Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаводаи Зӯҳро Маҳмуродова, ки дар як рӯз 5 ҷигарбанди худро ба хок супурданд, ҳоло дар посух ба чанд суол оҷиз мондаанд, ки чаро ин модари ҷавон ба ҷони худ ва 4 тифлаш раҳм накард ва даст ба худкушӣ зад?

Пайвандони Зӯҳро Маҳмуродова, як сокини шаҳри Норак, ки рӯзи 5 феврал худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохт, ҳоло дар посух ба чанд суол оҷиз мондаанд, ки чаро ӯ ба ҷони худ ва 4 тифлаш раҳм накард ва бо кадом фикр ва кадом дарду мушкил, касди ҷони худу ҷигарбандонаш кард?

Посух ба ин "чаро"-ҳоро ба гуфтаи пайвандон, акнун Зӯҳро бо худ ба хок бурд. Ҷасади сарди Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи Норак ва 4 тифли ӯ - Хадичаву Кибириё ва Рафоату Маърифатро рӯзи 5 феврал, кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз дарёи Вахш берун оварданд. Зӯҳро бо чаҳор тифл худро аз болои пуле, ки деҳаи Кибилро бо шаҳри Норак мепайвандад, ба дарё андохт.

Рӯзи ҳодиса Зӯҳро дар хонаи шавҳар дар шаҳри Норак бо кӯдакон ва ҳамсараш Азиз Холов танҳо будааст. Аз нақли шавҳараш, то соати 11-и рӯз онҳо бо ҳам замини хурди назди ҳавлигиро тоза ва нарм кардаанд. Азиз барои намозгузорӣ ба хона медарояд ва вақте берун мешавад, аз кӯдакон ва Зӯҳро дараке нест. Баъди як соат, ба онҳо аз ин фоҷеа хабар додаанд.

Бо Азиз, ки барои пурсиш ба додситонии минтақа даъват шуда буд, мо натавонистем аз наздик сӯҳбат кунем, аммо хушдомани марҳум Зӯҳро, ки рӯзи ҳодиса дар кор будааст, мегӯяд, агарчӣ зиндагии серу пуре надоштанд, аммо вақташон ҳамеша хуш буд ва келин ҳам боре дар ҳузури ӯ шикоят намекард.

Шарофат Одилова.

Шарофат Одилова.

Шарофат Одилова, модарарӯси Зӯҳро, ки дар нерӯгоҳи Норак ба ҳайси фаррош кор мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: "Аз субҳ то шом ману шавҳарам дар кор ҳастем. Хона дар ихтиёри келинам буд. Субҳ маро аз хоб хезонд, чой дам кард. Ҳар саҳар ба ӯ таъкид мекардам, ки кӯдаконро хуб нигоҳ кун. Дар хонаи мо на гапи бад ва на абрӯи гирифта буд. Коре намекард, ки боис ба қаҳру муноқиша шавад."

Зӯҳро шаш соли пеш бо Азиз оиладор шуд. Хушдомани ӯ мегӯяд, келинаш интихоби ӯ буд, аммо шавҳарашро дӯст медошт. Азиз, ки баъди ихтисор шудан аз кор дар Идораи обу корезии хукумати маҳаллӣ ба муҳоҷирати Руссия рафта буд, чанде пеш ба назди зану фарзандонаш баргашта, ба гуфтаи модар, ҳанӯз аз дидори онҳо сер нашуда буд.

Маъмулан дар чунин ҳодисаҳо хонаводаи мотамзада талош мекунанд, на ҳама паҳлӯи зиндагии худро ошкор бигӯянд ва аз эҳтиёт кор мегиранд. Дар ин қазия ҳам, ки ҳоло мақомоти масъул, омилони фавти модару кӯдаконро меҷӯянд, эҳсос мешавад, ки наздикону ҳамсояҳо рӯшан сӯҳбат намекунанд. Дар хонаи шавҳар, ки ҷойи зисти ҳамешагии Зӯҳро ва фарзандонаш буд, нахостанд аксҳои модару 4 тифлро нишон диҳанд.

Аммо ҳам наздикони шавҳар ва ҳам волидони Зӯҳро таъкид мекунанд, ки ӯ аз нигоҳи равонӣ солим буд. Зӯҳро дар ҳамсоягии деҳаи падару модар зиндагӣ мекард, вале волидону хоҳарон мегӯянд, дар ин рӯзҳои ахир, дар зиндагиаш чӣ шуду чӣ гузашт, онҳо хабар надоранд.

Маҳмадшариф Маҳмуродов, падари Зӯҳро мегӯяд, "ҳеч намефаҳмам, чӣ шуд ба ин духтар, чӣ кор кард. Инро дигар Худо медонад. Бори охир 3-4 рӯз пеш бо ду фарзанди дугоникаш ба хона омада буд. Шаб истод, саҳар дуо додаму рафт. Саломатиаш сад дарсад хуб буд."

Фотима, хоҳари Зӯҳро.

Фотима, хоҳари Зӯҳро.

Зӯҳро бо хоҳараш Фотима дугоник буд. Фотима мегӯяд, онҳо аз тамоми мушкилот ва асрори зиндагии ҳамдигар бохабар буданд: "Ман дар Ваҳдат шавҳар кардам ва ҳар вақте, ки ба хона меомадам, мегуфтам, Зӯҳро, ту ҳам хона биё. Меомад, мешиштем."

Бар хилофи гуфтаҳои наздикон дар бораи зиндагии ороми Зӯҳро, гуфтугузоре ҳаст, ки ӯ бо муроҷиат ё шикояте як бор ба мақомоти маҳаллӣ рафтааст. Вале ба сӯҳбат бо ягон намоянда муваффақ нашудааст.

Сайлӣ Расулова, раҳбари бахши кор бо занони ҳукумати Норак ҳам ин овозаро шунидааст ва мегӯяд, аммо ин имкон надорад: "Дари мо ҳамеша ба рӯи занон боз аст. Баъди чанд ҳодисаи дигари худкушии занон дар вилоят, мо ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доштем ва бо усули "хона ба хона" барои ҷилавгирӣ аз чунин фоҷеаҳо ва дигар масъалаҳо бо занони деҳ сӯҳбатҳо ташкил мекардем."

Худкушии Зӯҳро Маҳмуродова бо чаҳор тифл - Хадиҷаву Кибириёи 2 -сола, Рафоати 4-сола ва Маърифати 6-сола сеюмин чунин ҳодиса дар вилояти Хатлон дар давоми як соли охир аст. Дар ду ҳодисаи дигар, кӯшиши худкушии модарон Парвина Абдуллоева ва Саломат Пирова,

бо фавти фарзандонашон анҷом ёфтаву худ зинда аз об берун шуданд. Баъдан онҳо аз сӯи аксарият дар кишвар барои ин кирдорашон маҳкум шуданду нафрат шуниданд.

Агарчӣ ҳоло ин ду модари акнун бефарзанд, дар ҳаётанд ва яке бемории рӯҳӣ эълон шуда, дигари 18 сол маҳкум ба зиндон шуд. Омилҳои ба ин кор даст задани онҳо то ба охир таҳлил ва мушаххас нашуд. Ҳадсу гумонҳоянд, ки якеро рашку муноқиша ва дигариро эҳтимол шароити бади зиндагӣ ва афсурдагӣ ба ин роҳ бурдааст.

Ахиран вакилони дифои яке аз ин модарон -- Парвина Абдуллоева, ки бо дасти худ, сабабгори марги 3 тифлаш шуд, барои бозбинии парвандаи ӯ ба додситони кулл ва президенти кишвар муроҷиат кардааст. Ба иддаои вакил, вазъияти Парвина ва ҳолати рӯҳии ӯ зимни қасди худкушӣ ба пуррагӣ бояд таҳлил ва ҷазои сабуктар нисбаташ таъин шавад.

Бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳодисаҳои худкушии модарон бо фарзандони худ ба гуфтаи таҳлилгарон, боис ба такрори чунин як ҳодиса дар кишвар шудааст. Фақат бо як фарқ, ин бор модар ҳам талош кардааст, зинда намонад. Танҳо нишоне, ки ӯ аз худ ва фарзандон гузошт, панҷ қабри паҳлӯ ба паҳлӯ дар оромгоҳи Норак аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG