Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи дастгоҳи президент ва додситонӣ ба волидони Саймурод


Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ва додситонии кулл ба номаи волидони як сокини Нуробод, ки ба таври мармуз ба ҳалокат расида буд, посух дода ва барои тафтишот маълумоти иловагиро лозим донистаанд.

Дастгоҳи президенти Тоҷикистон ва Додситонии кулл ба номаи волидони Саймурод Орзуев, ки ба қавли пайвандонаш аз тарафи милисаҳои ноҳияи Нуробод латту кӯб шуда ба ҳалокат расидааст, дар посух зарурати маълумоти бештар оид ба ҳодисаи марги фарзандашро талаб кардаанд.

Алӣ Орзуев, падари Саймурод Орзуев, сокини деҳаи Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод рӯзи 30 май ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз дар ҷавоби нома аз дастгоҳи президент ва додситони кулл бо имзои Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳ ва Шерхон Салимзода, додситони кулл ба ӯ мактуб расидааст.

Ба гуфтаи падари Саймурод, дар нома омадааст, ки қазияи марги фарзандаш барои тафтишот ба додситонии кулл ирсол шуда ва барои маълумоти бештар санаду ҳуҷҷатҳо пешкаш карданро лозим донистаанд.

Алӣ Орзуев мегӯяд, то замоне ки гунаҳкорони аслии марги фарзандаш, ба қавли ӯ «кормандони милисаи шӯъбаи умури дохилаи Нуробод» ошкор ва ба ҷазо кашида нашаванд, аз эътирозаш даст нахоҳад кашид. Вай гуфт, ки фарзанди вай сиҳату солим ба шӯъбаи милиса бурда шуд, вале ҷасадашро пайдо кардаанд.

Аммо Туфон Аюбов, муфаттиши додситонии ноҳияи Нуробод ба радиои "Озодӣ" гуфт, маълумоте, ки вазорати корҳои дохилӣ дар бораи Саймурод Орзуев пахш кардааст, дуруст мебошад: «Вақте ки Орзуев сархуш, 25-уми апрел дар сари чамбар нишаста симчӯбро мешиканад, ҳамон рӯз кормандони умури дохила вайро ба шӯъба даъват карда, баъди гирифтани забонхат раҳо мекунанд.»

Туфон Аюбов афзуд, бо сабаби анҷом нашудани тафтишот, маълумоти бештар дода намешавад. Аммо ин хабарро пайвандони Саймурод комилан рад карда мегӯянд, марҳум аслан шароб наменӯшид. Бо вуҷуди ин, волидонаш симчӯби Саиймурод афтондаро карда ҷарима ҳам месупоранд.

Ба қавли падари Саидмурод фарзанди ӯро ҳамон рӯз – 25-уми апрел аз Шӯъба ҷавоб надодаанд, «чунки ошпази шӯъбаи корҳои дохилӣ гуфт, ки Саидмуродро се рӯз дар таҳхонаи шӯъба ҳамроҳи дигар боздоштшудаҳо хӯрок додаст». Ошпаз Саймуродро аз либосҳояш маълум кардааст, ки ҳамон нафар аст.

Аммо ба нақли падари Саймурод Орзуев, баъди он ки ҷасади фарзандаш ёфт шудааст, ошпази шӯъба - як зан аз ҷамоати Ҳакимӣ низ аз кор ронда шудааст.

Саймурод Орзуев дар рустои Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод зиндагии фақиронае дошт. Вақте вай рӯзи 25-уми апрел симчӯби барқро бо мошинаш тахриб кард, кормандони милиса ва Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия ӯро ба шӯъба оварданд, аммо баъди он, ки волидонаш ба суроғаш омаданд, кормандони милиса гуфтанд, ки ӯро раҳо намудаанд.

Танҳо пас аз 5 рӯзи ҷустуҷӯ ва кофтуков ҷасади Саймурод, рӯзи 30-юми апрел аз зери як кӯпрук дар назди рустои Чанор пайдо карда шуд, ки дар бадани ӯ осори латтукӯб ва ҳатто ба нақли падараш, доғи сими "трос" дар пойҳояш дида мешуд. Рӯзи 30-юми апрел ҷасади Саймурод дар Ҳасандара ба хок супурданд. Саймурод ҳамагӣ 30 сол дошт ва 3 моҳ пеш аз маргаш оиладор шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG