Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон ба раҳпаймоӣ алайҳи қавмгароён мепайванданд?


Тазоҳуроти миллатгароёни рус. Акс аз бойгонӣ.
Тазоҳуроти миллатгароёни рус. Акс аз бойгонӣ.

Қафқозиҳои Русия мехоҳанд, дар майдони бо номи "Манежний"-и Маскав алайҳи миллатгароёни рус раҳпаймоӣ баргузор кунанд.

Онҳо ба шаҳрдории Маскав барои дарёфти иҷозаи ин гирдиҳамоӣ муроҷиат кардаанд. Созмондиҳандагони ин иқдом мегӯянд, ҳанӯз таърихи баргузории он дақиқ нест, вале онҳо мехоҳанд ин эътирози худро то санаи 25-уми декабри соли равон ва ё пас аз ҷашни Соли Нави милодӣ, амалӣ созанд.

Ин дархости гирдҳамоӣ аз ҷониби қафқозиҳо дар ҳолест, ки норозигиҳои муҳоҷирони Русия аз бархӯрди мақомоти масъули ин кишвар ва амалкарди тоссарҳо ё милатгароёни рус ҳарчӣ бештар мешавад. Ва ҳомиёни ҳуқуқ низ аз афзоиши эҳсосоти бегонабадбинӣ ва миллатгароӣ дар миёни мардуми Русия изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, мақомот имрӯз баҳои бозӣ карданҳои худ бо эҳсосоти миллии мардумро пардохт мекунанд.

Раҳпаймоии қафқозиҳо алайҳи қавмгароёни рус дар ҳолест, ки дар ин авохир корбарони тоҷики интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бесабаб ихроҷ шудани шумори зиёди муҳоҷирон ва ҳам донишҷӯёни тоҷик менависанд. Ва ҳамчунин 20 донишҷӯи тоҷике, ки моҳи сентябр аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, то ба ҳол натавонистаанд ба ин кишвар баргашта, таҳсили худро идома диҳанд.

Нозирони умур мегӯянд, ин ҳама бархӯрди мақомот ва амалкарди милатгароёни рус низ метавонад косаи сабри муҳоҷирони кории тоҷикро лабрез карда, онҳоро ба сафи муҳоҷирони дигари Русия, аз ҷумла қафқозиҳо бипайвандад. Саидамир Иноятов, муҳоҷири 26-солаи тоҷик мегӯяд, аз фишори мақомоти Русия алайҳи муҳоҷорони корӣ ҷонаш ба лаб расидааст ва ӯ омодаи пайвастан бо қафқозиҳо ва ба раҳпаймоии онҳо алайҳи тоссарҳои рус аст.

Аммо муҳоҷирони дигаре ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин гирдиҳамоӣ ширкат намекунанд. Аюбҷон Эгамов, як муҳоҷири кории тоҷик мегӯяд, ӯ ҳам хоҳиши пайвастан ба раҳпаймоии қафқозиҳо бар зидди миллатгароёни русро дорад, аммо ӯ аз паёмадҳои чунин гирдиҳамоиҳо дар ҳарос аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, аксар маворид, омилони раҳпаймоиҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия шадидан саркӯб мешаванд. Аюбҷон Эгамов гуфт: «Бештари ҳамватанони мо мехоҳанд, ки дар чунин раҳпаймоиҳо алайҳи миллатгароёни рус ҳамроҳ шаванд, аммо онҳо ояндаи худро фикр мекунанд. Бе ин ҳама баҳонаҳо, дар рӯзҳои ахир муҳоҷирони тоҷику узбекро бесабаб гурӯҳ-гурӯҳ аз Русия депорт шуда истодаанд».

Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия намехоҳанд дар робита ба ҳамроҳ шудани онҳо ба чунин раҳпаймоиҳо иҷоза диҳанд: «Онҳо бештари маврид зид мебароянд ва мегӯянд, мо набояд ба сиёсати дохилии Русия дахолат накунем. Мо барои кор кардану пул ёфтан омадем ва аз пайи кори худ бошем».

Дар ҳамин ҳол Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов бо номи “Сомониён” аз шаҳри Екатеринбург дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои «Озодӣ» гуфт, дар ин авохир гурӯҳҳои қавмгарои Русия бар зидди муҳоҷирон раҳпаймоиҳои зиёде барпо мекунанд ва агар баръакси ин чунин раҳпаймоиҳо аз суи муҳоҷирони таҳҷоӣ дар Русия сурат бигирад, эҳтимол дорад бар нафъи муҳоҷирон корӣ низ анҷом шавад. Мирзоев гуфт: «Муҳоҷироне, ки иҷозаи будубошро дар Русия доранду тибқи қонунгузориҳои ин кишвар ба сар мебаранд, ҳаққ доранд, дар чунин раҳпаймоиҳо алайҳи миллатгароёни рус ширкат кунанд. Ҳамчунин ин гуна раҳпаймоиҳо метавонад, ба фазои сиёсии Русия таъсир расонад».

Аз сӯи дигар, ҷаноби Мирзоев гуфт, ки дар ҳолати иҷоза надодан барои раҳпаймои ба муҳоҷирон, бараъкс ҷунбишҳои дигари миллатпарастӣ ва ё тазоҳуроти дигарро аз сӯи миллатгароён ба вуҷуд меорад. Аммо бархе дигар аз муҳоҷирони кории дигар мегӯянд, чун аробаи зиндагии хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон аз ҳамин пуле, ки аз Русия пайдо мекунанд пеш меравад, дар ҳолат баргузории чунин раҳпаймоиҳо аз эҳтиёт кор мегиранд ва беҳуда ба онҳо ҳамроҳ намешаванд. Зеро чунин амалҳо на фақат хатару зарбу лат шудан, балки барои зиндагии хонавода низ таъсир мегузорад.
XS
SM
MD
LG