Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Афғонистон барқи иловагӣ медиҳад?


“Барқи тоҷик” мегӯяд, ба ҳеч ваҷҳ имкони афзоиши ҳаҷми интиқоли неруи барқ ба Афғонистонро надорад.

Рустам Раҳматзода, раиси “Барқи тоҷик”, ба “Озодӣ” гуфт, Тоҷикистон худ ба барқи иловагӣ ниёз дорад, то талаботи дохилиро қонеъ кунад: “Имкониятҳоямон, ки пайдо шуданд, албатта, медиҳем. Ин кишвари ҳамсоя аст, мушкилоти зиёди иқтисодӣ дорад ва мо бояд ҳамкорӣ кунем. Аммо мушкили таъмини мардуми худамон бо барқ аз касе пӯшида нест, ки бояд ҳал кунем. Ҳоло кӯшиши мо дар самти Афғонистон ин аст, ки интиқоли як миқдори муайяни барқро тариқи хатҳои барқ ба он кишвар таъмин кунем, то симҳоро дуздида набаранд.”

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Остона
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Остона

Дирӯз, 18 декабр, Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, зимни як нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, аз сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳангоми мулоқот дар ҳошияи нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона ваъда гирифтааст, ки Тоҷикистон интиқоли барқ ба Афғонистонро афзоиш хоҳад ёфт: “Он кас дар зимистоне, ки пеши рӯ дорем, 70 ило 80 МВт барқи изофиро ба Афғонистон ваъда супурданд, ки кораш ҳам оғоз шуда, аммо аз идомааш дар фасли зимистон супурданд.”

Афғонистон дар ҳоли ҳозир умдатарин харидори хориҷии барқи Тоҷикистон ба шумор меравад. Харидори дуввум Қирғизистон аст, ки бино ба қарордоди миёни кишварҳо аз 1 апрел то 1 октябр рӯзона 1,5 миллион киловатт, ё 150 ҳазор МВт барқ мегирад.

Барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тариқи хатти дузанҷираи 220 - киловолтаи Сангтӯда – Пули Хумрӣ, ки бо сармоягузории Бонки Осиёии Рушд байни солҳои 2008 - 2010 сохта шуд, ба Қундуз, Пули Хумрӣ, Кобул ва атрофи он интиқол меёбад. Аммо сими алюминийи 400, ки метавонад 600 МВт - ро интиқол диҳад, тибқи иттилои вазорати энерживу захираҳои оби Тоҷикистон, дар фасли тобистон танҳо 230 – 240 МВт содир мекунад.

Усмоналӣ Усмонов
Усмоналӣ Усмонов

Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар мавсими тобистон имкони интиқоли боз 300 МВт вуҷуд дорад, аммо дар Афғонистон ҳанӯз системаи ягонаи барқ вуҷуд надорад ва яке аз умедвориҳо ин аст, ки то ду соли дигар хатти барқи 220 - киловолта аз Кобул ба Қандаҳор бо маблағи Бонки Осиёии Рушд сохта шавад, то барои боз 100 мегаватти дигар содир шавад. Ва ба қавли вазир, тобистони соли равон рӯзона ҳудуди 5 миллион кВТ ба Афғонистон бо нархи 3,7 сент Тоҷикистон барқ дод.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла “Барқи тоҷик”, рақами мушаххаси барқи содиротӣ ба Афғонистонро намегӯянд. Аммо Муҳаммаддовуди Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, чор моҳ пеш як ҳайат аз Кобул ба Душанбе омада, созишномаҳои нав дар мавриди интиқоли барқ дар фасли зимистонро ба имзо расонд. Вай гуфт, қимати барқ низ тағйири андак хӯрд, аммо дар масъалаи содирот ончӣ ҷониби Афғонистон мехост, бароварда нашуд: “20 ё 25 рӯз пештар шикоятҳое аз Кобул омаданду мо бо масъулини “Барқи тоҷик” суҳбат кардем. Онҳо гуфтанд, ки ҳадди ақал мекӯшем интиқоли барқро ба 100 МВт расонем, аммо феълан дар ҳудуди 50 – 60 МВт метавонем барқ диҳем ва аз ин зиёд карда наметавонем, барқи Тоҷикистон барқи мавсимист ва мо худ эҳтиёҷи зиёд дорем. Инро мо дарк мекунем ва умедворем, ки сол ба сол дар мо ҳам низоми барқдиҳӣ густариш ёбаду нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ҳам сохта шаванд.”

Суҳбатҳо дар бораи афзоиши интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳоле садо медиҳанд, ки расман аз 1 октябри соли равон дар Тоҷикистон, дар бархе навоҳӣ ҳатто пештар аз он, ба истиснои шаҳрҳо маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Бино ба шаҳодати сокинон, имрӯзҳо дар бархе навоҳӣ дар як шабонарӯз то 1 соат барқ мегиранд ва иддае дигар ҳам то як ҳафтаву бештар аз он умуман барқро намедидаанд.

Оё дар чунин шароит содироти барқ то куҷор мантиқист, бахусус, ин, ки гоҳ – гоҳ “Барқи тоҷик” барои фурӯхтани барқ ба Афғонистон, вақте худи кишвар эҳтиёҷманд аст, муттаҳам мешавад?

Масъулон мегӯянд, қатъи интиқоли барқ ба Афғонистон, ки дарвозаи Осиёи Ҷанубӣ аст, иштибоҳи стратегӣ мебуд, зеро барои ин бозор ба истиснои Тоҷикистон се кишвари дигар – Ӯзбакистон, Туркманистон ва Эрон мубориза мебаранд.

Бино ба иттилои вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли равон саҳми Туркманистону Ӯзбакистон дар содироти барқ ба Афғонистон тақрибан 10% - и саҳми Тоҷикистонро ташкил мекард.

XS
SM
MD
LG