Пайвандҳои дастрасӣ

Русия эълон дошт, ки сар аз 1 январи соли 2015 ба шаҳрвандони ИДМ, ба истиснои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ, бидуни шиносномаи хориҷӣ иҷозаи вуруд нахоҳад дод.

Барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва махсусан онҳое, ки барои дарёфти кору даромад ба Русия ҳиҷрат мекунанд, ин чандон хабари хуше нест. Агар дар назар дошта шавад, ки солона аз 1 то 2 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд, дар муддати кӯтоҳ таъмин кардани онҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ мушкил хоҳад буд.



Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, бо сабаби таъхир дар гирифтани чунин шиноснома натавонистаанд, дар мавсими имсола барои кор ба Русия раванд. Яке аз онҳо Комил Алиев аст, ки моҳи январи соли равон маҳз ба хотири гирифтани шиносномаи нав ба Тоҷикистон омадааст, аммо то ҳол натавонистааст ба он даст ёбад. Мақомоти умури дохилӣ ба ӯ гуфтаанд, ки “бланк”-и шиноснома надоранд.

Абулфайз Атоев - сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Абулфайз Атоев - сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вале Абулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, то имрӯз дар дастрасии сокинони Тоҷикистон ба шиносномаҳои хориҷӣ мушкиле вуҷуд надошт. Вай афзуд, иқдоми ҷониби Русия низ аз пеш ба вазорат маълум буд: «Аз якуми январи соли 2015 мо пурра ба шиносномаҳои биометрии хориҷӣ мегузарем. Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ пурра ба анҷом додани ин гузариш омода ҳастанд ва бо дили пур гуфта метавонем, ки барои сокинон ҳеҷ мушкиле пеш намеояд.»

Тоҷикистон кишварест, ки то ба ҳол аз низоми душиносномаӣ – дохилӣ ва хориҷӣ кор мегирад. Ин таҷриба аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Моҳи феврали соли 2010 Тоҷикистон шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ҷорӣ кард, аммо низоми душиносномаӣ барҳам нахӯрд, балки боз шаҳрвандон ба дари идораҳои шиносномадиҳӣ кашида шуданд.

Ба қавли сокинон, он ҷо на ҳамаи онҳоро бо рӯи хуш пешвоз мегиранд ва барои дастрас кардани ҳамчунин шиноснома мушкилоти маъмурие халқ мешаванд, ки корро моҳҳо тӯл медиҳад ва роҳро ба фасоду пардохтҳои ғайриқонунӣ боз мекунад. Як муҳоҷир мегӯяд, барои зуд гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз ӯ 300 доллар талаб кардаанд, вале боз ҳам ҳуҷҷат танҳо пас аз ду моҳ омода шудааст.

Абулфайз Атоев мегӯяд, сабаби гоҳҳо тӯл кашидани таҳияи шиноснома ба худи муроҷиаткунандагон бастагӣ дорад, ки саривақт ҳуҷҷати заруриро пешниҳод намекунанд ва ҳам низоми дохилӣ ба хотири пурра шинохтани шахс вобаста аст. Вай афзуд, ин тадобир ба хотири ошкор кардани шахсиятҳоест, ки метавонанд тақаллубӣ ё гузаштаи ҷиноӣ дошта бошанд.

Аммо Шариф Абдуллоев, як сокини Душанбе, мегӯяд, ҳоло дар даст шиносномаи хориҷие дорад, ки то соли 2015 барҳам хоҳад хӯрд ва ба хотири он ки соҳиби шиносномаи биометрӣ шавад, ба ОВИР – шуъбаи раводид ва сабти номи яке аз навоҳии пойтахт рафт, аммо аз раъйи худ гашт: «Барои он нагирифтам, ки ҳам қиматаш баланд аст, ҳам, рости гап, проблема дорад. Гирифтанаш ҳам мушкил аст, зеро як моҳ давом мекунад ва албатта, ба маблағи иловагӣ имкон надорад, ки зуд гирӣ.»

Бино ба муқаррароти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шиносномаи биометриро ноболиғони то 16-сола ба 25 доллар, шаҳрвандони одӣ ба 75, афроди хизматӣ ба 100 ва дипломатҳо ба 125 доллар дастрас мекунанд. Муҳлати муқаррарии гирифтани шиносномаҳо 15 рӯзи корӣ аст, аммо барои дарёфти оҷили паспорт се рӯз муаян шудааст, ки нархашҳам ду баробари нархи маъмулӣ аст. Вобаста ба ин, барои зуд гирифтан ду баробар ва оҷил ба даст овардан се баробар пардохт талаб мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи қиматҳои шиносномаи биометрӣ мегӯяд, аз ҳукумати Тоҷикистон 6 миллион доллари амрикоӣ қарз гирифтааст ва то соли 2013 бояд онро баргардонад ва танҳо баъд аз ин нархҳоро бознигарӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон мегӯянд, системаи шиносномадиҳии Тоҷикистон тайи 20 соли ахир натавонист мушкили мардумро ҳал кунад ва тағйири марҳала ба марҳалаи он ин андешаро ба бор меорад, ки он ҳам ба як тиҷорат табдил ёфтааст.

Абдулло Давлатов - раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия

Абдулло Давлатов - раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, мегӯяд, беҳтарин роҳ як кардани шиносномаҳои дохиливу хориҷист, аммо чун ин андеша ҳоло дар ҳукумати Тоҷикистон нест, мардум ба ин ҳама мушкилот, ки ҳар рӯз сарашон халқ мешавад, одат кардаанд: «Дар об уфтода, аз борон наметарсад. Ин ки дар мо фасод роиҷ асту мушкилоти дигар ба муҳоҷирон халқ мешаванд, Худо нигоҳ дорад. Аммо дар ин маврид ин мушкиле, ки пеш меояд, дар зимн барои муҳоҷирин сабукие ҳам дорад. Масалан, агар онҳо шиносномаи дохилиашонро гум кунанд, дар Русия онро гирифта наметавонанд. Ҳарчи шиносномаи хориҷиро мешавад дар консулиҳо ба даст овард.»

Вале як донишҷӯ дар Амрико мегӯяд, намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа наметавонанд мустаилона паспорти биометрӣ таҳия кунанд. Нақши ангуштҳо бояд ба Душанбе фиристода мешавад ва бозшати санадҳо то ду моҳ тул мекашад.

Ба ин тартиб, аз эҳтимол дур нест, ки низоми нави сафари Русия дар ҳаёти муҳоҷирон, донишҷӯён, соҳибкорон ва афроди дигар мушкилоту дардисарҳоро нобасомониҳоеро ба бор орад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG