо Узбакистон бештар аз 400 ҳазор декалитр ё 4000 тонна шароби талху ноби ангурӣ маҳфуз аст, ки тақрибан харидор надорад. Дар гузашта шаробҳои корхонаи шаробкашии Шаҳринав, ки аслан барои содирот ба кишварҳои дигари Шӯравии собиқ тавлид мешуд ва як бахши сердаромад ба шумор мерафт, феълан ҳатто дар бозори дохилӣ рақобат карда наметавонад.

Масъулини корхона мегӯянд, иллати харидор надоштани шароби корхона дар дохилу хориҷи кишвар ба сифати шароб вобастагӣ надорад, балки марбут ба пойин будани имиҷи бренди маҳсулоти Тоҷикистон ва ҳам монеаҳо дар роҳи содироти шароб ба хориҷи кишвар аст:

Корхонаи шаробкашии Шаҳринав ҳудуди 400 гектар токзори ангур дорад, ки каме бештар аз 200 гектараш махсуси навъҳои ангури хос барои таҳияи шароб аст. Вале бо иллати он ки талабот ба шаробҳои ин корхона ба маротиб пойин рафтааст, ҳоло ба ҷои боғҳои ангури шаробӣ ангури маъмулӣ парвариш мекунанд. Ба гуфтаи масъулони корхона, токзори ангурҳои шаробӣ бо сабаби коҳиши даромади корхона коркарди зарурӣ намешавад.

Мутахассисони бахши кишоварзии ноҳияи Шаҳринав мегӯянд, ҳарчанд дар миёнаи солҳои 80, дар замони ба истилоҳи русӣ, “сухой закон”-и раҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Горбачёв садҳо гектар ангурбоғҳои шаробиро бо гузоришҳои сохтакорона аз нобудкунӣ ҳифз карданд, аммо феълан мушкили равобити корхонаҳо бо хориҷ ва надоштани харидори кофӣ дар дохил хоҷагиҳои ангурпарвариро водор мекунад, ки худ аз парвариши навъҳои ангури шаробӣ ба оҳистагӣ даст бардоранд.

Айни видео дар Ютюб:

Феълан дар Тоҷикистон танҳо 4 корхонаи тавлиди шароб фаъол аст, аммо маҳсулоти ин корхонаҳо низ дар дохил аз ҷумла ба далели зиёд шудани мазҳабишавии ҷомиа ва худдории шумори афзояндаи мардум аз истеъмоли машрубот талаботи зиёд надоранд ва ба хориҷ аз кишвар ҳам содир кардани шаробҳои сохти Тоҷикистон кори осон нест. Аз ҷумла ба далели мушкилоте ки Узбакистон дар роҳи убури машруботи тоҷикӣ эҷод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар замони Шӯравӣ тақрибан дар ҳар ноҳияи ҷумҳурӣ як корхонаи шаробкашӣ фаъолият мекард ва як бахши аслии маҳсулоти он корхонаҳо ба берун аз Тоҷикистон содир мешуд. Вале ҳоло аз ин корхонаҳои як замон маъруфи шаробкашӣ танҳо рамзу нигораҳои сохти он даврон боқӣ мондааст...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG