Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Мирзиёев хостанд нависандаи дигарандешро "сафед" кунад


Нависандаи дигарандеши Узбакистон Маҳмадалӣ Маҳмудов
Нависандаи дигарандеши Узбакистон Маҳмадалӣ Маҳмудов

Гурӯҳе аз адибони Узбакистон аз раисиҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев хостанд, нависандаи 77-сола Муҳаммадалӣ Маҳмудовро, ки дар давраи истиқлолияти Узбакистон 17 солро дар зиндон ба сар бурдааст, аз «доғи судӣ» раҳо кунад.

Ба ақидаи муаллифони хитоба, нависанда ва мухолифи сиёсӣ Муҳаммадалӣ Маҳмудов яке аз нависандагони дигарандеши узбак аст, ки дар давраи шӯравӣ барои истиқлолияти Узбакистон мубориза бурдааст. Вай дар осори худ зери тахаллуси Эврил Турон “қаҳрамонони миллат”-ро, ки зидди ишғолгарони рус ҷангидаанд, ситоиш кардааст ва романи ӯ “Қуллаҳои ҷовид” дар СССР мамнӯъ буд,” – навиштаанд адибони ӯзбек дар нома ба президенти Ӯзбекистон.

Нависандаи 77-сола Муҳаммадалӣ Маҳмудов дар солҳои 1990 ду дафъа бо айбномаҳои ҷиноӣ ва бори савум бо иттиҳоми сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ маҳкум шуда, ба таври умум 17 соли умрашро дар зиндон ба сар бурдааст. Вай 19 апрели соли 2013 аз ҳабс озод шуд.

Романи “Қуллаҳои ҷовид” аз рӯйдодҳои садаи 19 ва муборизаи қавмҳои турк зидди ишғолгарии ҳукумати подшоҳии Русия ҳикоят мекунад. Ин асар соли 2008 дар Фаронса нашр шуда, ношир ва тарҷумони он Филипп Фризон ба озодии Маҳмудов аз зиндон даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG