Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

3 суқути Юмгон ба дасти Толибон дар 10 моҳи охир чӣ маънӣ дорад?


Вилояти Бадахшон.

Вилояти Бадахшон.

Давоми камтар аз як сол се дафъа ба дасти Толибон афтодани вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшон, дар маҳофил пурсишҳоеро ба миён овардааст, ки иллати суқути ин минтақа чист?

Намояндагони мардуми Бадахшон дар парлумони Афғонистон пас аз боло гирифтани пурсишҳои зиёд дар мавриди ин, ки чаро ҷангҷӯёни дохилӣ ва хориҷӣ дар беш аз 10 моҳи гузашта барои савумин бор вулусволии Юмгони Бадахшонро тасарруф кардаанд, мегӯянд, ки ин вулусволӣ аз мавқеияти ҷуғрофиёии муҳим бархӯрдор аст ва аз ҳамин рӯ, ҷангҷӯён ба ин минтақа чашм дӯхтаанд. Ба назари онҳо, Толибон метавонд бо тасарруфи Юмгон ба осонӣ дигар вулусволиҳо, ба шумули шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшонро ба контрол дароваранд.

Нилуфар Иброҳимӣ, узви маҷлиси намояндагони Афғонистон аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вулусволии Юмгон аз ҷойгоҳи вижаи стратегӣ дар Бадахшон бархӯрдор буда ва бинобар ҳамин, Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангӣ бештар ба зери контроли доимӣ даровардани он чашм дӯхтаанд.

Нилуфар Иброҳимӣ

Нилуфар Иброҳимӣ

Хонум Иброҳимӣ афзуд, ки "Юмгон як нуқтаи бисёр муҳим ва стратегӣ аст, ки минтақаи Ҷурмро таҳти фишор қарор медиҳад. Ин вулусволӣ аз нигоҳи ҷуғрофӣ, мавқеияти стратегӣ дорад. Ба ин маънӣ, ки вақте ноамнӣ дар Юмгон ба вуҷуд биояд, ба таври мустақим ба вулусволиҳои дигар, ки ба Юмгон пайваст мешаванд, монанди Ҷурм, Баҳорак ва дар ниҳоят шаҳри Файзобод -- маркази Бадахшон таъсир дорад."

Ин вакили парлумони Афғонистон ҳамчунон гуфт, ки ҷанҷӯёни дохилӣ ва хориҷӣ, ки вобастаи доираҳои истихборотии кишварҳои минтақа мебошанд, талош доранд, то бо тасарруфи комили вилояти Бадахшони Афғонистон, доманаи фаъолиятҳои тахрибкоронаи худро ба кишварҳои Осиёи Миёна густариш диҳанд.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳоле ба миён омадааст, ки рӯзи панҷшанбе барои бори савум гурӯҳи Толибон маркази вулусволии Юмгони Бадахшонро ба тасарруф дароварданд. Тибқи гузоришҳо, дар даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии афғон ва Толибон дар ин минтақа, аз ҳар ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Вазорати дифои Афғонистон ҳам гуфтааст, ки талошҳо барои бозпасгирии ин минтақа ҷараён дорад.

Вилояти Бадахшони Афғонистон.

Вилояти Бадахшони Афғонистон.

Закариё Савдо, намояндаи дигари вилояти Бадахшон дар парлумони Афғонистон мегӯяд, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ талош доранд, ки бо тасарруфи Юмгон ва дигар вулусволиҳои Бадахшон, бештар Тоҷикистон ва Русияро бо таҳдидҳои амниятӣ рӯбарӯ созанд.

Вай дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин ки чаро ҷангҷӯёни хориҷӣ ин нуқтаро интихоб мекунанд, назари ман ин аст, ки инҷо Бадахшон бо Тоҷикистон, Покистон ва Чин ҳамсарҳад аст ва ин бисёр нуқтаи муҳим аст. Ҷангҷӯён аз Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар Бадахшон ҷобаҷо ҳастанд ва метавонанд, ки як таҳдид ба сарҳадоти Тоҷикистон бошанд. Бинобар ҳамин онҳо як нуқтаи хеле муҳимро интихоб кардаанд."

Ба гуфтаи ин вакили парлумони Афғонистон, раҳбарии амалиёти низомӣ ба ҳадафи суқути комили Бадахшонро беш аз 400 ҷангҷӯи хориҷӣ ба даст доранд. Ин намояндаи мардуми Бадахшон нигарон аст, ки ҳузури беш аз 1500 ҷангҷӯ дар Бадахшон сабаб шудааст, то бештар аз 50 дарсади хоки ин вилоят аз контроли давлат хориҷ гардад.

Ба гуфтаи масъулони маҳаллӣ, Юмгон, Тагоб, Кишм, Вардуҷ, Яфтал, Роғистон, Дароим, Аргу, Тишкон, Ишкошим, Ҷурм, Баҳорак, Зебок ва Яфтали поин ва боло, аз ҷумлаи минтақаҳои вилояти Бадахшон ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир ё таҳти контроли мухолифон ва ё ҳам бо таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ рӯбарӯ мебошанд.

XS
SM
MD
LG