Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дутерте бо ИМА хайрбод гуфт ва Обамаро таҳқир кард


Филлипин бояд бо Иёлоти Муттаҳида худоҳофизӣ кунад, гуфт Родриго Дутерте, раиси ҷҳумри ин кишвар дар ҷараёни сафараш ба Чин. Ӯ афзуд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба Амрико намеравад ва бори дигар президенти Иёлоти Муттаҳидаро таҳқир кард. Ба гуфтаи Родриго Дутерте, сиёсати хориҷии Филиппин муддати мадид ба тасмими кишварҳои Ғарбӣ вобаста буд ва акнун кишвар бояд самтгирияшро ба сӯи Чин иваз мекунад.

Равобити Амрикову Филиппин моҳи сентябр баъди он тезутунд шуд, ки Дутерте Барака Обамаро барои баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Филиппин дар мазҳари ом таҳқир кард. Маҳаки барномаи Родриго Дутерте мубориза бо мафияи маводи мухаддир аст. Моҳҳои ахир дар ин кишвар беш аз 3 ҳазор нафар ба гумони фурӯши маводи мухаддир кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG