Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди оташбаси Ҳалаб аз сӯи Сурия ва Русия


Башор Асад
Башор Асад

Раҳбарони Русия ва Сурия пешниҳоди кишварҳои Ғарб ва шӯришгарон бораи эълони оташбас дар Ҳалабро рад карданд. Президент Башор Асад гуфтааст, барои ишғоли пурраи Ҳалаб, ки шарқи он тайи чанд соли охир дар дасти шӯришгарон аст, чанд қадам мондааст.

Ба ҳисоби нозирон, шӯришгарон аз миёнаҳои моҳи гузашта инҷониб 80 дар сади мавзеъҳои худро дар Ҳалаб бо шумули қисмати таърихии шаҳр аз даст додаанд. Ишғоли пурраи Ҳалаб, сераҳолитарин шаҳри Сурия дар давраи то оғози ҷанги шаҳрвандиро метавон бузургтарин комёбии режими Башор Асад тайи 5 соли даргириҳои дохилии ин кишвар шумурд.

"Ҳалаб ҷараёни амалиёти низомиро дар саросари Сурия комилан тағйир хоҳад дод. Албатта, ин ба маънои поёни ҷанги шаҳрвандӣ нест, вале барои расидан ба он қадами бузурге хоҳад буд", - гуфтааст Асад дар суҳбат бо нашрияи суриёнии "ал-Ватан".

Вай афзудааст, ки имкони оташбас дар ҳоли ҳозир ба сифр баробар аст. "Ба оташбас бештар амрикоиҳо исрор доранд, чун террористҳо -- ҷосусони онҳо дар ҳоли ҳозир вазъи баде доранд", - изҳор доштааст Асад.

Москва ва Димишқ мегӯянд, ба шарте оташбсаро хоҳанд пазируфт, ки шӯришгарон шарқи Ҳалабро тарк кунанд. "Қарор шудааст, ки тамоми минтақаҳои Сурия озод карда шаванд ва Ҳалаб дар ин маврид истисно нест", - илова кардааст президенти Сурия дар суҳбат бо телевизиони Mayadeen. Асад гуфт, вай бо назардошти мавқеи ҷониби Русия қарор кардааст, ки ҳамлаҳо ба Ҳалаб идома ёбанд

XS
SM
MD
LG