Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳанӯз маълум нест, ки бо ба истифода додани навбати аввали полоишгоҳи нафти Минтақаи озоди Данғара, нархи маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон поин хоҳад рафт ё на.

То поёни соли ҷорӣ бахши аввали полоишгоҳи нафти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба баҳрабардорӣ шурӯъ мекунад. Сохтмони ин полоишгоҳро ширкати «Хели»-и Чин сармоягузорӣ мекунад ва дар ин бора миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкат моҳи апрели соли 2014 қарордод имзо шудааст. Вале то ҳол ҷонибҳо аз изҳори ақида дар бораи нархи маҳсулоти ниҳоии он, яъне бензин худдорӣ мекунанд.

Баъд аз баҳрабардории бахши аввал дар ин корхона 500 ҳазор тонна ва баъди пурра ба кор даромадан, то 1 миллиону 500 ҳазор тонна нафт тасфия ё полуда мешавад. Аслам Саъдуллоев, раиси Минтақаи озоди иқтисодии Данғара мегӯяд, агар ин корхона пурра ба кор дарояд, беш аз нисфи эҳтиёҷоти Тоҷикистон бо маводи сӯхти нафтӣ таъмин хоҳад шуд, агар Чин онро ба Тоҷикистон фурӯшад.

Оқои Саъдуллоев мегӯяд, барои харидории маҳсулоти ин корхона Тоҷикистон бартарӣ хоҳад дошт, вале вай таъкид мекунад, ки «ин корхона бо сармояи Чин дар Минтақаи озоди иқтисодӣ сохта мешавад ва ҳақи фурӯши маҳсулоти тайёр дар ихтиёри Чин хоҳад буд ва Чин барои ин маҳсулот худаш бозор меҷӯяд. Агар хоҳад ба Тоҷикистон мефурӯшад, агар нахоҳад ба Афғонистону Чин ё кишвари дигаре. Ҳоло ба ҷуз аз Тоҷикистон, Афғонистону Чин ҳам дар назар дошта шудаанд. Нархашро ҳам Чин муайян мекунад. Мо ба он дахолат карда наметавонем. Вале ин маҳсулот чун тавлидоти Тоҷикистон ба фурӯш меравад.»

Баъд аз истифодаи бахши аввал, 600 нафар ва баъд аз пурра ба кор андохтани ин полоишгоҳ, то 1200 нафар аз аҳолии маҳаллӣ дар ин полоишгоҳ бо кор таъмин хоҳанд шуд. Дар навбати аввали фаъолият, ин корхона тавоноии полоиши 500 ҳазор тон нафтро хоҳад дошт ва ин корхона бар асоси қарордод, ин миқдор маводи хомро аз Шибирғони Афғонистон мегиранд.

Дар оғози роҳ онро бо мошинҳои боркаш то Айваҷи Тоҷикистон ва аз он ҷо бо қатор интиқол медиҳанд. Вале дар оянда тавоноии ин полоишгоҳ бештар хоҳад шуд ва бахши дувуми корхона ба кор медарояд. Дар он сурат барои фаъолияти пурраи полоишгоҳ як миллион тоннаи дигар нафти хом зарур аст. Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба нақша гирифтааст, ки ин миқдор нафти хомро аз Эрон харидорӣ ва аз роҳи оҳан ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Оқои Саъдуллоев мегӯяд, «барои навбати аввали фаъолияти ин корхона ба маблағи 160 миллион доллар дар Чин таҷҳизот ва дастгоҳҳои зарурӣ омода кардаанд ва он дар давоми моҳи апрел вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Як қисми ин дастгоҳҳоро аз Олмону Италия ҳам харидорӣ кардаанд. То поёни сол ин дастгоҳҳо насб мешаванд ва корхона ба кор медарояд».

Ба ин корхона аз нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба маблағи як миллион доллар хати интиқоли барқ оварда мешавад ва тарҳи он омода аст ва сармоягузории эҳдоси ин хати барқро низ ҷониби Чин бар ӯҳда гирифтааст. Оқои Саъдуллоев мегӯяд, полоиши нафт ва арза кардани маводи сӯхт ба бозори дохилӣ, метавонад ба поин рафтани нархи он дар Тоҷикистон мусоидат кунад ва ин кишвар аз пойбандии маводи сӯхти хориҷӣ то андозае раҳо мешавад.

Георгий Кошлаков, муовини нахуствазир дар ҳукумати даврони Шӯравии Тоҷикистон, ки аз коршиносони ин соҳа ба шумор меравад, мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон чоҳҳои боз барои истихроҷи нафт вуҷуд надорад ва ин полоишгоҳ дар панҷсолаи оянда ба маҳсулоти хоми дохилӣ умед баста наметавонад. Вай мегӯяд, ин кор сармоягузориҳои ҳангуфтро мехоҳад, зеро Тоҷикистон кишвари кӯҳистонист ва дастрасӣ ба қишри нафт кори мушкилест. Ба гуфтаи Георгий Кашлаков, ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан нафт истихроҷ намешавад. Вай маълумоти соли 2013-ро намуна меорад ва мегӯяд, ки дар ин сол дар саросари Тоҷикистон дар маҷмӯъ 27 ҳазор тонна нафт истихроҷ кардаанд, ки он хеле кам аст.

Аммо Раҳмонбек Давлатбеков, муовини аввали сардори раёсати геологияи Тоҷикистон бар ин ақида аст, ки дар Тоҷикистон захираи кофии нафт вуҷуд дорад ва дар ду ҳавзаи бузурги нафтхези ин кишвар, яъне дар ҳавзаи ҷанубӣ-ғарбӣ ва дар ҳавзаи шимолӣ ба андозаи кофӣ захираҳо маҳфузанд. Вай мегӯяд, ҳатто дар ҳуҷҷатҳои даврони Шӯравӣ навишта шудааст, ки нафти Тоҷикистон захира барои насли оянда аст ва барои ҳамин манобеи нафтии он дар давраи Шӯравӣ дастнахӯрда боқӣ мондааст. Ҳавзаи шимолии Тоҷикистон ноҳияҳои Конибодому Исфара ва Чкаловскро дар бар мегирад ва ба гуфтаи Раҳмонбеков дар ин ҳавза корҳои омодагӣ оғоз шудааст ва онҳо натиҷаҳои хубро интизоранд.

Бо вуҷуди суханони Аслам Саъдуллоев дар бораи имкони поин рафтани нархи маводи сӯхт, коршиносон аз поин рафтани нархи он баъди ба бозор омадани маводи сӯхти полоишгоҳи Минтақаи озоди иқтисодии Данғара худдорӣ мекунанд. Масалан, оқои Бахтдавлатов мегӯяд, ки Эрон аз ҷиҳати захираҳои нафт дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум аст, вале полоиши нафт барояш гарон тамом мешавад, ба ҳамин далел бартарӣ медиҳад, ки нафти хомро ба фурӯш барорад ва худаш ҳам бензинро аз хориҷ бо нархи арзонтар ворид мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG