Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди “Авруосиё” мегӯяд, ки майли ҷавонони тоҷик ба тундгароӣ на ҳамеша ба вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи дониши онҳо бастагӣ дорад.

Бино бар натиҷаҳои пажуҳиши бунёди байналмилалии "АвруОсиё", дар Тоҷикистон, ҷавонҳое низ тундгаро мешаванд, ки зиндагии роҳат ва маълумоти олӣ доранд.

Равшан Абдуллоев, раҳбари намояндагии бунёди “Авруосиё” дар Тоҷикистон, мегӯяд, ин пажӯҳиш ҳудуди 2,5 ҳазор ҷавони ноҳияҳои Масчоҳ, Исфара, Шӯрообод, Мӯъминобод ва Шаҳритузро фаро гирифта буд: «Дар минтақаҳое, ки барои зиндагӣ ва рушди ҷавонон шароити нисбатан беҳтар фароҳам аст, назар ба ноҳияҳое, ки вазъи бадтар доранд, мизони тундагароӣ бештар аст. Масалан, дар ноҳияҳои Масчоҳ ва Исфара, ки шумораи зиёди ҷавонони тундгаро ҳабс шудаанд, нисбати навоҳии Хатлон вазъи иқтисодӣ беҳтар аст. Яъне соҳибкории хурду миёна дар ҳоли рушд аст, заминҳои ҳосилхез зиёданд ва аксарияти ҷавонон соҳибмаълумотанд. Аммо чун ҷойҳои махсуси тафреҳӣ мавҷуд нест, аксаран ҷавонҳо танҳо мемонанд ва эҳтиёҷ ба гурӯҳҳое пайдо мекунанд, ки онҳоро қабул намояд. Ягона ҷое, ки ҷавонон имконияти вақтгузаронӣ ва сӯҳбатро доранд, ин масҷидҳо мебошанд ва аксаран гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро дар ҳамин макон ба доми худ мекашанд.»

Равшан Абдуллоев

Равшан Абдуллоев

Ба таъкиди ҷаноби Абдуллоев, ҳолатҳое, низ сабт шудаанд, ки бархе аз ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдида, бо рӯҳониёни маҳаллӣ баҳсҳо барпо мекунанд ва бо ин таваҷҷӯҳи ҷавононеро, ки машғулияти муайян надоранд ба худ ҷалб месозанд.

Аммо Тилав Расулзода, таҳлилгари тоҷик, ки низ ба таҳқиқи тундгароӣ дар Тоҷикистон машғул аст, қашшоқӣ ва нодонии ҷавонони тоҷикро омили асосии пойбанди гурӯҳҳои ифротӣ шуданашон медонад: «Агар шумо мутаваҷҷеҳ шуда бошед Ҳизби Таҳрир асосан дар он кишварҳои Осиёи Миёна, фаъолият мекунад, ки аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ақибмондаанд. Масалан, дар дигар кишварҳои мусалмонӣ, ки аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаанд Ҳизби Таҳрир қариб вуҷуд надорад. Мавриди ҳадаф қарор гирифтани мардуми тоҷик ҳам,аз он ҳаст, ки бештар осебпазиранд ва камбизоатӣ баъзан водор месозад ки барои дарёфти як миқдор маблағ ба ин ё он гурӯҳ бипайванданд.»

Дар ҳамин ҳол ба таъкиди пажӯҳишгарони бунёди “Авруосиё”, ҳарчанд раванди ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик ҳанӯз «доғ» нест, омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иттилоотӣ дар ояндаи наздик метавонанд ба рушди ғайри интизори тундравӣ сабаб шавад.

Шералӣ Ризоев, яке аз ин пажӯҳишгарон, ки барои муайян кардани сабабҳои иҷтимоиву иқтисодии ифротгароӣ дар Тоҷикистон бо коршиносони ин соҳа сӯҳбатҳо анҷом додааст, гуфт, ифротгароӣ ба тамоми табақаҳои ҷавонон таҳдид дорад: «Аз нигоҳи коршиносон дар ҳаёти воқеии ҷомеа ақидаҳои ифротӣ ба мушоҳида намерсад, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин сӯҳбатҳо ҷой доранд. Ба он маънӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб ба ҳар сурат миёни ҷавонон дида мешавад. Аммо агар ин ҷо эҳсоси шаҳрвандӣ ва андешаи давлатдорӣ дар ҷавонон рушд ёбад, онҳо ҳама вақт худро аз ин гуна зуҳурот канор мегиранд.»

Аммо ба қавли таҳлилгарон, ҳузури шиор ва баҳсҳои тундагароёна дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маънии гароиши ҳатмии ҷавонон ба ин равандҳои номатлуб нест.

Абдумалик Қодиров, раҳбари дафтари Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Бритониё дар Душанбе, бар ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз таваҷҷӯҳи худро ба тундагароии исломӣ равона кардааст ва аз тундгароиҳои дунявӣ чашм мепӯшад. Ҷаноби Қодиров афзуд, «агар ҷавонон маърифати диниву фарҳангӣ ва шаҳрвандӣ надошта бошанд, ақидаҳои дигарро таҳаммул карда наметавонанд ва ҳамеша барои пешбурди ақидаи худ ва тағйири вазъият аз қувва истифода мебаранд. Мо метавонем аз ҳоло пеши роҳи ин равандро бигирем. Мутаассифона, аҳмият ба ин тарафи масъала дар ҷомеа кам аст. Мо мехоҳем имрӯз ҷомеа ба ин тарафи маъсала, ки нозук аст, таваҷҷӯҳ намояд ва илоҷи воқеаро қабл аз вуқӯъ биандешад.»

Ин ҳама гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи ду соли охир пайваста таъкид мекунад, ки бояд ҳушу зеҳни ҷавонон аз нуфузи тундгароии динӣ маҳфуз монад. Гуфта мешавад, дар чанд соли гузашта мақомот даҳҳо тан аз сокинони то чиҳилсоларо барои ифротгароӣ ва узвияташон дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи динии “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизби Таҳрир” ва “Ҷунбиши исломии Узбакистон” боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

Пажӯҳиши намояндагии бунёди “Авруосиё” дар Тоҷикистон нишон дод, ки омӯзиш ва бархӯрд ба тундгароӣ дар кишвар ҳамоно нотамом ва таззодомез аст ва сиёсати густарда, аммо борики бархӯрд бо тундгароӣ ҳанӯз ба миён наомадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG