Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди 20 сол. Ҳикматёр ба Кобул бармегардад


Гулбуддин Ҳикматёр. Акс аз соли 2001
Гулбуддин Ҳикматёр. Акс аз соли 2001

Хабарҳои расида аз Афғонистон аз тавофуқи сулҳи миёни ҳукумати ин кишвар ва ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр аломат медиҳанд.

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, ниҳоде, ки аз сӯи раисиҷумҳури Афғонистон ба хотири тавофуқи сулҳ бо гурӯҳҳои чирикӣ ташкил шудааст, рӯзи 14 май баъди қариб ду моҳи музокирот бо ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр хабар дод, ки пиромуни нуқоти асосии қарордоди сулҳ бо ин гурӯҳи ҷангҷӯ ба тавофуқ даст ёфтаанд.

Шаҳзода Шаҳид, сухангӯи Шӯрои олии сулҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тавофуқ барои мардуми афғон “як хушхабар” аст, ки расман рӯзи 15 май эълон хоҳад шуд: “То ҷое тавофуқот ба даст омадааст. Баъзе мушкилоте, ки ҳаст, он ҳам, умедворем, ки ба зудӣ ҳал шавад. Умедворӣ зиёд ҳаст. Мо ҳам умедворем, ки ин тавофуқот ҳарчӣ зудтар ниҳоӣ шуда, раҳбарони ду тараф ба он имзо бигузоранд ва ин замина бисозад, то ки оқои Ҳикматёр ба Кобул баргардад.”

Даст ёфтан ба муомила бо гурӯҳи Гулбуддин Ҳикматёрро, ки аз тундравтарин фармондеҳони гурӯҳҳои ҷангҷӯи Афғонистон маҳсуб мешавад, як пешрафти қобили мулоҳиза барои раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ мешуморанд. Ашраф Ғанӣ, ки ду сол пеш ба қудрат расид, то кунун дар талошҳояш барои хатми муқовиматҳои мусаллаҳонаи 15-сола дар Афғонистон чандон комёб ба назар намеомад.

Ҳизби исломии Ҳикматёр, ки дар гузашта яке аз нирӯҳои пурқувват дар Афғонистон ба шумор меомад, дар ин авохир аз ҳузур ва нуфузи чандоне дар ин кишвар дигар бархӯрдор нест. Вале муомилаи сулҳ бо ин гурӯҳи як замон хеле тавонманд барои ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад барои айни чунин муомилаҳо бо гурӯҳҳои дигар ва ба вижа бо ҷунбиши Толибон – нирӯи асосии мухолифи ин ҳукумат – ҳамчун намуна хидмат кунад.

Шаҳзода Шаҳид, сухангӯи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон мегӯяд: “Бисёре аз афғонҳо ба Ҳикматёр алоқа доранд ва бо омадани Ҳикматёр ба Кобул зеҳният беҳтар ва ҳамкорӣ ба тарафи низом ташвиқ мешавад. Аз тарафи дигар, агар Ҳикматёр биояд, дар миёни ҳизби исломӣ, ки як ҳизби афғоншумул аст, як иттиҳод тақвият меёбад. Ва барои мухолифини дигар низ як роҳе сохта мешавад, ки билохира ин мушкилот аз роҳи ҷанг ҳал намешавад. Табиист, ки танҳо аз роҳи музокирот, тафоҳум, эътимод, эҳтиром ва афву гузашт бояд ҳал шавад.”

Давлати Афғонистон музокираро бо ин гурӯҳ рӯзи 17 март дар пайи ирсоли як ҳайъат аз сӯи Ҳикматёр оғоз карда буд ва дар зарфи камтар аз ду моҳ ба як тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфт. Ин дар ҳолест ки музокираҳо бо Толибон инак чанд сол боз идома доранд ва ду тараф то кунун ба кадом пешрафти қобили мулоҳизае даст наёфтаанд.

Ҳикматёр (аз рост - якум) ҳамроҳ бо Саид Аҳмад гелонӣ ва Муҳаммаднабӣ Муҳамм мадӣ дар мулоқот бо сарвазири Покистон Навоз Шариф. Исломобод, соли 1993
Ҳикматёр (аз рост - якум) ҳамроҳ бо Саид Аҳмад гелонӣ ва Муҳаммаднабӣ Муҳамм мадӣ дар мулоқот бо сарвазири Покистон Навоз Шариф. Исломобод, соли 1993

Гулбуддин Ҳикматёр аз паштуҳои қабилаи харотӣ, марбут ба хонаводаи қабоили гилзай буда, соли 1947 (бино ба манобеи дигар, соли 1944 ё 1948) дар рустои Вартапури вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиби вилояти Қундуз ба дунё омадааст. Ҳикматёр дар солҳои 60 ибтидо бо ақидаҳои коммунистӣ вориди сиёсат шуда, сар аз оғози солҳои 70 ба ақидаҳои исломӣ гароид ва соли 1972 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Саидалӣ Сухандон, як донишҷӯи коммунисти пайрави ақидаҳои Мао Дзе Дун ба зиндон афтод. Соли 1973, дар пайи табаддулоти давлатии Довуд, бародарзодаи Зоҳиршоҳ, подшоҳи Афғонистон ба Покистон рафт ва соли 1975 ҳизби исломии Афғонистонро ташкил дод.

Ҷанги ӯ ибтидо алайҳи режими Довуд оғоз ёфта, баъди табаддуллоти коммунистӣ, ки бо номи “Инқилоби Савр” маъруф аст, ба зидди ҳокимони нави Афғонистон идома ёфт. Баъди ҳамлаи Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 Ҳикматёру тарафдоронаш тайи 10 сол алайҳи нирӯҳои Шӯравӣ ҷангиданд ва ӯ ба яке аз фармондеҳони раддаи аввали муҷоҳидини афғон табдил ёфт.

Аҳмадшоҳи Масъуд намегузошт, ки Ҳикматёр вориди Кобул шавад
Аҳмадшоҳи Масъуд намегузошт, ки Ҳикматёр вориди Кобул шавад

Баъд аз суқути ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ Ҳикматёр соли 1993 дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ ба симати сарвазирӣ таъин шуд. Вале ӯ ба далели ихтилофоташ бо Абдулрашид Дӯстум ва Аҳмадшоҳ Масъуд ба Кобул наомад ва ба ҷои Ҳикматёр яке аз ёронаш - Ваҳидуллоҳ Сабоун – дар Кобул ба ҳукумат раҳбарӣ мекард. Дар соли 1994 рақобати фармондеҳони муҷоҳидин барои назорати Кобул ба як ҷанги тамомулиёр мубаддал шуд ва Ҳикматёр Кобул таҳти мушакборони чунон шадиде қарор дод, ки бар асари он, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 000 нафар кушта шуданд.

Моҳи июни соли 1996, дар пайи боло рафтани таҳдиди гурӯҳи нави Толибон, Масъуду Раббонӣ бо Ҳикматёр дубора роҳи оштӣ ҷустанд ва ӯро аз нав ба мақоми сарвазирӣ оварданд. Аммо алакай моҳи сентябри соли 1996, дар пайи тасарруфи пойтахти Афғонистон аз сӯи Толибон Ҳикматёр боз маҷбур ба тарки ҳам мақом ва ҳам Кобул шуд.

Ҳикматёр тайи 5 соле, ки Толибон то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат ронд, асосан дар Эрон ба сар бурд. Аммо соли 2002, ба дунболи вуруди нирӯҳои эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон ва суқути режими Толибон, Гулбуддин Ҳикматёр изҳор дошт, ки “то замони рондани ишғолгарони хориҷӣ” ба Толибон мепайвандад. Ҳикматёр аз гурӯҳҳои дигари афғон низ даъват кард, ки аз ӯ ибрат бигиранд.

Баъди ин изҳорот Ҳикматёрро аз Эрон ихроҷ карданд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, ӯ солҳои охир ба эҳтимоли ғолиб дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебурд.

Ҳикматёр ва ҳизби исломии ӯ ба анҷоми як силсила ҳамлаҳои хунин алайҳи нирӯҳои Амрикову эътилоф ва Урдуи давлатии Афғонистон айбдор мешавад. Дар соли 2003 Амрико Ҳикматёрро ба далели ҳамкориҳояш бо Толибон ва Ал-Қоида ба рӯйхати сиёҳи “террористҳои байналмилалӣ” шомил кард. Ӯро ҳамин тавр, дар радифи раҳбари Толибон Мулло Умар ва раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден ба рӯйхати сиёҳи СММ шомил кардаанд.

Аммо бо онки Гулбуддин Ҳикматёр ва ҳизби исломии Афғонистон то ҳол алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон муқовимати мусаллаҳона доштанд, афроди ӯ ҳам дар ҳукумати раисиҷумҳури қаблии Афғонистон Ҳомиди Карзай ва ҳам дар ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Ашраф Ғанӣ соҳиби мақомҳои баланд буданд.

Дар аҳди Карзай Форуқ Вардак, ки аз ҳизби исломии Ҳикматёр бархостааст, вазири маориф ва Карим Хуррам, аз ёрони дар гузашта хеле наздики Ҳикматёр ҳатто раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Карзай буд. Ҳамин тавр, Зиёулҳақ Амархел, раиси дастгоҳи кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, ки бо суханони сабтшудааш дар бораи “гӯсфандҳоро чоқ-чоқ кунеду бифиристед” як моҷарои бузургеро пиромуни тахаллуфи натоиҷи интихоботи ахири президентии Афғонистон ба по кард, низ аз аъзои собиқи ҳизби исломии Ҳикматёр аст.

Дар ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Ашраф Ғанӣ низ чандин нафар аз афроди Ҳикматёр соҳиби мақоманд. Ҷумъахони Ҳамдард, аз мухолифони сарсахти волии Балх Ато Муҳаммади Нур ахиран мушовири Ашраф Ғанӣ таъин шуд. Қутбиддини Ҳилол, ки дар интихоботи ахири раёсасти ҷумҳури он кишвар номзад буд, низ ҳоло аз ҷумлаи мушовирони Ашраф Ғанӣ мебошад. Ҳамчунин яке дигар аз ёрони қаблии Ҳикматёр - Қозӣ Амин Ваққод – ҳоло аз аъзои муҳими Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аст. Узви ниҳоде, ки муомилаи сулҳ бо Гулбуддин Ҳикматёр ва ҳизби исломии Афғонистонро омода кардааст. Муҳандис Муҳаммадхон, муовини аввали Абдуллоҳ Абдуллоҳ -- раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, низ собиқаи узвият дар ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёрро дорад.

XS
SM
MD
LG