Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кони Мансур" моли кӣ хоҳад шуд?


Ҳукумати Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии музоядаи дарёфти ҳаққи баҳрабардорӣ аз маъдани нуқраи Кони Мансур ду ширкати хориҷиро баргузидааст.

Кони Мансур, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, аз рӯи ташхисҳои муқаддамотӣ бо захираи тахминан 50 ҳазор тон нуқра дуюмин кони бузурги ин фулузи гаронбаҳо дар ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Ин музояда поёни соли гузаштаи 2009 эълон шуда, давлати Тоҷикистон барои интихоби ширкат як гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода буд. Ҳамчунин, ҷиҳати таҳияи асноди фанниву молӣ, интихоби тарҳҳои сармоягузорон барои шарикӣ дар истихроҷи нуқраи кони мазкур Иттиҳодияи байналмилалии молиро ҷалб кардааст.

Марҳилаи ниҳоии музояда

Ба гуфтаи мақомоти Суғд, гурӯҳи кории ҳукуматӣ ду ширкати хориҷиро барои иштирок дар марҳалаи ниҳоии музоядаи Кони Мансур интихоб кардааст, аммо ба хотири ифшо нагаштани асрори тиҷҷоратии музояда ҳанӯз аз эълони ин ширкатҳо худдорӣ мекунад.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, зимни нишасти хабарӣ гуфт, эҳтимол моҳи август бо анҷоми музояда номи ширкати пирӯз дар музояда муайян ва эълон гардад.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти соли равон баъд аз омӯзиши дақиқи аснод ва зарфиятҳои ширкатҳои довталаб нуҳ ширкати хориҷиро ба марҳалаи дуввуми музоядаи Кони Мансур роҳ дода буд.

Бино ба маълумоти кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар радаи довталабҳо як ширкати голландии коркарди маъдан, ширкати тавлиди тиллои «Zijing Mining»-и чиноӣ ва шарикширкатҳо аз Қазоқистон, Швейтсария ва Тоҷикистон – корхонаи маъдани Адрасмон роҳ ёфта буданд.

Шуҳрат Раҳматбоев, муовини кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва котиби гурӯҳи кории музоядаи «Кони Мансур», гуфт, ки интихоби ширкатҳои довталаб асосан мутобиқи се меъёр - таҷрибаи кории фаъолияти баҳрабардорӣ дар чунин конҳо, имконоти технологӣ ва молӣ - сурат мегирад.

Ироаи асноди кон ба ширкатҳои хориҷӣ

Ду ширкати раҳёфта ба марҳалаи ниҳоии музоядаи «Кони Мансур» ҳаққи дастрасӣ ба хазинаи маълумотҳо дар бораи ин кони бузург пайдо кардаанд, то ин ки битавонанд санҷишу ташхиси худро ба роҳ монанд.

Коршиносони огоҳ аз ҷараёни музояда мегӯянд, маъдани нуқраи «Кони Мансур» аз қабл хоҳишмандони зиёде дошт, аз ҷумла кишварҳои Чину Русия ва Қазоқистон ва теъдоде аз кишварҳои дури хориҷӣ, мисли Канадаву Бритониё аз солҳо қабл мехостанд онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Ҳамакнун давлати Тоҷикистон умед бастааст, татбиқи барномаи бобарори баҳрабардорӣ аз «Кони Мансур» ба ҷалби сармояҳои бузург ба иқтисоди кишвар аз ҷониби ширкати ғолиби озмуни музояда, фароҳам овардани ҷойҳои зиёди корӣ барои аҳолӣ ва сарозур гаштани маблақҳо ба буҷа мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG