Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "птичка". Як халта пули "Соҳибкорбонк"-ро кӣ дуздид?


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар дуздии як халта пули “Соҳибкорбонк” корманди ҳамин бонкро муттаҳам карданд, ки ҳамроҳ бо ду рафиқаш саҳнаи ин дуздиро тарҳрезӣ кардааст.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ғорати як халта пули “Соҳибкорбонк” дар шаҳри Конибодом як корманди ҳамин бонкро муттаҳам карда, ӯ ва ду рафиқашро боздошт кардаанд. Онҳо мегӯянд, саҳнаи дуздии халтаи пул аз дасти ин корманди бонк, ки аз ӯ Бахтиёр Дадобоев ном бурда мешавад, аз қабл маслиҳат ва барномарезӣ шудааст.

Ба қавли манобеъ аз раёсти корҳои дохилии Суғд, ҳодиса 31 декабр дар назди бинои бахши “Соҳибкорбонк” дар Конибодом, 100-километрии Хуҷанд рух додааст. Вақте Бахтиёр Дадобоев, таҳлилгари қарздиҳии бонк халтаи пул дар даст ба хотири бурдан ба “Ориёнбонк” аз бинои “Соҳибкорбонк” берун шуда, ба назди мошини “Мерседес Бенс”-аш меравад, ҷавоне давида омада халтаро аз дасти вай мерабояд. Ба гуфтаи пулис, дар халта 1078 доллари амрикоӣ, беш аз 116 ҳазор сомонӣ ва 630 ҳазор рбли русӣ будааст. Ин манзараро видеои назоратии бонк сабт кардааст. Дар ин навор аён аст, ки аз паси онҳо ҷавони сеюм низ медавад.

Ин ҳама саҳнаи воқеии ҳамла ба корманди бонк ва бо зӯр рабудани пули бонкро пеши назар меорад. Аммо мақомоти пулис “бо роҳандозии чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ” сохта будани ин саҳнаи ғорат аз ҷониби худи корманди “Соҳибкорбонк” Бахтиёр Дадобоевро ошкор кардааст.

Амалиёти "птичка". Як халта пули Соҳибкорбонкро кӣ дуздиданӣ буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Худи ӯ дар навори фаврии пулис иқрор мекунад, ки ин ғоратро бо ду рафиқаш қаблан тарҳрезӣ карда буданд ва вазифаи вай бо халтаи пул аз бинои бонк берун шудан буд. Ба қавли манобеи пулиси Суғд, Рустам Лутфуллоев ва Амир Шарофов, ки низ ҳамроҳи Дадобоев ба ҳайси гумонбарони аслии ғорати пули бонк дастгир карда шудаанд, сокинони шаҳри Конибодоманд.

Ҳар се ҷавонони 22-24 сола буда, Рустам Лутфуллоев низ қаблан корманди “Соҳибкорбонк” будааст.

Тарҳи ғорати пули бонкро онҳо дар 5 моҳ омода карда, ин амалиёти ҳоло нокоми худро “Птичка” номидаанд. Дар рӯ ба рӯи камераи назоратӣ бозидани саҳнаи ғорат ва рабудани пули бонкро Бахтиёр Дадобоев пешниҳод кардааст.

Рустам Лутфуллоев дар навори фаврии пулис мегӯяд, баъд аз он ки вай халтаи пулро рабуда рӯ ба фирор ниҳод, аз пас рафиқи сеюмашон – Амир ҳозир шуда, ба Бахтиёр Дадобоев, корманди бонк ҳамла бурдааст. То ки гумони сохта будани ҳамларо аз зеҳнҳо дур кунад.

Пулис алайҳи ин се нафар бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “ғоратгарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот мегӯянд, пули рабудашуда ба бонк баргардонда шудааст.

Мақомоти пулиси Сғд мегӯянд, ин ҳодиса бозгӯйи бепарвоии масъулони бонки мазкур низ ҳаст, ки интиқоли пулро ба як корманди одии бонк иҷоза додаанд. Ҳол он ки дар асоси низомномаи бонкдорӣ интиқоли пули нақд вазифаи хадамоти махсуси пулрасон, яъне “инкассатор”-ҳо аст.

Ин ҳодисаи аввали ғорати бонк дар шимоли Тоҷикистон нест. Дар солҳои гузашта низ дар бархе аз манотиқи Суғд, аз ҷумла дар маркази ноҳияи Ашт ҳамла ба бонки давлатии “Амонатбонк” ва дуздии пул иттифоқ афтода буд.

XS
SM
MD
LG