Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонон дар ҷомеаҳои дигар ба таҳаввулоти ҷаҳонӣ вокуниш нишон медиҳанд ва ба шевае мавқифи худро дар баробари он рӯшан менамоянд. Аммо ҷавонон дар ҷомеаи Тоҷикистон бар баробари ин гуна ҳаводис ва таҳаввулот чӣ мавзеъгирӣ доранд?

Дар ҷаҳон ҳар сол даҳҳо ҳамлаҳои террористӣ сурат мегиранд, ки боиси нигарониву вокуниши ҷомеъи ҷаҳонӣ мегардад. Аз ҷумла ҳамлаи маргбори Толибон ба як мактаби низомӣ дар шаҳри Пешовари Покистон, ки мунҷар ба марги беш аз 150 нафар шуд, вокунишҳое дар саросари ҷаҳон ба бор овард.

Баъдан, ҳамлаи хунини бародарон Шариф ва Саид Кӯчӣ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо" дар Фаронса миллионҳо сокини ҷаҳонро нигарон сохт ва ҳамагӣ ин амалҳои террористиро маҳкум кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба ин ду ҳамлаи ахири хунин садо баланд кард ва онро даҳшатангез номид.

Аммо маъмулан дар аксари мавридҳо, ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокуниши ҷиддие ба бор намеорад. Ҷомеа таҷаммӯъ намекунад, шиорҳои зидди террористӣ сар намедиҳад ва умуман ин гуна амалҳоро ошкоро маҳкум намесозад. Аксари сокинони Тоҷикистон ба ин амалҳо бетафовутанд, чаро? Радиои Озодӣ дар як мизи гирд бо чанд тан аз таҳлилгарони ҷавон ин мавзӯъро матраҳ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG