Пайвандҳои дастрасӣ

Озода Раҳмон вакили Маҷлиси Миллӣ мешавад?


Озода Раҳмон

Озода Раҳмон

Маҷлиси вакилони Душанбе рӯзи 14 апрел номзадаш ба вакилии Маҷлиси Миллӣ аз ҳавзаи чоруми пойтахтро пешбарӣ мекунад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи пойтахт рӯзи 14 апрел даъват мешавад. Бино ба қарори раиси пойтахт, ки рӯзи 30 март имзо ва рӯзи 31 март дар сомонаи расмии шаҳрдорӣ нашр шудааст, дар иҷлосияи маҷлиси Душанбе масоиле, чун табдили номи кӯчаву маҳаллаҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ шудани ваколати як вакил ва ташкили кумиссиюни шаҳрии интихобот баррасӣ мешаванд.

Аммо як мавзӯи асосӣ “ дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4» мебошад. Дар қарори Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ гуфта шудааст, ки муҳокимаи масъалаи якуми рӯзнома бо «иштироки танҳо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе» доир гардида, намояндагони «аҳли ҷамоатчигӣ» ва корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» танҳо дар баррасии мавзӯъҳои баъдии рӯзнома ширкат хоҳанд кард.

Интихоботи вакили Маҷлиси Миллӣ аз ҳавзаи рақами чоруми Душанбе рӯзи 29 май дар иҷлосияи муштараки вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва маҷлисҳои 4 ноҳияи пойтахт доир мешавад.

Бахтиёр Худоёрзода

Бахтиёр Худоёрзода

Аз ҳавзаи чоруми пойтахт дар Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода – раҳбари собиқи дастгоҳи президент намояндагӣ мекард. Худоёрзода дар поёни моҳи январ раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд ва дигар ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллиро надорад.

Дар шаҳрдории Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси миллӣ озод аст ва вакилон метавонанд ҳар нафари дилхоҳро пешбарӣ кунанд.

Қаблан як манбаи хабаргузории "Азия Плюс" дар Кумиссиюни марказии интихобот гуфт, ки аз ин ҳавза ба эҳтимоли ғолиб Озода Раҳмон – раиси кунунии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва духтари президент Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шавад. Ин пешбинии манбаи "Азия Плюс" мабнӣ бар ин далел буд, ки дар гузашта се раҳбари қаблии дастгоҳи президент - Амиршо Миралиев, Матлубхон Давлатзода ва Бахтиёр Худоёрзода маҳз аз пойтахт сенатор интихоб шуда, дар Маҷлиси Миллӣ раҳбарии кумитаҳои мухталифи маҷлиси болоии парлумонро бар ӯҳда доштанд.

Аммо дар шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки ҳаққи пешбарии номзадҳоро танҳо вакилони маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳои пойтахт доранд. Як мақоми шаҳрдории Душанбе рӯзи 1 апрел ба Озодӣ гуфт, «аввал маҷлисҳои шаҳру ҳар ноҳияи Душанбе номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд ва сипас дар иҷлосияи муштарак аз байни ин номзадҳо вакили нави Маҷлиси миллӣ интихоб мешавад.» Аммо ин ҳамсӯҳбати Озодӣ эҳтимоли пешбарӣ шудани номзадии Озода Раҳмонро низ истисно накард ва гуфт, раҳбари дастгоҳи президент низ «ба мисли ҳар шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳаққи пешбарӣ шудан ба вакилиро дорад.»

Озода Раҳмон моҳи январ ҳамроҳ бо волидонаш Ҳаҷҷи умра кард.

Озода Раҳмон моҳи январ ҳамроҳ бо волидонаш Ҳаҷҷи умра кард.

Озода Раҳмон 38 сол ва 5 фарзанд дорад. Номзади илмҳои ҳуқуқ буда, солҳои 2005-2007 кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 раҳбари раёсати консулии вазорати хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа ва аз 15 майи соли 2014 муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон буд. Рӯзи 27 январи соли 2016 Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи президент таъин шуд.

Вакилони Маҷлиси миллӣ ба фарқ аз Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – ба таври мустақим интихоб намешаванд. 25 вакил аз 33 вакили Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои муштараки маҷлисҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии онҳо, шаҳри Душанбе бо навоҳиаш ва дар иҷлоси муштараки маҷлисҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ (водиҳои Ҳисору Рашт) интихоб карда мешаванд. 8 узви дигари Маҷлиси Миллиро раисиҷумҳур таъин мекунад. Қаҳҳор Маҳкамов ба унвони раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон низ узви умрбоди Маҷлиси Миллист.

Маҷлиси Миллӣ қарору қонунҳои аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвибшударо тасдиқ мекунад ва ҳамчунин салоҳияти таъину барканории раҳбарону додрасҳои Додгоҳи Қонуни Асосӣ, Додгоҳ олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодиро дошта, таъин ва барканории додситони кулл ва муовинони ӯ низ бо ризоияти палатаи болоии парлумони Тоҷикистон сурат мегирад.

Аз замони таъсисаш дар соли 2000 раисии Маҷлиси Миллиро шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG