Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқлоли Тоҷикистон хидмати Тоҳири Абдуҷаббор буд


Тоҳири Абдуҷаббор
Тоҳири Абдуҷаббор

“Агар истиқлоли Тоҷикистон ифтихоре дорад, қабл аз ҳама ба номи Тоҳири Абдуҷаббор бармегардад. Дер ё зуд ин ҳақиқатро эътироф хоҳем кард.”

Ин шарҳро дар вокуниш ба матлаби Барнои Қодирдухт “Муаллифи истиқлоли мо кӣ буд? Тоҳири Абдуҷаббор? Ё Ҳувайдуллоев”, ки рӯзи 5 сентябр дар сомонаи Озодӣ нашр шуд, як хонандаи мо бо номи мустаори “Шогирди устод Тоҳир аз дур” навиштааст. Муаллиф ба сӯҳбатҳои раиси кумитаи парлумони вақти Тоҷикистон Абдусаттор Ҷабборов , ки мегӯяд, матни Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро дар асл ӯву Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев навиштаанд, на Тоҳири Абдуҷаббор, розӣ нест. Матни пурраи вокуниши ин хонандаро, ки назари шахсии ӯст, дар гӯшаи “Блогистон” дар маърази қазовати хонандагони дигари Озодӣ мегузорем.

“Абдусаттор Ҷабборов ягона шахс нест, ки даъвои муаллифии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро мекунад. Баъзе шоирони дарбории мо ҳам дар бораи баъзе шахсон, ки он замони истиқлолиятхоҳӣ, маскавпарастӣ мекарданд ва аз калимаи истиқлолият меҳаросиданду ба маънои он дуруст сарфаҳм намерафтанд, шеърҳо бахшидаанд ва онҳоро бунёнгузорони истиқлол хондаанд... Ва бовар дорам, ки боз чунин "муаллифон"- и Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон пайдо хоҳанд шуд...

Вале ман ба ҳарфҳои комилан дурӯғи Абдусаттор Ҷабборов дар ҳайратам. Замоне ӯ ва ҳама депутатҳои дигар, ки ба пешниҳоди устоди шодравон Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи давлати соҳибихтиёр ва мустақил эълон кардани Тоҷикистон муқобил баромаданд, имрӯз даъвои муаллифии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон мекунанд. Агар ба ихтиёри онҳо мебуд, онон ҳеч гоҳ намехостанд, Тоҷикистон мустақил шавад. Вале барои устод Тоҳири Абдуҷаббор истиқлолият маънии зиндагиаш буд ва созмони мардумии Растохез, ки бунёнгузораш ӯст, ҳам истиқлолиятро яке аз ҳадафҳои асосии хеш эълон карда буд.

Мавзӯъи ин ки меъмори истиқлолияти Тоҷикистон устод Тоҳири Абдуҷаббор аст( бо ин ном бо кӯшиши Аҳмадшоҳ Комилзода дар бораи устод китоб чоп шудаасту даҳҳо мақола ҳам навишта шудааст) ин нуктаи бебаҳс аст ва инро Ашӯрбой Имомов ва Ҳайдаршо Акбаров ҳам дуруст таъкид кардаанд.Вале нуктаи дигаре ҳам ҳаст, ки дар таҳияи тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ҳамсафони устод ҳам ширкат кардаанд ва номи ин ашхос дар китоби зикршуда оварда шудааст. Устод Тоҳир баробари омода кардани тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз он дар нимаи соли 1989 ҳамчунин Эъломияи истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистонро ҳам навишта буд.

Ба гунае, ки гуфтем, ба ҳама ин Эъломияҳои пешниҳодкардаи устоди мо он замон намояндагони мардумӣ, ки имрӯз даъвои соҳибии истиқлолият мекунанд, зид буданд ва мехостанд, ки онон якумр ғулом ва Тоҷикистон тобеи Маскав бошанд.

Аз ҷумла худи Абдусаттор Ҷабборов ва дигар "муаллифҳо"- и Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ҳам он замон ва пасон ҳам ба истиқлолият муқобил буданд ва чун ҳама ҷумҳуриҳо яке аз паси дигаре истиқлолияти хешро эълон карданд, онон ҳам пас аз як соли ба истиқлолият муқобил овоз доданашон дубора ҳама ба ҷонибдории он раъй доданд.

Яъне он замон худ ба истиқлолияти фардӣ нарасида буданд ва тору пуди онон печида ба андешаи зидди истиқлол буд ва онон устод Тоҳир барин истиқлолхоҳҳоро чашми дидан надоштанд. Ҳамон дарди кӯҳна-- бадбинии мардони муборизи миллӣ - ҳоло ҳам аз ҷисму равони онон дур нашудааст.

Маҳз чунин аст, ки имрӯз Адусаттор Ҷабборов дар бораи устод Тоҳир боз як буҳтони дигаре паҳн кардааст. Ӯ мегӯяд: "...Вале баъзе чизҳое, ки онҳо(Тоҳири Абдуҷаббор ва ҳамсафонаш ) мехостанд, масалан, давлати исломӣ ва низоми дигари давлатдориро мо қабул карда наметавонистем.»

Ин чӣ дурӯғест! Дар банди аввали тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон, ки устод Тоҳири Абдуҷаббор пешниҳод карда буд, омадааст: "Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад." Дар яке аз бандҳои дигари он таъкид шудааст, ки "Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд буда, дар он тамоми қудрати давлатӣ ба халқ тааллуқ дорад... "

Дар куҷои ин Эъломия дар бораи бунёди давлати исломӣ нуктае ҳаст? Ба ёди оқои Абдусаттор Ҷабборов мерасонем, ки ҳадафи истиқлолият ва бунёди ҷомиаи демократӣ дар Барномаи созмони Растохез низ зикр ва ҳатто дар корти узвияти он ҳам сабт шудаст.

Устод Тоҳир то охири зиндагӣ ба ормонҳои истиқлолият содиқ буд ва чунин андешаҳои волои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ буд, ки ӯ аз худи рӯзҳои нахусти нооромиҳо ҳарду ҷониби низоъро даъват кард, ки силоҳ ба замин гузоранд ва ба хотири миллату Ватан даст аз хунрезӣ бардоранд . Ӯ гуфта буд, ки як қатра хуни мардум ҳазорон бор болотар аз ҳама мансабу дороӣ ва ҷоҳу ҷалол аст ва ба хотири мансабу ҷоҳу ҷалол хунрезӣ кардан хиёнат ба миллат ва Ватан аст!

Барои ҳамин оқои Абусаттор Ҷабборов ва ӯ барин "истиқлолхоҳҳо", ки дар бораашон Нусратулло ҳам хеле хуб навиштааст, на танҳо хостори истиқлолият набуданд, балки бештарашон бегонапараст буданд ва истиқлолиятро ба як пул ҳам намегирифтанд. Вале барои устод Тоҳири Абдуҷаббор истиқлолият, озодӣ, мардумсолорӣ, адлу дод, тоҷику Тоҷикистон мафҳумҳои муқаддас буданд ва ҳеч гоҳ эшон муқобили ин равишҳо гом нагузоштаанд.

Ҳақ бар ҷониби рӯзноманигори шинохта Раҳматкарими Давлат аст, ки ҳама талошу кӯшишҳо ва ҷонбозиҳои устод Тоҳири Абдуҷабборро дар роҳи истиқлолият ба қалам дод,таъкид карда буд: “Агар истиқлол ифтихоре дорад, ки ҳатман дорад, қабл аз ҳама ифтихори истиқлоли Тоҷикистон ба номи Тоҳири Абдуҷаббор бармегардад. Дер ё зуд ин ҳақиқатро эътироф хоҳем кард.”
XS
SM
MD
LG