Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъёри «бозии духӯра»-и Аврупоро кӣ муайян кард?


Ҳамоиши "ҷавонони фаъол" дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 17-уми июн.
Ҳамоиши "ҷавонони фаъол" дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 17-уми июн.

Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик рӯзи ҷумъа тайи як ҳамоиш таъкид кардаанд, ки Аврупо бо Тоҷикистон набояд «бозии дугона»-ро пеш барад. Вале дар воқеъ онҳо бар асоси кадом меъёр муносибати Аврупо бо Тоҷикистонро "духӯра" арзёбӣ карданд.

Рӯзи 17-уми июн дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гурӯҳи ҷавонони тоҷик қатъномаи намояндагони ҷиноҳи мардумии Парлумони Аврупоро баррасӣ карданд. Аҳмадхӯҷа Давлатов, раҳбари гурӯҳи ҷавонон бо номи “Пешоҳанг” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар поёни ҳамоиш ба Иттиҳодияи Аврупо ва парлумони он муроҷиатнома ба тасвиб расонданд ва онро ба намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе супурдаанд.

Онҳо дар муроҷиатномаи худ таъкид кардаанд, ки Аврупо бо Тоҷикистон «бозии духӯра» ё «бозии дугона»-ро пеш набарад, яъне як дасташро барои ҳамкорӣ ба ҳукумат ва дасти дигарашро ба намояндагони мухолифон надиҳад, чун мухолифон, ба таъкиди онҳо, дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо паноҳгоҳ ёфтаанд ва ҳукумати Тоҷикистон онҳоро гунаҳгор эълон кардааст ва бар зидди онҳо парванда боз шудааст.

​Дар сӯҳбате бо хонум Ҳелен Тиболт, пажӯҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Монтреали Канада пурсидам, то чӣ андоза Иттиҳодияи Аврупо ё Парлумони Аврупо муроҷиатномаи ҳамоиши рӯзи 17-уми июни гурӯҳи ҷавонони тоҷикро метавонанд ҷиддӣ бигиранд ва оё ба ин муроҷиатнома Аврупо посух хоҳад дод?

Хонум Тиболт гуфт: “Ман дарвоқеъ намедонам, ки онҳо аз рӯи кадом меъёр муносибати Аврупо бо Тоҷикистонро “бозии дугона” арзёбӣ кардаанд. Дар давоми тақрибан 3 соли охир мухолифони давлат нодида гирифта мешуданд. Яке аз мақомоти пешини ҳукумат (Зайд Саидов) ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Мухолифи дигар Қувватов дар Истанбул ҳадафи тир қарор гирифт. Мо гуфта наметавонем, ки ин кушторро кӣ фармоиш дод. Вале ин намунаҳо вуҷуд доранд.

Ҳелен Тиболт мегӯяд, давоми як соли охир маҳофили байналмиллалӣ, ба вижа Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нигаронанд. Барои он, ки дар ин муддат бар зидди баъзе раҳбарони мухолифон парвандаҳои пурсару садо боз шуданд ва онҳоро ба зиндон кашонданд: "Ман фикр мекунам, ки дархости намояндагони ҷиноҳи мардумии парлумони Аврупо паёми ҷиддӣ аст, вале дар айни замон ман гумон намекунам, ки мақомоти Тоҷикистон паёми намояндагони Парлумони Аврупо ё Кумиссиюни Аврупоро дар бораи раҳоии раҳбарони мухолифон аз зиндон ҷиддӣ қабул мекунанд."

Эмомалӣ Раҳмон ва раиси парлумони Аврупо. Акс аз бойгонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ва раиси парлумони Аврупо. Акс аз бойгонӣ.

Хонум Ҳелен Тиболт мегӯяд, Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо муносибатҳои хуби дипломатӣ дорад, вале аз лиҳози иқтисодӣ бештар бо Русия ва Чин наздик аст. Ин ду кишвар ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чандон таваҷҷуҳ надоранд.

Ба гуфтаи Ҳелен Тиболт, бархӯрди мақомоти Тоҷикистон ба дархости намояндагони ҷиноҳи мардумии Парлумони Аврупо қобили пешбинӣ буд ва ба он на ҳукумат ё мақомоти расмӣ, балки гурӯҳи донишмандон ва ҷавонон дар шакли муроҷиатнома ҷавоб доданд. Онҳо дар муроҷиатномаҳо мегӯянд, ки Иттиҳодияи Аврупо набояд ба корҳои дохилии мо, ба меъёрҳои қонунии мо мудохила кунад. Барои ҳамин ошкор метавон гуфт, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон расидагӣ ба парвандаҳои мухолифонро идома медиҳанд.

Бо вуҷуди ин хонум Тиболт мегӯяд, Тоҷикистон кишвари ягона нест, ки Иттиҳодияи Аврупо аз вазъии ҳуқуқи башар дар он изҳори нигаронӣ мекунад. Паёме, ки намояндагони ҷиноҳи мардумии Порламони Аврупо фиристоданд, ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон равона нашуда буд, балки ба мақомоти расмӣ тааллуқ дошт. Вале ин паём вокуниши ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овард.

Албатта, муроҷиатномаи донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва ҷавонони Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Аврупо хусусияти расмӣ надорад ва онро Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун мавзеъгирии расмии ҳукумат қабул карда наметавонад. Хонум Тиболт мегӯяд, бо вуҷуди ин, паём нишондиҳандаи он аст, ки донишмандон ва ҷавононе, ки ба Иттиҳодияи Аврупо муроҷиатнома фиристодаанд ва Аврупоро пешбарандаи ба истилоҳ ”бозии дугона” нисбат ба Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд, аз мавзеъгириҳои ҳукумати худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Ҷавонони фаъоли тоҷик қатъномаи вакилони аврупоиро танқид карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли ҷорӣ 35 нафар намояндагони ҷиноҳи мардумии Парлумони Аврупо дар қатъномае аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд ва аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки раҳбарони зиндонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, вакилони мудофеи онҳо ва Зайд Саидов аз зиндон раҳо шаванд. Парлумони Аврупо дар қатъномаи худ онҳоро "маҳбуси сиёсӣ" арзёбӣ кард.

Ба ин қатънома мақомоти расмии Тоҷикистон вокуниш нишон надоданд, вале донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз ҷумла Лутфулло Саидмуродзода, раиси Пажуҳишгоҳи иқтисодӣ ва нуфусшуморӣ ва Муҳаммад Абдураҳмон, раиси Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ қатъномаи Порламони Аврупоро беасос хонанд ва ба наҳвае ба қатъномаи Парлумони Аврупо посух доданд.

XS
SM
MD
LG