Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони зодаи ноҳияи Ёвон аз Русия барои ширкат дар мусобиқаи гуштӣ ба зодгоҳаш баргашт, вале дар инҷо бо иттиҳоми "ифротгароӣ" дастгир шуд.

Як сокини ноҳияи Ёвон, ки аз Русия барои ширкат дар як мусобиқаи гуштӣ ба зодгоҳаш баргашта буд, ба иттиҳоми “ифротгароӣ” дастгир шуда ва аз се моҳ ба ин тараф дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Ҷаҳонгир Қурбоналиев, сокини лақайтабори рустои Оби Мукии ноҳияи Ёвон, ки шаҳрванди Русия низ мебошад, ҳудуди се моҳ қабл барои ширкат дар як мусобиқаи гуштӣ ба зодгоҳаш баргашт ва аз сӯи мақомот боздошт шуд. Ӯ ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад ва ҳамакнун баъд аз се моҳи боздошт, мурофиаи додгоҳиаш оғоз шудааст.

Ҷаҳонгир Қурбоналиеви 23-сола чанд сол пеш ҳамроҳи падараш ба Русия ба муҳоҷирати корӣ рафт ва шаҳрвандии онҷоро гирифт. Аз ӯ ҳамчун варзишгаре муваффақ ном мебаранд, ки соҳиби ҷоизаҳо низ мебошад.

Ҳамроҳ бо Ҷаҳонгир Қурбоналиев се нафари дигар -- Шӯҳрат Қарақулови 23-сола, Шамсӣ Қарақулиеви 24-сола ва Фирӯз Ҷӯрақулови 24-сола, ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Оби Мукии ҷамоати деҳоти "Обшорон"-и Ёвон мебошанд, дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Як мақоми додгоҳи вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи ин чаҳор нафар, ки аввалҳои соли 2016 боздошт шудаанд, тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- 307, қисми 2 ва 187, қисми 2, яъне даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, парванда боз шудааст. Тибқи ин ду модда, ба ин афрод маҳкумият аз озодӣ то 20 сол таҳдид мекунад.

Онҳо бо ҷурми гузоштани тугмаи "класс" зери видеоҳои дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғи ҳизбҳои мамнӯъ дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассник", авоили соли ҷорӣ боздошт шудаанд. Мақомоти ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ибтидо 14 нафар бо гумони тамошои наворҳои дорои хусусияти ифротӣ боздошт шуда буданд, вале бо исботи бегуноҳӣ 10 нафар озод ва 4 нафар муттаҳам дониста шуданд.

Ҷаҳонгир Қурбоналиев

Ҷаҳонгир Қурбоналиев

Хонаводаҳои ин ҷавонон мегӯяд, ки фарзандонашон гуноҳ надоранд ва бархе хонаводаҳои дигар дар мавриди шиканҷа ва озору азияти фарзандони боздоштияшон шикоят мекунад. Қурбонгул Қурбоналиева, модари Ҷаҳонгир Қурбоналиев идда мекунад, ки фарзандашро дар боздоштгоҳ шиканҷа кардаанд ва ӯ шунавоияшро аз даст додааст. Ин зан мегӯяд: "Вақте ба хона омада фарзандамро бурданд, ҳамсараш аз тарс фарзанди дар қадаш бударо партофт."

Наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов ҳамагӣ як маротиба баъди боздошт бо ӯ мулоқот кардаанд, вале аз нақли шиносҳояшон дар боздоштгоҳ мегӯяд, ки фарзандашон мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифтааст. Аз боздоштгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойи доштани шиканҷаро рад мекунанд ва мегӯянд, ки боздоштшудаҳо дар ин ҷо дар шароити муносиб нигоҳдорӣ мешавад.

Як намояндаи додгоҳ низ дар сӯҳбат бо Озодӣ мавриди шиканҷа ё бадрафторӣ қарор гирифтани ин ҷавонони боздоштшударо рад кард ва гуфт, даъвои наздикони онҳо ҳақиқат надорад. Ӯ мегӯяд, бо ин ҷавонон суҳбатҳои рӯбарӯ дошт дошт ва дар тани онҳо ягон осори шиканҷаро мушоҳида накардааст. Ӯ афзуд, азбаски ҷурмашон зидди сиёсати констутсионии кишвар аст, алайҳи онҳо тибқи ду моддаи 307 ва 187-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG