Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳо ба шумораи нави “Шарлӣ Эбдо” баёнгари амиқтар шудани вартаи ҷудоӣ дар ҷаҳон ва баҳси нави дигарбораи “марзҳои озодии баён” шудаанд.

“Хашми худро фурӯ нишонед ва ин бозии нохушро нодида гиред” – хитоб карданд уламои Ал-Азҳар дар як изҳорот ва “Маҷалла таваллуди дигар ёфт, то арзишҳои ҷомеаи моро ҳифз кунад”, -- гуфт раисиҷумҳури Фаронса.

Шӯрои уламои Донишгоҳи Ал-Азҳар афзуд: “зеро меҳрубонӣ ва инсонгарии Паёмбар (с)он қадар бузург ва баландмартаба аст, ки аз расмҳои беадабона осебе нахоҳад дид.”

“Шарлӣ” зиндааст ва зинда хоҳад монд,” – гуфт Франсуа Олланд баъд аз нашр шудани шумораи нави маҷаллаи ҳаҷвӣ.

Як нусха аз шумораи, ба навиштаи “Money”, “таърихӣ”, дар музоядаи "eBay" 118 000 доллар ба фурӯш рафт. “Шарлӣ Эбдо”, ки пеш аз ҳамла ба дафтари он дар Порис ҳамагӣ 60 000 нусха ба нашр мерасид ва дар остонаи варшикастагӣ буд, бино бар талаботи афзун теъдоди ин шумораашро ба 5 миллион нусха расонд.

Туркия ва Миср фурӯши онро манъ карданд, садҳо нафар аз мусулмонон дар Филиппин хӯсаи онро ба оташ кашиданд ва бахши ямании Ал-Қоида масъулияти ҳамла ба дафтари маҷалларо бар дӯш гирифт.

Ҳамлаи 7 январ ба идораи маҷаллаи "Шарлӣ Ебдо"

Ҳамлаи 7 январ ба идораи маҷаллаи "Шарлӣ Ебдо"

Нашрияҳои Русия, аз ҷумла “Комсомолская правда” Амрикоро масъули ин ҳамла номид, ки гӯё Олландро барои лағви таҳримҳои зидди Русия “ҷазо” додааст. Маҷаллаи “Breitbart” менависад, “бо эҷодкорӣ дар ҷустуҷӯи гунаҳкорон сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон Ғарбро муттаҳам мекунад ва шаҳрдори Анкара Исроилро”. Ба сурати умум воқеа шарҳу тафсиру таҳлилҳои гуногун ва ҳатман, назарияҳои тавтеаро ба миён овардааст.

Дар як мақолаи муштарак Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Дейвид Кемерон, сарвазири Бритониё навиштанд, ки ду кишвар зидди онҳое, ки арзишҳояшон ва тарзи зиндагияшонро таҳдид мекунанд, канори ҳам хоҳанд истод. Онҳо афзудаанд: "Дар ҷаҳон зиёда аз як миллиард мусулмон аст, ки аксарияти густардаи онҳо аз он бадие, ки террористон аз номи Ислом амалӣ мекунанд, ба дод омадаанд. Иёлоти Мутаҳида ва Бритониё муштаракан ҳамкории наздикро бо ҳамаи онҳое идома медиҳад, ки ба сулҳ ва таҳаммулпазирӣ бовар доранд. Террористон танҳо вайрон карданро медонанд, вале якҷоя мо метавонем чизи бениҳоят нерӯмандтаре дошта бошем: бунёди амният, таҳкими адолат ва пешбурди сулҳ."

СИМОИ ПАЁМБАР

Ҳадисҳои набавӣ паёмбари исломро як инсони комил қаламдод мекунанд, ки на танҳо каломи Оллоҳоро мерасонад, балки бо гуфтору рафтори худ мавриди муҳаббати беканори ҳар мусулмон қарор мегирад. Аммо нишон додани симои ӯ мамнӯъст, ҳарчанд олим ва таърихнигори ислом Ибни Ҷарир ат-Табарӣ қадду чеҳраи паёмбар, чашмон ва ришу мӯйи эшон, роҳгардӣ, нигоҳ ва шеваи сухани эшонро бо сухан тасвир намудааст. Манъи намоиши симои расули акрам (с) сабаб гашта, ки на танҳо дар олами ислом, балки дар кишварҳои дигар низ расму наққошие бо симои ӯ пайдо нашудааст. Ҳатто дар филмҳои Ҳолливуд агар тани паёмбари ислом нишон дода мешавад, ҷойи чеҳраи ӯро як доираи нур пӯшондааст.

Ба ин сабаб аст, ки тасвирҳои танзомези паёмбари ислом аз замони рӯ заданашон мавриди хашму эътирози мусулмонон қарор гирифт.

Матлаби Мустафо Акйол дар "Ню Йорк Таймс"

Матлаби Мустафо Акйол дар "Ню Йорк Таймс"

Нависандаи турк Мутафо Акёл дар «New York Times”навишт: “Масхараи Муҳаммад, буд ё ҳамин гуна хаёл мешавад, ин масъала ҳамеша дар маркази ҳамаи баҳсҳои марбут ба таҳқири муқаддасот будааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи паёмбарон дар ислом муқаддасанд, аз ҷумла Иброҳим, Мӯсо ва Исо низ. Ҳарчанд маҷаллаҳои ҳаҷвӣ, ба монанди “Шарлӣ Эбдо” онҳо ва ҳатто Худоро дар матни яҳудия, насрония ва ислом мавриди танз қарор медиҳанд, танҳо барои тамасхур ба Паёмбар Муҳаммад ҳадафи хушунат мешаванд.”

Вай меафзояд, ки дар Қуръон танҳо як ҷазои тавҳин ба муқаддасот мавҷуд аст, ки “набояд паҳлуи чунин шахсон нишаст.” Ва “хашм чизе ба ҷуз аз нишонаи хомӣ нест. Қудрати ҳама гуна дин на аз зулм ба мунаққидон ва дигарандешон, балки аз покии ахлоқ ва нерӯи ақлонии пайравонаш бармехезад.”

Пас, ба хулосаи ӯ, уқда дар ҷои дигар аст, ки бояд мусулмонон сари он фикр кунанд.

ОЗОДИИ СУХАН Ё ДУРӮЯГӢ?

Аммо пуршӯртарин баҳс дар матбуоти ҷаҳонӣ сари марзҳои озодии баён меравад. Бархе аз нашрияҳо барои намоиши ҳамраъйии худ бо кормандони кушташудаи “Шарлӣ Эбдо” танзҳои ин маҷалларо бознашр мекунанд, вале бархи дигар аз такрори роҳи ин нашрия парҳез. Рӯзномаи туркии “Ҷумҳурият” чаҳор сафҳа аз танзҳои “Шарлӣ Эбдо”-ро бознашр кард, ба истиснои тасвири муқова, яъне паёмбари ислом дар ҳоли гиристан ва бо шиори “Ман Шарлӣ ҳастам” дар даст.

“Huffington Post” ду назари мухолифро ба нашр расонд. Меҳдӣ Ҳасан, мудири сиёсии ин нашрия дар блоги худ менависад, ки “ҳамчун як мусулмон аз дурӯягии бунёдгароёни озодии сухан” ба дод омадааст. Вай аз онҳое, ки ҳамла ба “Шарлӣ Эбдо”-ро ҳамла ба озодии сухан, бархӯрди “Ғарби рӯшану либерал бо мусулмонони барбар” меноманд, хоҳиш мекунад, якрӯ бошанд.

Вай меафзояд: “Мо ҳама мувофиқем, ки ба хотири қонун ва тартибот намешавад марзҳоеро гузашт. Ё ба хотири завқ ва одоб. Мо танҳо сари он номувофиқем, ки ин марзҳо бояд аз куҷо гузаранд.”

Раҳпаймоии Порис ба ҳимоят аз "Шарлӣ Эбдо"

Раҳпаймоии Порис ба ҳимоят аз "Шарлӣ Эбдо"

Меҳдӣ Ҳасан бо маҳкум кардани куштор дар идораи маҷаллаи ҳаҷвӣ барои мухотабони худ, яъне ҳомиёни озодии сухан ин суолҳоро пеш мегузорад, ки оё дар маҷаллае дидаанд, ки Ҳолокост масхара шуда бошад? Ё қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр? Ва агар шахсе бо эътимод ба озодии баён шиори “Мар Шарифам”, яъне бо номи қотили кормандони “Шарлӣ Эбдо” ба раҳпаймоии миллионии Порис мебаромад, издиҳом бо ӯ чӣ мекард?

Дар идомаи навиштааш, Меҳдӣ Ҳасан аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки барои бархе аз нашрияҳо “ҳаққи ҳамла” ба “вазифаи ҳамла” табдил ёфтааст. Вай намуна меорад, ки “Шарлӣ Эбдо” вазири адлияи Фаронса Кристиан Табуираро, ки сиёҳпӯст аст, ба сурати маймун ва донишманд Эдвард Саидро бо биннии бузургу овезони арабӣ тасвир карда буд. Ва ё дар соли 2008 рассоми собиқадори худ Морис Синеро бо иттиҳоми яҳудбадбинӣ аз кор ронда буд. Муаллиф ин ҳамаро ба майли нажодпарастонаи маҷалла рабт медиҳад.

"МАВЗӮЪ ДИГАР АСТ"

Аммо Лилиана Бурд дар посух ба ин блог боз ҳам дар “Huffington Post” менависад: “Онҳо танҳо барои он ки шуморо ба хашм оварданд, нажодпараст нестанд.” Вай меафзояд, дар ҳоле кормандони маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” нажодпараст ё исломбадбин номида мешаванд, ки онҳо аз рӯйи ақидаи сиёсии худ чапгароянд ва борҳову борҳо зидди нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ танзҳо нашр кардаанд. Ба ақидаи бисёриҳо маҷалла Ҷабҳаи Миллӣ ва хонаводаи Ле Пенҳоро, ки ақидаҳои миллатгароёна ва бегонаситез доранд, аз душманони асосии худ мешумурдааст. Сипас ҳукуматдорон ва коррупсияро ва танҳо он гоҳ динҳоро ҳамчун шабакаҳои созмонёфта. Ба қавли Лилиана Бурд, маҷалла ба сурати умум зидди қудратмандон аст, чӣ сиёсӣ ва чӣ мазҳабӣ ва ҳеч минтақае барояшон берун аз танқид нест.

Муаллиф намуна меорад, ки дар “Шарлӣ Эбдо” Попи Рум ҳам ҳаҷв шудаасту рабии яҳудии ортодокс ва ҳам Исои Масеҳ. Яке аз кормандони маҷалла гуфтааст, ки онҳо тундравонро масхара мекунанд ва “тундравон метавонанд насронӣ бошанд ё яҳудию буддоӣ ва мусулмон.”

Тазоҳуроти мусулмонон дар Олмон

Тазоҳуроти мусулмонон дар Олмон

Лилиана Бурд ронда шудани рассоми собиқадори маҷалларо амале меномад, ки хеле пештар ба вуқӯъ пайваста, ба дунболи он сардабире, ки ин корро кард, низ ронда шуд. Ва тасвири вазири адлия Кристиан Табуира аз нашрияи дигар бо назари танқидӣ иқтибос шуда, худи вазир он нашрияро ба додгоҳ кашид, на “Шарлӣ Эбдо”-ро ва пирӯз шуд.

Блогнавис мегӯяд: “Яҳудия пайваста дар маҷалла ҳаҷв шудааст. Дастаи “Шарлӣ Эбдо” хеле зиёд тарафдори Ғаза буда, бештар аз амалиёти Исроил дар низоъ бо фаластиниҳо танқид кардааст. Як силсилаи танзҳо “Як дастур барои рӯз: Тора (китоби муқаддаси яҳудиён) дар ороиши Шарб (рассом ва сардабир маҷалла)” ном дошта, дар он тазоди яҳудиён бо дини худашон ҳангоми муносибат бо фаластиниҳо нишон дода шудааст. Марди яҳудӣ аз пушт ба зани фаластиние аз силоҳ тир меандозад ва хитоб мекунад: “Мана, бигир Голиаф!”

Бо дифоъ аз ҳаққи маҷалла ва таъкиди ин ки танқид ҳамеша сахт мерасад, Лилиана Бурд менависад, мавзӯъ қатли бераҳмонаи журналистон аст, на озодии баён.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG