Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Маркази ҳуқуқи инсон” дар Хуҷанд пешниҳод кардааст маҳдудияти сафари яке аз волидайн бо кӯдаки худ ба хориҷ аз Тоҷикистон аз байн бурда шавад.

Татяна Хатюхина, раҳбари ин марказ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмимро дар пайи муроҷиати чанд зан гирифтаанд, ки шавҳарони онҳо ба муҳоҷирати корӣ ба Русия ва кишварҳои дигар рафта, солҳои зиёд аз худ дарак намедиҳанд. Аз ин гуна занон ҳангоми сафари зарур, масалан, барои таҳсил ё табобат ба кишварҳои хориҷӣ бурдани фарзандони ноболиғи худ ё ҳамроҳи каси дигар фиристодан мушкили гирифтани ризояти хаттии шавҳар доранд ва наметавонанд сафар кунанд:

“Ин дар ҳоле ки дар Тоҷикистон қонун дар бораи хуруҷ ва вуруди шаҳрвандон қабул нашудааст, вале маҳдудияти сафар вуҷуд дорад. Ҳангоми хориҷ шудани падар ё модар бо кӯдаки худ аз қаламрави Тоҷикистон, аз ӯ ба таври ҳатмӣ санади ризояти ҳамсар талаб карда мешавад. Ё ки вақти бо зарурате, масалан, барои таҳсил ё табобат ба хориҷ аз кишвар равон кардани кӯдаки тоҷик таҳти сарпарастии касе низ дар гузаргоҳҳои марзӣ, майдони ҳавоӣ, хадамоти сарҳадбонӣ ба таври ҳатмӣ ризояти хаттии дар идораи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳар дуи ҳамсаронро талаб мекунад.”

Татяна Хатюхина

Татяна Хатюхина

Хонум Хатюхина мегӯяд, аз он ки маҳдудияти сафари яке аз ҳамсарони тоҷик ҳамроҳи атфоли худ тибқи муқаррароти кумитаи марзбонӣ сурат мегирад, Маркази оид ба ҳуқуқи инсон” дар Хуҷанд ҷиҳати аз байн бурдани ин маҳдудият ба ин ниҳод муроҷиат кардааст: “Барои ба таври ниҳоӣ аз байн бурдани ин мушкил “Маркази оид ба ҳуқуқи инсон” ба таври хаттӣ ба кумитаи сарҳадбонӣ муроҷиат хоҳем кард. Мо имрӯз дар ин бора бо масъулони ин ниҳод сӯҳбат доштем, Онҳо номаи расмии моро ба Душанбе равон мекунанд ва ба мо посухи ниҳоӣ гуфта хоҳад шуд.”

Хонум Хатюхина гуфт, барои мисол, соли равон дар майдони ҳавоӣ зани суғдиеро, ба далели он, ки санади ризояти шавҳараши бедаракашро надорад, нагузоштанд бо кӯдакаш ба Русия сафар кунад. Дар пайи муроҷиати он зан, маркази мазкур тариқи додгоҳ муваффақ шуд ба вай иҷозаи сафар бигирад.

Бархе занони тоҷик ба ҳалли мушкили худ бо роҳи дигар ҳам даст меёбанд. Мунира Шодиева, як ҷавонзани суғдӣ аз зумраи онҳо аст. Вай мегӯяд, соли 1999, баъди 5 соли хонадоршавӣ шавҳараш Неъматҷон Шодиев роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш гирифт ва дигар аз худ дарак надод. Ду фарзанди 13 ва 16 солааш падарашонро боре ҳам надиданд. Хонум Шодиева аввали соли равон хост нахустфарзандаш Ҷавоҳирро ҳамроҳи пайвандаш барои табобат ба Русия равон кунад. Аммо дар фурудгоҳ бидуни ризоятномаи шавҳари бедаракаш иҷоза надоданд. Хонум Шодиева ночор бо роҳи додгоҳӣ аз шавҳараш ҷудо шуд.

Ҳол он, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, аслан ҷудо шудани зан шавҳар низ ба як ҷониб ҳақ намедиҳад фарзандашонро бе ризояти ҷониби дигар ба хориҷ аз кишвар бубарад. Аммо дар Тоҷикистон ба ҳамсари ҷудошуда ин ҳақ дода шудааст.

Аз кишварҳои пасошӯравӣ Русия қонуни вуруд ва хуруҷи шаҳрвандонро дорад, ки ба шаҳрвандони рус иҷоза медиҳад, зан ё шавҳар бе ризояти ҳамсар бо кӯдаки худ ба кишвари ғайр сафар кунад. Вале ҳамроҳи каси бегона ба кишвари дигар равон кардани кӯдаки рус бо иҷозати ҳатмии ҳар дуи волидайн сурат мегирад.

Хадамоти муҳоҷирати Суғд мегӯяд, ҷиҳати ҳалли мушкилоти монанд заноне, ки шавҳарони онҳо ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, аз худ дарак намедиҳанд, ба онҳо низ муроҷиат мекунанд. Зайнура Шарифова, раҳбари ин хадамот мегӯяд, ин гуна занон зиёданд ва мардоне, ки занони онҳо аз Русия ё кишвари дигар аз худ дарак намедиҳанд, камтар: ”Сар аз ҳамин моҳ кормандони ин хадамот ҳамроҳи ходимони ҳукуматҳои маҳаллӣ хона ба хона, ба бозшумории муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла мардоне, ки чандин сол занони худро дар ватан танҳо гузоштаанд ва аз худ дарак намедиҳанд, оғоз хоҳанд кард. Онгоҳ шумораи дақиқи занони шавҳарашон аз муҳоҷирати корӣ барнагашта маълум хоҳад шуд.”

Хонум Шарифова афзуд, масъулони хадамоти муҳоҷират низ дар ҷаласаву мулоқотҳо ба зарурати ҳалли мушкили сафари яке аз волидайни тоҷик ҳамроҳи кӯдаки худ ба хориҷ аз кишвар таъкид мекунанд. Ахиран ин мавзӯъ дар як нишасти мизи гирд дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки додрасҳо, мақомоти масъул ва ҳуқуқшиносон вакилони мудофеъ мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Бархе ҳомиёни маҳаллии ҳуқуқи инсон тартиби бидуни ризояти расмии ҳар ду ҳамсар иҷозат надодан ба хуруҷи кӯдакони тоҷик ба хориҷ аз Тоҷикистонро дуруст ва ҷиҳати ҳифзи кӯдак муҳим медонанд. Азалхон Алимов, масъули як созмони ҳимоят аз кӯдак дар Хуҷанд чунин мегӯяд: “Агар ба шавҳар ё зан, бидуни ризояти ҳамсар иҷозаи сафар бо кӯдак дода шавад, мумкин аст, вай кӯдакашро гирифта ба кишваре равад ва аз худ дарак надиҳад. Вай метавонад ин корро пеш аз ҷудо шудан аз ҳамсараш кунад. Он вақт ҳамсари дар Тоҷикистон монда кӯдакашро аз куҷо, чӣ тавр пайдо мекунад ? Ё ки як ҳамсар дар нотариус ризояти хаттӣ медиҳад, ки кӯдакашро каси дигар ба кишвари хориҷӣ барад. Ин вақт хавфе ҳам пеш меояд, ки мабодо он кӯдакро дар кишвари хориҷӣ мавриди харидуфурӯш қарор диҳанд. Барои ҳамин, будани маҳдудият барои ҳифзи кӯдакони тоҷик беҳтар аст.”

Ба назари мусоҳибам, дар ҳоли бедарак шудани зан ё шавҳар ҷониби дигар бо роҳи додгоҳӣ метавонад ҳаққи худро барои сафар бидуни иҷозаи ҳамсар талаб кунад. Иддаое, ки бештари ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеъ қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, печида ва тӯлонӣ будани ҷараёни додгоҳӣ дар Тоҷикистон садҳо занони тоҷики ҳамсарони муҳоҷирони кории бедаракгаштаро, ки мехоҳанд масалан, фарзандони бемори худро таъҷилан ба хориҷ аз кишвар баранд, дучори мушкил гардонидааст.

Назар Назаров

Назар Назаров

Назар Назаров, яке аз вакили дифоъ дар маркази мазкур дар Хуҷанд мегӯяд: “Дар бисёр маврид заноне, ки шавҳарашон чандин сол дар муҳоҷирати кории Русия ва зиндаву саломат асту аммо зани дигар гирифта ё ба сабаби дигар аз муносибат бо ҳамсари қонунии худ сарпечӣ мекунад ва ҳамсарони вафодори тоҷик ҳам ба умед никоҳи расмии худро қатъ накарда, роҳи бозгашти шавҳари худро мунтазир мешаванд. Табиист, ки ин гуна занони танҳо хусусан дар деҳот рӯзгори вазнин доранд. Ин ҳаққи онҳо аст, ки барои кору маблағёбӣ ҳамроҳи кӯдаки худ озодона ба кишвари дигар сафар кунанд ва қонун ҳам ризояти ҳатмии шавҳарро пешбинӣ накардааст. Барои ҳамин садде ки ба роҳи сафари онҳо гузошта шудаааст, бояд бартараф карда шавад. ”

Татяна Хатюхина, раҳбари “Маркази оид ба ҳуқуқи инсон” дар Хуҷанд дар ин маврид меафзояд: “Нашояд аз рӯйи чанд мисол гумон бурд, ҳар зани тоҷике, ки ба сафари кишвари хориҷа кӯдакашро ҳамроҳ мегирад, роҳ сӯи Сурия, назди шавҳари ҷангиаш дорад. Бигузор ин гуна ҳамсаронро мақомоти масъул зери назорат бигиранд. Вале ҳаққи тамоми занон ё шавҳарони ҳамсаронашон аз худ дарак намедодаро, ки ба ин сабаб наметавонанд ризояти нотариалии вайро ба даст оранд, аз ҳаққи сафар бо кӯдаконашон ба хориҷи кишвар маҳрум гузоштан, дуруст нест. Ва дар қонунгузории Тоҷикистон ҳам чунин маҳдудиятро пайдо накардем.”

Ин барои бори аввал як созмони ҷамъиятӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳалли қонунии ин мушкил ва аз байн бурдани маҳдудияти сафари шавҳрвандн ба хориҷи кишвар шудааст. Дар ҳоле ки солҳои охир дар ҳамоишу ҷаласаҳо вуҷуди ин мушкил, хусусан занони шавҳаронашон дар Русия бедаракшуда таъкид ва пайдо кардани роҳҳали он баҳс мешуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG