Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро Бадамгул Бабаева қасди ҷони худ кард?


Бадамгул Бабаева.

Бадамгул Бабаева.

Марги модари серфарзанде дар водии Вахш масъалаи худкушии занон дар Тоҷикистонро дубора доғ кард. Дар фоҷиае, ки рӯзи 10 август дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли пешин) рух додааст, зани 45-сола Бадамгул Бабаева худро дар оғили хонааш ба дор овехтааст.

Ҳанӯз далели ин фоҷеаро хешовандон ба таври возеҳу равшан шарҳ дода наметавонанд, вале ба эҳтимоли ғолиб, фишори зиндагӣ ва ҳам зоҳиран набуди роҳҳале барои мушкилоти иҷтимоӣ, сабаби бо зиндагӣ падруд гуфтани ин зан шудааст. Мақомоти маҳаллӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд, пулис феълан аз шарҳи қазия худдорӣ мекунад.

Дар пайи фоҷеа ҳамсари Бадамгул Бабаева аз муҳоҷирати корӣ аз Маскав ба Тоҷикистон шитофт. Ислом Бабаев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 12 август гуфт, ҳанӯз дақиқ сабаби худкушии ҳамсарашро намедонад, вале тахмин мезанад, ки шояд масъала ин буд, ки ҳамсараш пулҳои аз муҳоҷират фиристодаи шавҳарро барои як тиҷорати таваккалӣ равона карда буд.

Вай гуфт, ки ду соли охир бо мардикорӣ машғул буд ва аз рӯи шунидаш, ҳамсараш пулҳои фиристодаашро барои хароҷоти хона камтар ва бештар барои ҳамкорӣ бо шабакаи тиҷоратии “Тяншӣ” сарф мекардааст. Ин ширкат маъруф ба тиҷорати маводи дорувор буда, онро коршиносон як пирамидаи молӣ мегӯянд. Ислом Бабаев гуфт, ки Бадамгул эҳтимолан аз тарси ин, ки ҳамсараш аз ӯ куҷо шудани пулҳоро суол мекунад, даст ба худкушӣ задааст.

Тасдиқи дурустии ин фарзия феълан имкон надорад, шояд баъди муддате пулис тавонад мӯйро аз хамир ҷудо кунад. Вале назар ба арзёбиҳои мақомоти тоҷик, солҳои охир мушкилоти иҷтимоиву маишии оилаҳо ва хушунати хонаводагӣ боиси афзоиши мавридҳои даст ба худкушӣ задани занҳо дар Тоҷикистон шудааст.

Танҳо дар вилояти Хатлон дар ним соли ҷорӣ 28 зан ва дар тамоми ҷумҳурӣ 145 зан дар натиҷаи муноқишаҳои хонаводагӣ даст ба худкушӣ задаанд. Мақомоти Кумитаи занон ин оморро ташвишомез меноманд ва мегӯянд, агар бархе занҳо ҳамсарони муҳоҷирони корӣ бошанд, бархи дигар аз низоъҳои пайваста дар хонаи хусуру хушдоман ба мушкилот тоб оварда натавонистаанд.

Дар вилояти Хатлон дар се ҳафтаи охир се мавриди худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Панҷ рӯзи пеш Гулчеҳра Ҳалимоваи 30-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ба нақли шоҳидон, дар пеши чашми 6 фарзанди ноболиғаш худро ба дор овехт ва ҳамаро дар ҳолати шок гузошт. Сабаби марги ин зан гӯё қарзи пулӣ будааст, ки эҳтимолан дар пардохти он Гулчеҳра дасткӯтаҳ будааст. Дар ҳодисаи сеюм духтари 16-солае аз ҷамоати Пахтаободои ноҳияи Шаҳритус ҳамчунин дар оғилхонааш худро дор овехтааст. Сабаби ин ҳодиса ҳам моҷарои хонагӣ гуфта мешавад.

Амонҷон Муҳиддинов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, бо ин, ки ин ҳодисаҳо ҳама мояи нигаронии ҷиддӣ ҳастанд, таҳқиқи онҳо нишон медиҳад, ки сабаби аслии дилсард шудани занҳо аз зиндагӣ, дар “мушкили равонӣ, фақру нодорӣ ё хушунат мебошад”.

Зуҳро Маҳмуродова.

Зуҳро Маҳмуродова.

Масалан, муфаттишон баъди таҳқиқи ҳодисаи мудҳиши даст ба худкушӣ задани сокини ноҳияи Норак Зӯҳро Маҳмуродова бо чор кӯдакаш рӯзи 5 феврал ба ин натиҷа омадаанд, ки ин занро таънаву ҷанҷолҳо бо хоҳаршавҳараш ба ин ҳолат овардааст. Духтари 17-сола дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ эътироф кардааст, ки бо ҳамсари бародараш барои ҷавоҳирот ҷанҷол дошт.

Андешае вуҷуд дорад, ки масъалаи худкушӣ як падидаи иҷтимоӣ аст ва дар бисёр ҳолатҳо, ҳамчун намунаи бади ибрат ба дигарон хизмат мекунад. Ин буд, ки як мақоми қудратии Тоҷикистон дар шимоли кишвар моҳи июли имсол гуфт, ба хотири роҳ надодан ба такрори чунин ҳодисаҳои мудҳиш ва ҷиноятҳои сангин, аз фош кардани ингуна ҳодисаҳо барои матбуот худдорӣ мекунанд.

Вале журналистон ва созмонҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ин изҳороти сардори раёсати умури дохилаи вилояти Суғд Шариф Назарзодаро ҳамчун талош барои маҳдуд кардани озодии баён интиқод карда гуфтанд, ки мақомот ҳақ надоранд ба журналистон бигӯянд, ки кадом хабарро пахш кунанд ва кадомашро не.

Шариф Назарзода, сардори раёсати ВКД дар Суғд.

Шариф Назарзода, сардори раёсати ВКД дар Суғд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътиқоди фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳам рӯҳониён, маҳз тавассути матбуот бояд ба ҷомеа ва бахусус гурӯҳҳои заъфпазир, мисли занҳои хонанишину дастнигар шарҳ дода шавад, ки худкушӣ ба ҳеҷ сурат наметавонад роҳҳали мушкил бошад.

Равоншиносон мегӯянд, иродаи заъифу нотавонӣ дар пайдо кардани роҳи ҳалли масъала, худдорӣ аз матраҳ кардани мушкил бо дӯстону наздикон ё намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гӯё ин занҳоро ба бунбаст мебарад. Аҳли ислом мегӯянд, худкушӣ як гуноҳ аст ва доғи ин фоҷеа на танҳо дар исми худи қурбонӣ, балки дар обрӯи фарзандону азизони ин нафар нақш мебандад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG