Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Туркия аз соли 1960 то ба ҳол се табаддулоти низомӣ анҷом додааст ва як ҳукуматро дар соли 1997 маҷбур ба тарки қудрат кардааст. Аммо чаро ин дафъа ба шикаст рӯбарӯ шуд?

БАРХӮРДОР НАБУДАН АЗ ҲИМОЯТИ МАРДУМӢ

Се табаддулоти қаблӣ ба хотири тамоюли мардум ба "эҷоди сулҳ ва назм" баъд аз як давраи кашмакаш ва хушунатҳои иҷтимоӣ нисбатан бо истиқболи умумӣ рӯбарӯ шуда буд. Дар мавриди ахир чунин ҳимояти мардумӣ аз табаддулотгарон вуҷуд надошт ва теъдоди каме барои ташвиқ ва пуштибонии онҳо берун омаданд.

Дар ҳақиқат, анбуҳи бузургтаре аз мардум дар посух ба нидои Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки танҳо аз тариқи иттисол ба як шабакаи хабарӣ тариқи Фейстайми телефони мобилии худ, онҳоро ба рехтан дар хиёбонҳо ва намоиши мухолифат бо табаддулотгарон даъват карда буд, вориди саҳна шуданд.

ИН БОР (ЗОҲИРАН) СЕКУЛОРҲО ОМИЛИ ТАБАДДУЛОТ НАБУДАНД

Артиши Туркия ба таври суннатӣ худро ба унвони муҳофизи қонуни асосии секулари кишвар муаррифӣ мекунад. Дар табаддулотҳои қаблӣ, қудрат аз дасти ҳукуматҳои ғайринизомӣ бо ин бовар, ки хатаре барои низоми секулари кишвар ҳастанд, забт шуд. Аммо ин бор мақомҳои Туркия ба ҷои баланд кардани ангушти иттиҳом ба секулорҳо, нерӯҳои мазҳбаии вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен, аз раҳбарони мазҳабии мунтақиди Эрдуғон, ки ҳамакнун дар табъиди худхоста дар Амрико иқомат дорадро, омили табаддулот муаррифӣ карданд. Фатҳулло Гулен даст доштан дар табаддулотро рад мекунад.

Аз тарафе ду ҳизби мухолифи аслии ҳукумати Эрдуғон бо паёме рӯшан ҳимояти худро аз ҳукумат дар баробари табаддулотчиёни эълон карданд ва гуфтанд, ки набояд гузошт таҷрибаи талхи табаддулотҳои низомии қаблӣ такрор шавад.

ПУЛИС ВА ТАБАДДУЛОТЧИЁН ДАР ДУ ҶАБҲАИ МУХТАЛИФ ҚАРОР ДОШТАНД

Дар табаддулотҳои қаблӣ пулис дар пушти нерӯҳои ҳокими нав баъд аз ба даст гирифтани қудрат тавассути низомиҳо, қарор гирифта буданд. Аммо ин бор ба назар мерасад, ки пулис муттаҳиди наздики ҳукумат буд. Нерӯҳои пулис ба дунболи гурӯҳе аз низомиён, ки вориди саҳнаи табаддулот шуда буданд, вориди амал шуд ва шуморе аз кадрҳои низомӣ ва сарбозонони гумонбар аз раддаҳои мухталифи низомиро боздошт карданд.

ОМИЛОНИ ТАБАДДУЛОТ БАХШИ ХУРДЕ АЗ АРТИШ БУДАНД

Арзёбиҳои ҳар ду ҷиноҳи давлат ва мухолифон бар ин буд, ки танҳо бахши хурде аз артиш, ки ҳадди аксар 10 то 20 дарсади низомиёнро ташкил медиҳад, вориди саҳнаи табаддулот шудаанд. Дар мавридҳои қаблӣ ҳамаи артиш ба табаддулот даст зада буд.

ИН РӮЗҲО ХОМӮШ КАРДАНИ РАСОНАҲО МУШКИЛТАР АСТ

Дар мавридҳои қаблӣ табаддулотчиёни телевизион ва радиои давлатиро забт ва пахши онро мутаваққиф мекарданд. Аммо ин бор бо лутфи шабакаҳои телевизиони хусусӣ, монанди CNN Turk ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Твиттер, шароит барои баланд шудани садои мухолифони табаддулот фароҳам шуд.

Навиштаи Аббос Ҷаводӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG