Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Донишкадаи исломӣ мегӯянд, ягон устоди ин муассиса китобҳое бо номи "72 саволу ҷавоб" ва "Усули салоса" нанавиштааст. 12 нафар дар ин ҳафта барои таблиғи ҳамин китобҳо пайрави Салафия эълон ва маҳкум ба ҳабсу ҷарима шуданд.

Масъулони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба устодони ин донишкада рабт додани китобҳои динии “72 саволу ҷавоб” ва “Усули салоса”-ро рад карданд. Ин дар ҳолест, наздикони 12 нафаре, ки бо иттиҳоми узвият дар пайравӣ бо ҷараёни салафия аз ҷониби Додгоҳи олиии Тоҷикистон равонаи зиндон шуданд, иддао доранд, онҳоро барои табъу нашри китобҳое зиндонӣ кардаанд, ки аз ҷониби устодони Донишкадаи исломӣ таҳия шудаанд.

Акрам Ҷамолиддинов, нафаре, ки худро яке аз пайвандони ин гурӯҳи маҳкумшудагон донист, рӯзи 25 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аслан онҳо ҳеҷ амале хилофи мазҳаби дар Тоҷикистон роиҷи Имоми Аъзам анҷом надодаанд, вале бо вуҷуди пешниҳоди далелҳои зиёд маҳкум шуданд. Ба ақидаи ин мусоҳиби мо, иттиҳоми аслӣ нисбат ба ин гурӯҳ ҳамин буд, ки китобҳои “72 саволу ҷавоб” ва “Усули салоса”-ро нашр ва паҳн кардаанд. Дар асл, ба гуфтаи Ҷамолиддинов, ин китобҳоро устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон таҳия карда, ин гурӯҳи ҷавонон танҳо ба нашри онҳо кӯмак расонидаанд.

Аммо Комилҷон Саидолимов, ноиби ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон иддаои аз ҷониби устодони ин Донишкада навиштани шудани чунин китоберо бепоя хонд. Ӯ гуфт, дар як соли охир устодони Донишкадаи исломӣ 14 номгӯ китоб ба табъ расонидаанд, ки дар миёнашон китобҳое бо номи “72 саволу ҷавоб” ва “Усули салоса” аслан вуҷуд надорад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, агар устоди Донишгоҳи онҳо дар навиштани китобе, ки боиси ҳабси чанд нафар мешуд, саҳм медошт, ҳатман мавриди пурсиш қарор мегирифт. Аммо ба гуфтаи Комилҷон Саидолимов, то кунун ба сари ҳеҷ яке аз устодони ин Донишкада чунин иттифоқе науфтодааст.

Ӯ афзуд: “Ҳар китобе, ки аз ҷониби устодони мо таълиф мегардад, дар Шӯрои олимони Донишкада баррасӣ мешавад ва он ба пуррагӣ омӯхта мешавад, ки то куҷо нашри он манфиатовар аст. Дар сурате ки он хилофи мазҳаб набошад, боиси ихтилоф дар ҷомеа нагардад, мо онро ба раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи дин равон мекунем ва танҳо пас аз гирифтани хулосаи ин ниҳод китобро нашр мекунем. Тамоми устодони мо пеш аз таҳияи китоб сари машварат менишинанд ва талош мешавад, то ба хатогие роҳ дода нашавад.”

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, воқеан, ин ду номгӯи китоб аз сӯи додгоҳ ба онҳо пешниҳод шуда буд ва ташхиси диншиносӣ нишон дод, ки табъу нашри онҳо дар ҷомеа боиси ихтилоф мешавад. Ба ақидаи чанде аз донишмандони улуми исломӣ, дар ин китобҳо андешаҳои салафӣ таблиғ шудаанд.

Аммо Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дин мегӯяд, қаблан ин ду китоб аз ҷониби ҳеҷ нафари алоҳидае барои ташхис пешниҳод нашуда буд. Ба гуфтаи Ғиёсов, соле бештар аз сад китоби мазмуни динидошта аз ҷониби афроди алоҳида барои ташхис пешниҳод мешаванд, ки на ҳамаи онҳо иҷозаи чоп мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Мирзо Каримов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷуз паҳн кардани адабиёти динӣ даҳҳо далели дигаре низ вуҷуд дошт, ки пайрави мазҳаби салафия будани ин гурӯҳро нишон медиҳад: “Онҳо миёни сокинон тарғиби ақоиди ифротгароёна мебурданд, ки ҳангоми мурофиаҳо шоҳидон шоҳидӣ доданд. Инчунин, аз манзили зисташон беш аз 5 номгӯи адабиётӣ моҳияти ифротгароӣ дошта пайдо шуда буд. Додгоҳ, тамоми далелҳоро омӯхта, баъдан ҳукми худро содир кардааст. Яъне, гуноҳи онҳо пурра исбот шуда буд ва аксари онҳо ҳам нишондоди худиқрорӣ дода буданд. ”

Рӯзи 22-уми сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 нафарро барои пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии “Салафия” айбдор дониста, ҳашт тани онҳоро аз 3 то 10 сол равонаи зиндон кард. Чаҳор нафари дигар аз ин гурӯҳ бо пардохти ҷарима ба маблағи 20 000 сомонӣ, ё қариб 4000 доллар “халос” хӯрданд.

Ҷараёни “Салафия” тақрибан даҳ сол пеш дар Тоҷикистон пайдо шуда, пайравонаш бо мтраҳ кардани масоили ҷуӯзъие, чун баланд гуфтани омину паҳн кардани пойҳо ва даст болои сина гузошта намоз хондан ва ҳам кандани санги мазорҳо бо рӯҳониёни суннатӣ вориди баҳс шуданд. Ин гурӯҳ рӯҳониёни суннатӣ ва ҳам тарафдорони ҳизби наҳзати исломиро ҳатто ба бидъат муттаҳам менамуданд. Ибтидо мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки салафиҳо ба амнияти кишвар таҳдиде намекунанд. Фаъолияти озодонаи ин гурӯҳ ҳатто ақидаеро эҷод карда буд, ки мақомот шояд аз он ба хотири муқобила бо ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва рӯҳониёни пурнуфузе, чун Ҳоҷӣ Мирзо ва Тӯраҷонзодаҳо истифода бурданианд. Аммо дар соли 2009, баъди чанд мавриди ба муноқиша печидани баҳси салафиҳо бо рӯҳониёни суннатӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин гурӯҳро қонунан манъ кард.

Нахустин гурӯҳи салафиҳо дар охирҳои ҳамон соли 2009 ба зиндон маҳкум шуданд, ки дар миёнашон Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф бо номи Эшони Сироҷиддин ва писари ӯ ҳам буданд. Ҳоло онҳо аз зиндон озод гардидаанд.

Акнун бовар меравад, ки аксари ҷангиёни тоҷик маҳз асосан таҳти таъсири мубаллиғони Салафи роҳи “ҷиҳод” дар Сурияву Ироқро ихтиёр кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG