Пайвандҳои дастрасӣ

Боду боришоти шадиди шаби 3 ба 4 ноябр ба бархе сокинони вилояти Суғд зиёни молӣ расонидааст. Аз ҷумла, бар асари тӯфони шадид боми се манзил дар деҳаи Ғвинди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва боми мактаби деҳаи Зароби ноҳияи Деваштич хароб шудааст.

Анварҷон Қосимов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд субҳи 4 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, боду борони шадид дарахтонро ба хатҳои интиқоли барқ ҳам осеб расонидааст. Боди шадид дар вилояти Суғд шоми 3 ноябр ба вазидан шурӯъ кард ва гоҳ-гоҳ боришот ҳам ба дунбол дошт. Бар асари сӯхтани ноқилҳои трансформаторҳову хати барқ сокинони бархе маҳаллаҳои Хуҷанд чанд соат дар хонаҳои худ барқ надоштанд. Субҳи 4 -ми ноябр дар Хуҷанд ва атрофи он ҳаво ором ва абрӣ буд.

Дар манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, ки ҳамчунин шоҳиди бодҳои шадиде будааст, вазъ оддӣ ба назар мерасад.

Тундбод дар Мурғоб

Рӯзи панҷшанбе ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисли чандин минтақаи дигари Тоҷикистону Афғонистон бо тундбод ва хокбориши шадид мувоҷеҳ шуд.

"Тундбоду хокбориш то 4 ноябр идома мекунад"

Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар рӯзи 3 ноябр тундбоду хокбориши шадиде ба вуқӯъ пайваст ва аз омадани сардӣ хабар дод. Ҷамила Байдуллоева, мудири Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳолат то 4 ноябр идома хоҳад кард.

Ӯ гуфт, сабаби аслии хокбориш ворид шудани сардие будааст, ки аз тарафи Русия ва Урал омада, минтақаи ҷанубу навоҳии тобеи пойтахти Тоҷикистон ва шимоли Афғонистонро фаро гирифтааст.

"Ҳаракати шамол то 15-20 метр дар сония ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо то 27 метр ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа чангу ғубори зиёдро овард. Чунин вазъият то пагоҳ боқӣ хоҳад монд. Боридани борон чангу ғуборро хоҳад шуд. Нимаи дувуми рӯз ҳавои тағйирёбанда дар кишвар дар назар гирифта шудааст", - афзуд Ҷамила Байдуллоева.

Хоку хазон натиҷаи тундбоди сахт дар Душанбе ва Хатлон:

Абдурашид, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хокбориш хеле нафасгиркунанда буд ва аз худ чангу ғубор ва баргу хазони зиёде боқӣ гузошт. Мусоҳиби мо афзуд, "калонҳои хонавода гуфтанд, ки чунин хокбориш чанд соли охир боз набудааст."

Дар чанд вилояти Афғонистон низ тӯфони шадид идома дорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар вилояти Балх, Кундуз ва Ҷузҷон гуфтанд, ки ба асари тӯфон барқ қатъ шуда ва мардум дари дӯконҳояшонро бастаанд. Ҳарчанд дар бораи чанд садамаи нақлиётӣ дар роҳҳо дар пайи ин тӯфон гузоришҳо расидааст, вале то ҳол дар бораи талафоту хисорот маълумот дода нашудааст.

Тӯфони шадид дар шаҳри Пули Хумрии Афғонистон:

XS
SM
MD
LG