Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Окcфорд - беҳтарин донишгоҳи ҷаҳон эълон шуд


Донишгоҳи Оксфорди Бритониё унвони беҳтарин донишгоҳи ҷаҳонро касб кард. Ин баҳогузорӣ аз сӯи нашрияи Times Higher Education ва хабаргузории Reuters ташкил шудааст.

Бори аввал аст, ки дар таърихи 13-солаи ташкили чунин баҳогузорӣ донишгоҳи ғайриамрикоӣ соҳиби мақоми баландтарин мешавад. Қадимтарин донишгоҳи англисзабони ҷаҳон - Оксфорд соли 1096 таъсис шудааст. Дар панҷ соли гузашта Донишкадаи технологии Калифорнияи ИМА пайваста мақоми аввалро соҳиб мешуд.

Ба ин тартиб, соли ҷорӣ мақоми дувумро Донишкадаи технологии Калифорния, мақоми севумро донишгоҳи Стэнфорди Калифорния, мақоми чор - Кембриҷи Бритониё ва ғайра соҳиб шудаанд.

Ин радабандӣ бар асоси корҳои илмии донишгоҳҳо, рисолаҳои илмӣ, мақолаҳо, ақидаи ҷомеаи коршиносонӣ тартиб ёфтааст.

Танҳо як донишгоҳи Русия - МГУ (Донишгоҳи давлатии Москва) дар рӯйхати 200 донишгоҳи беҳтарин шомил шуда, мақоми 188-ро касб кардааст. Соли гузашта чаҳор донишгоҳи Русия шомили ин рӯйхат шуда буданд.

XS
SM
MD
LG