Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

9 000 000 фирор аз Facebook. Танҳо дар USA


Як пажӯҳиши тоза нишон додааст, ки корбарони Фейсбук умдатан аз тарси роҳ ёфтани бегонаҳо ба ҳарими хусусӣ ва иттилои шахсии онҳо ин шабакаро тарк мекардаанд

Дар ин пажӯҳиши профессори равоншинос аз Донишгоҳи Австрия, аз миёни 600 нафар бештар аз 48 дар сади онҳо гуфтаанд, ки ба хотири ҳифзи иттилооти шахсӣ ва роҳ наёфтани бегонагон ба ҳарими хусусиашон саҳифаи хешро дар Фейсбук “бо дастони хеш куштанд” ва ё аз байн бурдаанд.

Стефан Штигер, профессор ва равоншиноси Донишгоҳи Австрия ва муаллифи ин пажӯҳиш ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар пажӯҳиши мо, маълум шуд, ки сабабҳои тарки Фейсбук зиёд будааст,вале аксарият сабаби аслиро, масъалаи ҳифзи иттилооту ҳарими хусусӣ ва ҳарос аз пайдо кардани эътиёд ба Фейсбук номидаанд. Як сабаби дигар фишори иҷтимоӣ, яъне “пазируфтани пайвастаи дустон” ва ё будааст, ноқаноатмандии умумӣ аз Фейсбук будааст. Чизи аҷиб барои мо ин буд, ки баъзеҳо дар умум дигар хоҳиши будан дар Фейсбукро гум кардаанд. “

Бренда Уидерҳолд, муҳаррири як маҷаллаи махсус дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ ва амният дар Интернет ба рӯзномаи “Дейли Мейл”-и Бритониё, гуфтааст, ки баъди фошкориҳои Эдвард Сноуден, маъмури собиқи иттилоотии Иёлоти Муттаҳида мардум бештар эҳтиёткор шудаанд ва мумкин аст, аз ин сабаб бору банди худро аз Фейсбук бардошта бираванд. Эдвард Сноуден як барномаеро фош кард, ки бар тибқи он маъмурони амниятии Иёлоти Муттаҳида метавонистаанд, имейлу саҳифаҳои хусусии корбарони Интернет дар саросари ҷаҳонро боз кунанду бубинанд.

Стефан Штигер мегӯяд, дар воқеъ тарки Фейсбук кардани корбарони ин шабака, албатта на теъдоди зиёд, вале ҳамчунон идома дорад: “Ба фикри ман, ин раванд чанд сол аст, ки идома дорад. Онгуна ки ман гуфтам, пажӯҳиши мо соли 2010 анҷом шуд ва тарки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам як масъала аст. Ба андешаи ман раванди устувори пайвастани афроди нав ба Фейсбук ва раванди устувори тарки ин шабака кардани корбарон идома дорад. Ба андешаи ман, чунин тамоюл идома хоҳад кард.


Як пажӯҳиши торнамои Сошиал Бейкер, моҳи апрели соли равон нишон додааст, ки 9 миллион нафар дар Амрико ва 2 миллион нафар дар Бритониё саҳифаҳои Фейсбуки худро маҳв кардаанд. Як омили дигари тарки Фейсбук, ба гуфтаи Стефан Штигер, тарс аз мӯътод шудан ба Интернет ва ё ҳамин шабака будааст. Дар пажӯҳиши донишманди австриягӣ 6 дар сади онҳое, ки аз Фейсбук рафтаанд, гуфтаанд, ки эҳсос кардаанд, ки ба ин шабака беш аз ҳад одат мекунанд: “Фейсбук як имкони дигари бароварда сохтани ниёзҳои хусусии инсон масалан муошират, нашри иттилоъ ва ё хабардор шудан аз аҳволи дӯстон аст. Дар воқеъ афроде ҳастанд, ки пайваста ҳамин корҳоро мекунанд ва метавонем, бигуем, ки дар онҳо нишонаҳои эътиёд мушоҳида мешавад, аммо наметавон гуфт, ки худи Фейсбук эътиёд бармеангезад. Фейсбук мумкин аст, як роҳи ҳувайдо шудани нишонаҳои эътиёд бошад. “

Дар Тоҷикистон теъдоди корбарони Фейсбук аз 50 ҳазор нафар бештаранд ва теъдоди онҳо бино бар мушоҳидаҳо ба тадриҷ бештар мешавад. Дар бораи онки корбарони тоҷик то чӣ ҳад ба масъалаи ҳарими хусусӣ аҳамият медиҳанд, дар кучаҳои Душанбе бо чанд раҳгузар суҳбат кардем ва посухҳоро аз худашон мешунавем:



Рустам Маҷидов
, хабарнигор ва аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон барои бисёре аз корбарон ҳарими хусусӣ ва амнияти иттилооти шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи дуввумдараҷа аст. Ба ҳамин далел ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон гурехтани оммавӣ аз Фейсбук мушоҳида нашудааст.



Маҷидов:Аксаран онҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ меоянд, барои сӯҳбату муошират ва ошноӣ ворид мешаванд ва маълумоти хусусии худро дар ин шабакаҳо ҷой намекунанд, чӣ Фейсбук, ё чӣ шабакаҳои дигар. Ба ҳамин хотир тарси зиёд аз ҳарими хусусӣ фикр намекунам, ки ҷой дошта бошад. Аммо Фейсбук дар Тоҷикистон бар хилофи дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, масалан Майл ру ва Одноклассники, ҷойи баҳсҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва ғайра аст, ки дар баъзе мавридҳо метавонад, бехатарии шахсро зери суол барад. Аммо инҷо бояд гуфт, он нафароне, ки аз Тоҷикистон дар Фейсбук фикрҳои худро дар бораи масоили сиёсӣ менависанд, ё онҳое ҳастанд, ки аз нуқтаи назари сиёсиву иҷтимоӣ фаъоланд. Ба мисли сиёсатмадорон ва ё нафарони шинохта, ки хоҳ нохоҳ агар дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошад, дар ҷойи дигар дастраси хонандагон хоҳад шуд. Аммо фикр намекунам, ки ин нафарон маълумоти шахсии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ҷой диҳанд, чунки мақсади онҳо мушаххас ҳаст, яъне кор бо корбарон ва расондани маълумот.”

Озодӣ: Пас худи ту боре ҳам нашунидаӣ, ки дар Тоҷикистон аз тарси ба саҳифаи ӯ даст ёфтани афроди бегона, Фейсбукро тарк карда бошанд?


Саҳифаи Озодӣ дар Фейсбук

Саҳифаи Озодӣ дар Фейсбук

Маҷидов: “Бале ҳастанд. Якчанд намунаро ман худам ҳам медонам, ки аз тарси халал ёфтани ҳарими хусусӣ Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро тарк карданд. Аммо шумораи онҳо ба андозае кам аст, ки дар муқоиса ба шумораи нафароне, ки ба ин шабакаҳо пайваст мешаванд, ба маротиб камтар аст ва аслан ҳис карда намешавад. Барои мисол, як шиносам, ки дар оянда мехоҳад ба сиёсат ворид шавад, гуфт, ки бо маслиҳати чанд нафар аз меҳмононе, ки чанде пеш ба конфронси байналмилалии об ба Душанбе омада буданд, мехоҳад, саҳифаи Фейсбуки худро бубандад, чунки мегӯяд, ҳар чизе ки мо дар шабакаи Фейсбук мегузорем ва ҳатто агар худамон онро пок кунем ҳам вале он ба таври комил аз саҳифаи Фейсбук пок намешавад ва дар сурати лозим шудан, чунонки дар ин хусус Эдвард Сноуден ҳам гуфта буд, нафарон агар хоҳиши зиёд дошта бошанд, метавон ба он иттило дастрасӣ дошта бошанд ва он дӯстам мегӯяд, агар замоне ман хостам сиёсатмадор шавам, баъзе чизҳо дар Фейсбук метавонад, ба зарари ман ман анҷом ёбад.“

Озодӣ: Як сабаби дигари тарки Фейсбук мӯҳтавои ин шабака будааст, ки дар гӯшаи тоҷикии он баҳсу моҷаро албатта зиёд аст. Дар Тоҷикистон ин чиз дида мешавад?

Маҷидов: “Соли гузашта чунин мисолҳо буданд, як идда корбарон ба сабаби мӯҳтавои сӯҳбатҳои гурӯҳҳои алоҳида, дилашон аз Фейсбук сард шуда буд, ки асосан онҳо атрофи масоили мазҳабӣ ва сиёсӣ буданд, ки асоси илмӣ ва асоси воқеъӣ надоштанд ва аксарашон бо таҳқири ҳамдигар хатм мешуд. Яъне аз доираи одоби баҳс берун мерафтанд ва ба ҳамин хотир дили мардум сард мешуд. Аммо имсол чун мӯҳтавои аслии Фейсбук, масоили сиёсӣ ва бахусус интихобот аст ва бештари он нафароне, ки дар Фейсбук ҳастанд, мехоҳанд дар ин хусус маълумоти кофӣ дошта бошанд, ба ҳамин хотир имсол шахсан ман, чунин ҳолатро мушоҳида накардаам. Чунин ҳолате, ки маҳз ба сабаби мӯҳтавои шахсони зиёд аз он даст кашида бошанд. “
XS
SM
MD
LG