Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: мардум ҳақ дорад, эътироз кунад


Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти нави ИМА гуфт, ҳуқуқи садҳо ҳазор одамро дар саросари дунё, ки ҳамроҳ бо "Роҳпаймоии занон" дар Вашингтон зидди ӯ тазоҳурот карданд, эътироф мекунад.

"Тазоҳуроти осоишта хусусияти фарқкунандаи демократияи мост. Ҳарчанд ҳама вақт ҷонибдор набошам ҳам, вале ҳуқуқи мардумро барои изҳори назар эътироф мекунам", - навиштааст Трамп 22 январ дар Твиттер.

Оҳанги твити президенти нави ИМА аз твити таънаомези чанд соати пешаш фарқ мекунад. "Дирӯз, бо дидани роҳпаймоиҳои эътирозӣ фикр кардам, ки интихобот нав баргузор шудааст. Барои чӣ ин мардум овоз надоданд? Магар шуҳрат ба кор халал мерасонад?!", - афзуд вай.

Ин твитҳо нахустини вокуниши маъмурияти нави Трамп ба амали беш аз 1 миллион одам буд, ки 21 январ баъди маросими савганди президенти 45-уми ИМА дар як қатор шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ҷаҳон роҳпаймоӣ карданд.

Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар роҳпаймоии занони Вашингтон назар ба маросими савганди Трамп, ки дар Капитол баргузор шуд, одами бештар иштирок кардааст.

Хабари расонаҳо, ки дар маросими савгандёди президенти пешин Барак Обама назар ба Трамп теъдоди одамон бештар буд, бо вокуниши Шон Спайсер, сухангӯи Кохи сафед рӯбарӯ шуд. Спайсер иттилои расонаҳоро дар бораи шумори иштирокдорони маросими савгандёдкунӣ дурӯғ хонд.

XS
SM
MD
LG