Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот, аъзои шӯрои вилоятӣ ва сокинони Кундуз дар мавриди суқути ин шаҳр дар чанд рӯзи пеш ба дасти Толибон андешаҳои мухталиф доранд.

Мақомоти пешин, аъзои шӯрои вилоятӣ ва сокинони Кундуз дар мавриди суқути ин шаҳр дар чанд рӯзи пеш ба дасти Толибон андешаҳои мухталиф доранд.

Амриддин Валӣ, муовини раиси Шӯрои вилоятии Кундуз мегӯяд, ки ин шаҳр бинобар бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказӣ суқут кардааст. Ба гуфтаи вай, "аслан бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказӣ вазъияти Кундузро ба ҳамин ҳолат расонид. Борҳо садои худро баланд кардем. Ба раиси ҷумҳур гуфтем, ки вазъияти Кундуз хароб аст ва ба Кундуз таваҷҷӯҳ намоед. Чаро иқдоме накард ва мутаваҷҷеҳ нашуд? Агар таваҷҷӯҳ мекард, имрӯз ҳолат ин тавр намешуд."

Толибон сездаҳ рӯз қабл шаҳри Кундузро тасарруф карданд, аммо мақомоти афғон мегӯянд, ки ҳоло назорати Кундуз ба дасти нерӯҳои амниятӣ буда ва амалиёти поксозӣ дар ин шаҳр идома дорад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз намояндагони парлумони Афғонистон аз Кундуз мегӯянд, ки ин шаҳр ба хотири мудирияти носолими Умар Софӣ -- волии пешини ин вилоят суқут кардааст. Ба навиштаи расонаҳои афғонӣ, Умар Софӣ дар шабурӯзи суқути Кундуз ба даст Толибон, дар Тоҷикистон ба сар мебурд.

Абдулвадуд Паймон, як вакили парлумони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз авомил аз даруни низомӣ бо Толибон ҳамкорӣ карданд ва Толибон аз тариқи онҳо оҳиста-оҳиста дар дохили шаҳр ҷобаҷо шуданд ва ба якборагӣ пушти сари хатти дифоъ соати сеи шаб ҳамла карданд.

Аммо мақомоти пешини Кундуз мегӯянд, ки иллати асосии суқути шаҳри Кундуз фаъолиятҳои зидди ҳукуматии бархе мадрасаҳо дар ин шаҳр мебошад. Муҳаммад Умар Софӣ, волии пешини Кундуз дар ин маврид мегӯяд, ки "яке аз мадорис бо номи Сироҷ-ул-мадорис" ҳафт ҳазор толиб дошт ва ҳар толиби он интиҳорӣ буд. Ин дар ҳоле аст, ки ман борҳо аз давлат тақозо карда, ки ин мадраса иҷозатнома надорад ва бояд баста шавад. Бисёр хатарнок аст. Иллати ин, ки шаҳр чигуна суқут кард, ҳамин буд, ки ҳамин толибон дар дохили шаҳр барои гурӯҳи Толибон заминасозӣ мекунанд".

Оқои Софӣ ҳамчунин фаъолияти ду ҳазор шахси мусаллаҳи ғайри масъул ва ҳимояти онҳо аз Толибонро сабаби дигари суқути шаҳри Кундуз унвон кард.

Аммо бошандагони шаҳри Кундуз дар мавриди ин ҳодиса назари дигар дигар доранд. Як сокини ин шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати суқути Кундуз ин аст, ки дар ин шаҳр ҳеҷ ҳамоҳангӣ вуҷуд надошт. Нерӯҳои амниятӣ се рӯз қабл хабар доштанд, ки Толибон ба Кундуз ҳамла мекунанд, аммо овози мардуми Кундузро нашуниданд.

Мақомоти баландпояи ҳукумати Афғонистон низ дар мавриди суқути Кундуз назарҳои мухталиф доранд. Нурулҳаққ Улумӣ, вазири умури дохилии Афғонистон дар ҷаласаи суолу ҷавоби парлумон гуфтааст, ки иллати суқути бархе аз шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба дасти Толибон, дасисаи нави Покистон мебошад. Оқои Улумӣ мегӯяд, ки бар асоси ҳамин дасиса, Покистон ҳамлаварони интиҳориро дар хоки худ омӯзиш дода ва онҳоро ба хоки Афғонистон мефиристад.

Аз сӯи дигар, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон низ дар нишасти шӯрои вазирони он кишвар гуфтааст, ки сабаби асосии ноамниҳо дар Афғонистон, ҳимояти Покистон аз мухолифони мусаллаҳ мебошад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба нотавонии ҳукумат дар тасарруфи Кундуз эътироф карда ва гуфтааст, ки контроли шаҳри Кундуз ба дасти Толибон ҳам як дасиса буд.

Дар ҳамин ҳол Раҳматуллоҳ Набил, раиси умумии амнияти миллии Афғонистон дар парлумон ба хотири суқути шаҳри Кундуз аз мардум узрхоҳӣ кард: "Аз ин ки натавонистем аз фоҷиаи Кундуз ҷилавгирӣ кунем, аз мардуми Афғонистон ва мардуми Кундуз маъзарат мехоҳем."

Аз сӯи дигар, Давлати Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон бо ишора ба фоҷиаи Кундуз гуфт, ин як ҷанги истихборотӣ буда ва Толибон бояд бидонад, ки ҳукумати Афғонистонро шикаст дода наметавонанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар Кундуз мегӯянд, ки дар даргирии сездаҳрӯзи ахир афроди зиёди ғайринизомӣ кушта шуда ва шумораи зиёд захмӣ шудаанд. Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин даргириҳо то кунун ҳудуди чаҳорсад ҷангии толиб кушта шудааст.

Аммо вай дар мавриди шумораи кушташудаҳо дар миёни нерӯҳои давлатӣ маълумот надод. Бинобар даргириҳои ахир дар шаҳри Кундуз, ҳазорон нафар овора шуда ва ба вилояти ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG