Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили соли нав дар Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ муҳимтарин ва барои бисёриҳо маҳбубтарин ид ба шумор мерафт, ҳанӯз побарҷост, аммо то ҷое камранг шудааст.

Мардум дар Тоҷикистон ҳанӯз аз Соли нав, ки дар замони Шӯравӣ барои бисёриҳо маҳбубтарин ид ба шумор мерафт, таҷлил мекунанд, аммо то ҷое шукӯҳу шаҳомати худро аз даст додааст. Афзоиши мизони мазҳабишавии ҷомеа шумори мухолифони таҷлили Соли навро зиёд кардааст.

Ҷомеашиноси тоҷик Нозим Нурзода мегӯяд, ки "аз охири солҳои 2009 ба баъд сару садо боло гирифт, ки аз назари мазҳабӣ ба мо иртибот надорад ва мардум камтар ин идро ҷашн мегиранд."

Оилаи Сафаровхо яке аз ин мисолҳост, ки ахиран аз таҷлили Соли нав ба далели мухолифати мазҳабӣ даст кашидаанд. Рӯзҳои ин модар маъмулан бо китобхонӣ ба фарзандон сипарӣ мешавад ва ҷашни Соли нав барои онҳо ноаён, мисли рӯзҳои маъмулӣ мегузарад.

Ҳафиза Сафарова, модари ин хонадон мегӯяд, ки "мардум мегӯянд, ки Соли нави мелодӣ иди мо нест ва иди мардуми Ғарб аст. Аввалҳо мо арчаро оро медодем, Соли навро ҷашн мегирифтем, аммо вақте бисёриҳо гуфтанд, ки ин ба мардуми тоҷик хос нест, мо низ дигар қайд намекунем."

Дар ҳамин ҳол ҷомеашиносон муътақиданд, ки бо таваҷҷуҳ ба мизони боло рафтани ҳар гуна ақидаҳо, таҷлил аз Соли нави мелодӣ шукӯҳу шаҳомати худро гум накардааст. Рустам Ҳайдаров, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд,ки "ба фикри ман иде, ки барои мардум хурсандӣ меоварад, ҷашнгириаш низ ҳеҷ зараре надорад. Ҷашнгирии Соли навро дар бисёр оилаҳои тоҷик интизор ҳам ҳастанд ва қайд низ мекунанд".

Мавҷуда Ҳасанова бо ҳамроҳии наберагонаш аз ҳоло ба ороиши арчаи солинавӣ шуруъ кардааст. Вай таҷлили соли нави мелодиро баҳонаи хубе барои сари як дастархон ҷамъ овардани пайвандонаш медонад, ки бо амри зиндагӣ ба ҳар куҷо парешонанд: "Соли навро асосан набераҳоям мунтазир мешаванд. Мо дар он шаб дастархон меороем, то саҳар телевизор тамошо мекунем, мусиқӣ мемонем, бо кӯдакон рақсу бозӣ мекунем.То соли дигарро хеле вақтамон хуш мешавад".

Дар Тоҷикистон тақрибан дар арафаи ҳар иди Соли нав баҳси ин масъала бармехезад, ки оё таҷлили ин ид аз сӯи мусалмонон то куҷо ҷоиз аст.

Фарҳангшиносон дар ин замина мегӯянд, соли нави мелодӣ ҷашни миллии тоҷикон аст. Аммо ба эътиқоди ҷомеашиноси тоҷик Нозим Нурзод, "соли нави мелодӣ бозмегардад ба решаҳо ва бунмояҳое, ки дар оин ва фарҳанги пеш аз зардуштии мо ривоҷ доштанд. Ҳамон оини меҳрпарастӣ, ки ба гуфтаи фарҳангшиносон, таваллуди меҳр, ки маънои дӯстиву паймон ва рушноиву шукуҳ дорад, рӯзи 30-юми декабр будааст".

Сафи мухолифони Соли нав аз ҳисоби онҳое ҳам меафзояд, ки мегӯянд, Соли нави тоҷикону форсизабонҳо Наврӯз аст, на 1-уми январ. Латофат Мухторова, як сокини пойтахт мегӯяд, ки "Соли нави мо тоҷикон асосан Наврӯз аст. Ҳар сол рӯзи 21-уми март рӯзи Наврӯзро пешвоз мегиранд. Аз он ҷумла мо ҳам ҳамроҳи наберагон ин идро ҷашн мегирем. Соли нави мелодиро мо замони шӯравӣ қайд мекардем, аммо чанд муддат мешавад, ки онро ҷашн намегирем".

Бо ин вуҷуд, Соли нави милоди барои бахши бузурги мардуми тоҷик ҳамчун иди бузург боқӣ мемонад ва дар кӯчаву майдонҳои пойтахти Тоҷикистон ҳам аз ҳоло даҳҳо арчаҳои ослинавӣ қомат афрохтаанд ва мардумро аз соли нав мужда медиҳанд.

Иди Соли нави мелодӣ, ки пас аз вуруди русҳо ба минтақа дар қарни гузашта ҷорӣ шуд, дар тӯли ҳафтод соли пойбарҷоии Шӯравӣ ба як ҷашни ҳамагонӣ табдил ёфт. То ҳол дар шаби Соли нав, аксар сокинони Тоҷикистон дар хонаҳои худ арчаи солинавӣ оро медиҳанд, дастурхони пурнозу неъмат густурда ва хурсандӣ мекунанд. Бархе аз хонаводаҳо ҳамроҳ бо қаҳрамонҳои ин ид - Бобои Барфӣ ва Барфак ин идро таҷлил мекунанд, ки рамзи муҳими Соли нав маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG