Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро маҳз зодагони Осиёи Миёна?


Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, иддаои он, ки Содиқ Ортиқов, ки аз вай ба унвони шарик дар амали террористии Санкт-Петербург ном бурда мешуду гӯиё шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, бепоя будааст. Дар ҳамин ҳол дар ду ҳафтаи охир ниҳодҳои интизомии Русия теъдоди қобили мулоҳизаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба иттиҳоми қасди анҷоми амалҳои террористӣ боздошт кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон, расонаҳои Русия дар аксар амалҳои террористӣ дар ин кишвар шаҳрвандони Осиёи Марказиро гунаҳгор мекунанд, ҳарчанд ин на ҳамеша ҳақиқат дорад.

Мақомоти амниятии Русия рӯзи 26 апрел 12 нафарро дар шаҳри Калининград ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо як гурӯҳи тундрави исломӣ, боздошт кардаанд. Ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки худи ҳамон рӯз Хадамоти амниятии Русия (ФСБ) эълон кард, ки ду гумонбар ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки қасди тарҳрезии як ҳамлаи бузург дар Шарқи Дури Русияро доштанд, боздошт шудаанд.

Хадамоти федеролии амниятии Русия эълон кард, ки 12 боздоштшуда дар шаҳри Калинингарда бо гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ-Ҷамоати Муҷоҳиддин" ҳамкорӣ дошта ва зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд. Гуфта мешавад, ки имкон дорад онҳо дар фаъолиятҳои мусаллаҳона даст дошта бошанд. Ба гуфтаи манбаъ, раҳбари ин шабака аз сӯи мақомоти Узбакистон барои ҷиноятҳои тундгароӣ, мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Акбарҷон Ҷалилов.
Акбарҷон Ҷалилов.

Ин барои бори савум аст, ки давоми моҳи ҷорӣ мақомоти Русия шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ, боздошт мекунанд. Дар таркиши бомбаи худсохт дар дохили метрои Санкт-Петербург рӯзи 3 апрел, 15 нафар кушта ва ҳудуди 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бомбгузори эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалилов як шаҳрванди Қирғизистон мебошад, ки дар он ҳодиса кушта шуд. Мақомоти интизомии Русия гуфтанд, ки дар робита ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Санкт- Петербург -- дувумин шаҳри бузурги кишвар, 10 нафар ва аксаран зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Ортиқ Содиқов ном бурда мешавад, боздошт шудааст.

Аммо як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ 27 апрел гуфт, ки чунин иддао бепоя мебошад. Ба гуфтаи вай, мақомоти Русия иддао мекунанд, ки гӯё Ортиқ Содиқов сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, аммо таҳқиқи кормандони додситонӣ инро собит накард. Манбаъ афзуд, ки бо эҳтимоли зиёд Содиқов барои раҳгум кардани бозрасони рус, макони зиндагии худро бардурӯғ гуфта бошад.

Музаффар Олимов.
Музаффар Олимов.

Дар ҳамин ҳол Музаффар Олимов, масъули маркази таҳлилии мавсум ба “Шарқ”, ки пайваста мавзӯи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад, 27 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки расонаҳои Русия дар аксар амалҳои террористӣ дар ин кишвар шаҳрвандони Осиёи Марказиро гунаҳгор мекунанд, ҳарчанд ин на ҳамеша ҳақиқат дорад.

Вай дар посух ба ин савол, ки чаро пас зодаҳои минтақаро айбдор мекунанд, чунин гуфт: "Танҳо таҳқиқот бояд собит созад, ки шаҳрвандони кадом кишвар дар ин ҷиноятҳо шарик ҳастанд. Аммо рӯзе қабл раҳбари Хадамоти Федеролии Амниятии Русия дар амалҳои ахири террористӣ шаҳрвандони Осиёи Марказиро гунаҳгор кард. Ин ба навъе “бидор, бизан” буд ва дар ҳамаи минтақаҳои Русия боздошти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд."

Ҷаноби Олимов афзуд, ки тибқи омори солҳои гузашта дар бештаре аз амалҳои террористӣ дар Русия сокинони худи ин кишвар даст доштаанд, аммо ҳоло барои мақомоти Русия муҳим аст, ки дар чунин ҷиноятҳо сокинони кишварҳои дигарро айбдор кунанд.

Вай афзуд, дар гузашта мақомоти Русия дар амалҳои террористӣ маъмулан зодаҳои Қафқозро айбдор мекарданд. Омори расмӣ низ гувоҳӣ медод, ки бештаре аз ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористиро маҳз сокинони ин минтақаҳо анҷом додаанд. Ҳоло давлати Русия талқин мекунад, ки вазъ дар манотиқи Қафқоз ба эътидол даромада, дигар хатаре аз он ҷо сар намезанад. Ба ин хотир бо дарназардошти даст доштани зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амали террористӣ дар Стокҳол онҳо талош мекунанд, ки зодаҳои Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар мушкилиҳо дар дохили кишвари худ айбдор созанд.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ.
Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Русия 27 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба эҳтимоли даст доштани зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амалҳои террористии Русия таъкид кард. Ба гуфтаи Аркадий Дубнов, воқеият чунин аст, ки дар Русия муҳоҷирони дохилӣ тақрибан нестанд. Бештари муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд ва онҳо ҳам асосан пайравони дини ислом ҳастанд. Ба ин хотир, таблиғгарони гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ дар миёни онҳо ҷонибдорони худро ҷустуҷӯ мекунанд."

Ин таҳлигари рус дар идома гуфт, ки албатта, наҳваи тафтиши ҳодисаҳои террористӣ дар Русия суолҳои зиёдеро ба миён меоварад, аммо бештаре аз сокинон бовар доранд, ки маҳз зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин амалҳо даст доранд.

Зимнан, ҳамасола ҳудуди як миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор озими минтақаҳои гуногуни Русия мешаванд. Дар канори дарёфти муҷҷавизи кор ва супоридани имтиҳонҳои забони русиву қонун ва таърихи Русия, онҳо пайваста мавриди ҳамлаи миллатгароёни рус қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG