Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Ғарб Озарбойҷонро намебинад?


Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон мехоҳанд аз худ симоҳои Исломи мӯътадилро нишон диҳанд.

Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон мехоҳанд аз худ симоҳои Исломи мӯътадилро нишон диҳанд.

Дар пушти нодидагириҳои Ғарб аз поймол шудани озодиҳои демократӣ дар Озарбойҷон чӣ истодааст? Чаро Амрикову Аврупо ба он чӣ, ки дар ин кишвари саршор аз нафту газ мегузарад, чашм мепӯшанд?

Бо вуҷуди боз як соли нақзи густардаи ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон, бо шумули ҳабси фаъолону журналистон ва бастани чандин созмони ғайридавлатӣ, мақомоти давлатии Аврупову Амрико аз ҳокимони ин кишвари пасошӯравӣ хеле боэҳтиёт танқид мекунанд.

Оё пушти чунин рафтори боэҳтиёт нисбат ба Боку ва ҳукумати Илҳом Алиев чӣ истодааст? Барои ёфтани посухи ин пурсиш, ибтидо нигоҳе меафканем ба манфиатҳои стратегии Ғарб дар ин кишвари саршор аз манобеи нафту гази Қафқоз.

Манбаи алтернативии таъмини энержӣ

Аврупо аз ин ки вобастагии зиёдаш ба Русия дар масъалаи таъмини газ чӣ маъно ва чӣ оқибатҳое дорад, сабақ гирифтааст. Қатъи интиқоли газ дар айни авҷи сардӣ дар моҳҳои январи солҳои 2006 ва 2009 тарсу таассуроти фаромӯшношудание барои аврупоиҳо боқӣ гузошт. Низои кунунии Русия бо Украина, ки аксари лӯлаҳои гази Русия аз қаламрави ҳамин кишвар мегузарад, ба маъноест, ки таҳдиди бегаз мондани Аврупо дар авҷи сармо метавонад такрор шавад. Бавижа ҳоло, ки барномаи бунёди лӯлаи навбатии гази Русия бо номи Маҷрои ҷанубӣ ноком шуд.

Коридори ҷанубӣ

Коридори ҷанубӣ

Озарбойҷон ба сари худ роҳи ҳалли ин мушкил нест. Тавлиди солонаи гази ин кишвар баробари танҳо 5 дарсади ончист, ки Русия ба бозор мебарорад. Вале такмили Коридори гази ҷанубӣ, ки қарор аст, алакай дар соли 2019 аз тариқи Гурҷистону Туркияву Юнон ба ҷануби Итолиё газ биорад, боиси оғози сабқати нархҳо дар бозори Аврупо шуда, тавоноиҳои Русия барои истифодаи энержӣ ба ҳайси силоҳи сиёсиро заифтар мекунад. Ва ин як ҳадафи таъкидшаванда дар сиёсати ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам Ийолоти Муттаҳидаи Амрикост.

Вале ин ҳолат Озарбойҷонро ҳам дар як мавқеъи начандон хушоянде қарор медиҳад, ки мабодо ин иқдомҳояш мояи нороҳатии Маскав шавад. Ба ин далел, Брюссел ва Вошингтон маҷбуранд ба хотири ҳифзи маҷрои гази Озарбойҷон ба самти Ғарб худро дар як мавқеи муттаҳиди вафодори Боку нишон бидиҳанд.

Нақши вижаи Озарбойҷон дар барномаи ҳамсоягии стротегӣ

Бархе кишварҳои хурд дар миёни ҳамсояҳои қудратманде, назири Русия, Эрон ва Туркия худро дар як ҳоли асабоният эҳсос мекунанд. Аммо на Озарбойҷон.

Боку бо он сарвати бузерге, ки дорад, тавонистааст дар муқобили фишорҳои нуфузҷӯиҳои дубораи Маскав ба гунае истодагарӣ кунад. Коре ки ҳамсояҳои фақиртараш – Гурҷистон ва бавижа Арманистон – натавонистанд. Озарбойҷон аз лиҳози таърихӣ ва забонӣ бо Туркия наздик буда, аз нигоҳи мазҳабӣ ба Эрон умумият дорад, чунки аксари озариҳо пайрави мазҳаби шиа мебошанд. Ва шумори қобили мулоҳиза ва овозашон ба ҳадде баланди ақалияти озарии сокини шимоли Озарбойҷон ормони сохтани “Озарбойҷони бузург”-ро дар сар мепарваранд. Низои ҷудоиталабонае, ки Эрон намехоҳад ба он роҳ диҳад.

Озарбойҷони дунявӣ, мусалмоннишин ва дӯст бо Исроил

Дар ҳоле ки нигаронии Ғарб аз ифротгароии исломӣ меафзояд, раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев як намунаи ба таври истисноӣ нодири раҳбари дунявии муваффақ дар як кишвари мусалмониро ба намоиш мегузорад.

Ҳатто ҳоло, ки дар Туркия дар аҳди раёсати Раҷаб Таййиб Эрдуғон чархи ҷомиа ҳарчӣ бештар ба сӯи исломгароҳо мегардад, Илҳом Алиев ва ҳамсари либоспӯшиаш аксар вақт хеле озодонаи ӯ Меҳрубон ба нишон додани симоҳои Исломи шиаи муосир аз худ бартарӣ медиҳанд.

Масҷиди Боку

Масҷиди Боку

Режими Алиев диндоронеро, ки равияҳои хориҷ аз қоидаҳои таъинкардаи давлатро пайравӣ мекунанд, таъқибу саркӯб мекунад ва танҳо аз рӯҳониёне, ки худи давлат иҷозат додааст, пуштибонӣ мекунад. Пойфишории Озарбойҷон ба Исломи мӯътадил ин кишварро як муттаҳиди мусалмонии ҷаззоб барои Ғарб табдил медиҳад. Боку ҳамчунин наздиктарин шарики Исроил дар байни кишварҳои мусалмонист ва дар ивази шабакаҳои мушакандозу ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмингари аршади Исроил бо нафт шудааст.

Ҳимоят аз фарҳангу варзиш

Озарбойҷон хеле зуд дарк кард, ки дар ивази чӣ метавонад машрӯият ба даст биорад. Меҳрубон Алиева, хонуми аввали Озарбойҷон, ки дар соли 2005 сафири ҳусни нияти ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ – шуд, барои тармиму бозсозии ёдгориҳои таърихие, чун осорхонаи Лувр, қасри Версал ва калисои Страссбург маблағҳои ҳангуфте сарф кард. Режими ҳоким барои аз худ нишон додани як низоми ҳомии фарҳанг дар дохили кишвар низ зиёд сармоягузорӣ мекунад.

Crystal Hall, ки маҳз барои баргузории Eurovision 2012 сохта шуд

Crystal Hall, ки маҳз барои баргузории Eurovision 2012 сохта шуд

Боку танҳо барои мизбонии озмуни Eurovision дар соли 2012 то 75 миллион доллар харҷ кард, барои боло бурдани обрӯяш дар байни аҳли ҳунар меъмори фаронсавӣ Жан Новелро барои бунёди осорхонаи осори ҳунарӣ даъват кард ва барои ташвиқу таблиғи осори рассомони озарӣ дар хориҷӣ низ пулҳои бузургеро ба гунаҳое ғариқулодда сарф мекунад.

Дар моҳи июни соли 2015 Озарбойҷон мизони нахустин Бозиҳои Аврупо хоҳад шуд, ки бо ҷалби 6000 варзишгар дар 20 навъи варзиш бояд нусхаи хурди Бозиҳои олимпӣ шавад. Бархе нозирон аз ҳоло ин иқдомро ба доди интиқод кашида, онро мукофоти Озарбойҷон барои поймол кардани ҳатто ҳуқуқи аслии инсон номидаанд. Вале созмондиҳандагони ин мусобиқотро бештар ваъдаи харҷи, бино ба хабарҳо, то 10 миллиард доллар барои бунёди иншооти лозим барои баргузории Бозиҳои Аврупо ба ваҷд овардааст, то мушкилоти ҳуқуқи инсон.

Озарбойҷон дӯстони бонуфуз дорад

Озарбойҷон муддати тӯлоние ба истифода аз “дипломатияи тухми моҳӣ”, яъне истифодаи қоливу ҷавоҳирот, роҳхатҳои сайёҳӣ ба ин кишвар ва ҳатто тухми моҳӣ барои пайдо кардани дӯстон ва сиёсатсозони бонуфуз дар хориҷ айбдор мешавад. Мунтақидон мегӯянд, ин шева алакай бор дода истодааст ва барои мисол, Шӯрои Аврупо - нозири умдаи масоили демократӣ дар ин қора – дар солҳои охир лаҳни сӯҳбатҳояш дар бораи Бокуро хеле нармтар кардааст. Ва ҳатто дар ҳоле ки ин кишвар ба саркӯби мухолифонаш идома медод, дар соли 2014 раҳбарии Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупоро ба Озарбойҷон супурданд.

Меттю Бриза

Меттю Бриза

Дар Амрико низ як силсила аз мақомҳои собиқи дипломатӣ бароҳатӣ мавқеи наздик ба режими ҳокими Озарбойҷонро гирифтаанд. Яке аз онҳо сафири собиқ дар Боку Меттю Бриза аст, ки ҳоло дар Шӯрои мудирони ширкати энержии Озарбойҷон нишастааст. Стенли Эскудеро, нахустин сафири Амрико дар Тоҷикистон, мушовири ширкатҳоест, ки роҳҳои сармоягузорӣ ба Озарбойҷонро меҷӯянд. Муовини собиқи вазири хориҷаи Амрико Ричард Армитейҷ як муддат ҳамраиси гурӯҳи лоббигари Озарбойҷон дар Вошингтон буд.

Ҳамин тавр, ба 3 мушовири собиқи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои суханронӣ дар Озарбойҷон пул додаанд. Шоҳзодаи Бритониё Эндрю низ ба далели мулоқотҳояш бо Илҳом Алиев ва сафарҳояш ба Боку дар солҳои охир мавриди интиқодҳо қарор гирифта буд. Бренда Шаффер, пажӯҳишгари Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва яке аз мубаллиғони умдаи нақши Озарбойҷон ба ҳайси шарики Ғарб дар масоили энержӣ, низ дар SOCAR - ширкати давлатии энержии Озарбойҷон ба ҳайси мушовири масоили стротегӣ кор мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG