Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Викиликс: Тоҷикистон саҳнаи рақобатҳои мазҳабии Саудия ва Эрон


Яке аз номаҳои сафорати Саудия дар Тоҷикистон

Яке аз номаҳои сафорати Саудия дар Тоҷикистон

Сомонаи Викиликс номаи маҳрамонаи сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро нашр кард, ки аз рақобати шадиди мазҳабии Саудия бо Эрон дар қаламрави Тоҷикистон дарак медиҳанд.

Сомонаи Викиликс, ки бо ифшои садҳо номаи маҳрамонаи вазорату сафоратҳои давлатҳои дунё машҳур шудааст, ахиран мукотибаи сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро ба Вазорати корҳои хориҷии Саудӣ нашр кард. Дар ин номаҳо, ки чаҳор сол пеш иншо шудаанд, дар бораи боло бурдани нақши “мубаллиғони исломӣ” дар Тоҷикистон сӯҳбат мешавад.

Дар номаҳое, ки Викиликс пахш кардааст, аз боби маблағгузорӣ ва имзои шартнома тан бо 12 тан аз “таблиғгарони исломӣ ”дар Тоҷикистон сӯҳбат мешавад, ки панҷ тани онҳо гӯё устодони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон будаанд. Сафорати Арабистони Саудӣ маблағгузории ин таблиғгарон ва ҷалби хатмкунандагони дигари донишгоҳҳои Саудиро ба таблиғи мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз он хотир муҳим донистааст, ки аз ҳузури афзояндаи иқтисодӣ ва мазҳабии Эрон дар Тоҷикистон ҷиддан нигарон будааст.

Устодони Донишгоҳи исломӣ дар маркази номаҳои маҳрамона

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ин фошкориҳоро рад ва ё тасдиқ накард ва аз вокуниш ба нашри номаҳои маҳрамона худдорӣ намуд. Аммо Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби устодони ин муассиса ба корҳои таблиғотӣ хилофи оиннома ва қонунҳои кишвар аст.

Тоҷиддин Асомиддинзода

Тоҷиддин Асомиддинзода

“Чунин як шартнома миёни сафорат ва Донишкадаи мо вуҷуд надошт. Агар омӯзгоре ба таври инфиродӣ чунин коре карда бошад, фикр намекунам, ки қонунӣ бошад. Низоми ҳар муассисаи таълимӣ мушахас ҳаст, ки ба чунин корҳое иҷоза намедиҳад. Устодоне аз пеши худ чунин карда бошанд, пас аз аҳде, ки бо донишгоҳ доранд, берун қадам гузоштаанд ва бо ошкор шудани номҳояшон хориҷ карда мешаванд,” -- гуфт Тоҷиддин Асомиддинзода.

Дар мактубе, ки зоҳиран сафорати Саудӣ дар Душанбе пас аз сафари як мақмоми Арабистон бо номи Зайд ибни Умар ал-Ис ба Вазорати корҳои хориҷии худ ирсол кардааст, “дар шарои феълӣ” маблағгузории ин кишварро барои мадрасаи динӣ муносиб надонистааст, аммо тавсия кардааст, то “як маркази фарҳангии Саудӣ дар Душанбе боз шавад. Нашри китобҳои мазҳабӣ ва боз кардани як гӯшаи вижа дар Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ин сафорат аз ҳадафҳои худ дониста, таъсиси курси забони арабӣ дар баробари Эрон дар Донишгоҳи миллиро аз муваффақиятҳои худ донистааст. Дар ҷои дигари ин нома шиква шудааст, ки “бо далелҳои сиёсӣ Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, ҳама гуна китобҳо нашру паҳн шаванд”, аммо аз тасмими Эрон барои ворид кардани 60 ҳазор нусха китоб нигаронӣ кардааст.

Солҳо боз Эрону Арабистон таблиғи мазҳабӣ мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи талошҳои Арабистони Саудӣ барои таблиғи мазҳабӣ ва рақобаташ бо Эрон дар ин кишвар, ки дар номаҳои маҳрамона зикр шудаанд, худдорӣ мекунанд, аммо як собиқадори бознишаста аз мақомоти интизомӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, рақобати ин ду кишвар дар Тоҷикистон аз пошхӯрии Шӯравӣ оғоз шуда буд. Ин манбаъ мегӯяд, ҳам Арабистони Саудӣ ва ҳам Эрон дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ошкору пинҳон мухолифини тоҷикро пуштибонӣ мекарданд, вале пас аз анҷоми ҷанг ҳарду кишвар ҷиддан ба ташвиқи мазҳабҳои расмии худ оғоз карданд. Ӯ мегӯяд, дар ин самт Эрон чандон муваффақ набуд, аммо Арабистони Саудӣ ҷараёни салафияро бо истифода аз хатмкунандагони тоҷик дар донишгоҳҳои худ ташвиқ кард.

“Мо ин ҳамаро медонистем ва фактҳо низ буд, ки кадом кишварҳо пушти гурӯҳҳои мазҳабӣ кор мебаранд, вале ба хотири вайрон нашудани равобит номи онҳоро намегирифтем. Пас аз оне, ки салафия манъ шуд, ба таври пинҳонӣ “ҷамоаи таблиғ” пайдо шуд, вале он давоми мантиқии салафия буд ва онро ҳам мамнӯъ донистанд. Ҷавонони тоҷик ба Эрону Покистон мерафтанд, ки пеши роҳи ин ҳам гирфита шуд. Талошҳои зиёд барои таблиғи мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 2003 то 2011 мушоҳида мешуд ва ҳоло ҳам фикр мекунам, ин давом дорад, вале дар нисбат ба пеш хеле эҳтиёткорона аст,” -- мегӯяд ин собиқадори ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон.

Маънои рақобати Эрону Арабистон дар Тоҷикистон

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, Тоҷикистон ҷузъи кишварҳоест, ки ду душмани қадим -- Эрон ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд, он ҷо нуфузи бештар дошта бошанд. Ба гуфтаи ин коршинос, Тоҷикистон аз лиҳози забону фарҳанг бо Эрон наздикӣ дорад ва Арабистони Саудӣ ҳамеша хавф дорад, ки ин омил метавонад, боиси наздикии мазҳабӣ низ шавад. Ӯ мегӯяд, Арабистони Саудӣ намехоҳад, як пойгоҳе барои Эрон дар дарвозаи Осиёи Марказӣ пайдо шавад.

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

“Идеологияи ин ду кишвар мазҳаби онҳо мебошад, ки хилофи ҳамдигар аст. Арабистон маблағи зиёд сарф мекунад ва ҳатто телевизионҳоеро мисли “Висоли ҳақ” маблағгузорӣ мекунад, то мавқеи Эронро бо паст задани мазҳаби расмиаш дар Тоҷикистон танг кунад. Албатта, ин ҷо мазҳаб баҳона ҳаст ва аслан мехоҳанд, аҳдофи сиёсиашонро пиёда созанд. Мардуми одӣ қурбони ин бозиҳои қадимии Эрону Арабистон шудаанд,”- мегӯяд Ҳодизода.

Ба гуфтаи коршиносон, фарқ миёни ин ду кишвар дар он аст, ки Эрон тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дар Тоҷикистонро саромоягузорӣ мекунад, вале Арабистони Саудӣ ҳеч талоши ҷашмрасе дар ин самт надорад.

Талошҳои Арабистони Саудӣ барои нуфуз дар ҳоле ошкор мешаванд, ки ҳафтаи гузашта сомонаи фошкори Викиликс ҳазорон нусха аз номаҳои маҳрамонаи сафоратҳои Саудӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ин кишварро нашр кард, ки дар он миён бештар аз даҳ мактубе дар мавриди Тоҷикистон ҳаст. То кунун на сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар мавриди ин фошкориҳо ибрози назар накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG