Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сояи «Коломбо» дар Русия. Устоди тағйири режимҳо ба Маскав меравад


Ҷон Тефт
Ҷон Тефт

Ба мақоми сафири Амрико дар Маскав нафаре меравад, ки ӯро матбуоти Русия ҳамчун ташкилкунандаи "инқилобҳои ранга" тасвир мекунанд. Аммо дар асл Ҷон Тефт кист?

Аз ӯ дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун дипломати баландпоя ва обутобёфта дар мактабҳои қадимӣ ном мебаранд, ки вазифаи худро оромона ба ҷо меорад. Дар Русия бошад ӯро ташкилкунандаи “инқилобҳои ранга” дар Гурҷистон ва Украина муаррифӣ мекунанд. Аммо ҳоло хабаре дар матбуот чарх мезанад, ки шояд маҳз ҳамин одам сафири Амрико Майкл Макфолро дар Маскав иваз кунад.

“Коршиноси тағйири режимҳо” ва “дипломати харобкор”, ки Вашингтон барои эҷоди бенизомӣ дар кишварҳои ҳамсояи Русия фиристодааст” – инҳо сифатҳоеянд, ки дар Маскав нисбати Ҷон Тефт ба кор мебаранд.

Шинос шавед: Ҷон Тефт, нафаре, ки эҳтимолан барои эъмори равобити харобшудаи Маскаву Вашингтон ба Русия меравад. Интизор меравад, ки ба зудӣ Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико номзадии Ҷон Тефтро ба мақоми сафир дар Русия пешбарӣ кунад ва тавре хабаргузориҳои Русия мегӯянд, Маскав ин номзади Вашингтонро пазируфтааст.

http://echo.msk.ru/news/1353444-echo.html

Агар ин хабарҳо дуруст бошанд ва сенати Амрико низ ин номзадро бипазирад, дипломати варзида Ҷон Тефт дуруст дар вақте озими Маскав мешавад, ки баъди ишғоли Қрим ва шӯриши нерӯҳои русгаро дар шарқи Украина, равобити Амрикову Русия ба поёнтарин сатҳ фуромадааст. Ин гуна коҳиши равобит аз замони Ҷанги сард ба ин сӯ мушоҳида намешуд.

Танҳо теъдоди ками дипломатҳои касбии Амрико, ба мисли Ҷон Тефти 64- сола Маскавро хавотир мекунанд. Шаку шубҳаи Маскав нисбати Ҷон Тефт аз ин хотир аст, ки ҳукуматҳои ғарбгарои Гурҷистон ва Украина ба дунболи “инқилобҳои ранга” маҳз замоне ба қудрат расиданд, ки Тефт раҳбари миссияи дипломатии Амрико дар ин ду кишвар буд. Кремл барои тағйири режимҳо дар ин ду кишвар аз Вашингтон домангир аст.

Ҷон Тефт бо таҷрибаи 40-солаи дипломатӣ дар вокунишҳои Амрико ба “инқилоби ранга” –и дар Украина соли 2004 нақши калидӣ дошт ва дар замони ҷанги кӯтоҳи байни Русияву Гурҷистон дар соли 2008, фаъолияти сафириашро дар Гурҷистон идома дод. Русия Ғарбро ба ин муттаҳам мекунад, ки дар остонаи низои ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон - Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, ба президенти онвақта Михеил Саакашвилӣ кӯмаки низомӣ кардааст. Дар ин низоъ Маскав аз ҷудоихоҳон пуштибонӣ мекард.

Майкл МакФол - сафири кунунии Амрико дар Маскав
Майкл МакФол - сафири кунунии Амрико дар Маскав

Бино бар асноди вазорати хориҷаи Амрико, ки Викиликс ва нашрияи “Guardian”пахш кардаанд, як сол қабл аз ҷанг Ҷон Тефт Русияро ба кӯмаки мустақими ҷудоихоҳони гурҷӣ муттаҳам намуд. Тефт баъди як сол аз мақом рафт ва дар соли 2009 сафири Амрико дар Украина таъин шуд. Ин дақиқан замоне буд, ки президенти ғарбгарои Украина Виктор Юшенко дар вазъияти мушкил қарор дошт ва баъдан интихоботро ба рақиби худ, номзади мавриди назари Кремлин Виктор Янукович бохт.

Янукович моҳи феврали соли равон дар пайи тазоҳуроти мухолифонаш, ки оғози ҳалқаи таҳаввулоти ахир, аз ҷумла ишғоли Қрим ва афзоиши ҷудохоҳони русгаро дар шарқи кишвар буд, ба Русия фирор кард.

Аммо дар ҳоле, ки Тефт то замони авҷи тазоҳурот дар Украина хадамоти худро дар Киев ба анҷом расонида буд, боз ҳам ҷонибдорони Крмелин ӯро ба поягузорӣ дар сарнагун кардани ҳукумати Янукович гунаҳкор мекарданд. Маскав суқути Януковичро тавтеаи давлатҳои ғарбӣ ба хотири коҳиши нуфузаш шарҳ медод.

Вероника Крашенникова, узви Палатаи ҷамъиятии Русия моҳи апрел дар як сӯҳбат бо радиои давлатии ин кишвар дар робита ба Тефт гуфт: “Мо мутахассисеро ба Русия роҳ медиҳем, ки на танҳо илми харобкорӣ дар ниқоби сулҳҷӯёна ва роҳи тағйири режимҳоро медонад, балки ба эҳтимоли қавӣ медонад, хабар дорад, ворид аст, ки чӣ тавр бахшҳои террористӣ дар чаҳорчӯби стратегияи терроризм дар зери парчами давлатҳои дигар фаъолият мекарданд. Ҳамину гуна корҳои хатарнок.”

Аз соли 2000 то соли 2003 Тефт сафири Амрико дар Литва буд. Ин кишвар дар гузашта аз хайли ҷамоҳири лагери сотсиалистӣ буд, ки ғаразҳои фаромарзии Русия мояи нигарониаш мебошад. Матбуоти Русия тахмин задааст, ки будубоши сесолаи Тефт дар кишварҳои Балтик ба афзоиши бадбинии ин давлатҳоро нисбати Русия таҳким додааст. Аммо худи Тефт соли 2009 дар як сӯҳбат бо нашрияи “Сегодня” гуфт, “ман зидди русҳо нестам, ман танҳо ба ин эътиқод дорам, ки ҳама бахшҳои ҷаҳон бояд ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ бо якдигарро биомӯзанд ва истиқлолияти якдигарро эҳтиром кунанд.”

Дипломатияи “Коломбо”

Ҷон Тефт
Ҷон Тефт

Ҳамкорони собиқи Ҷон Тефт бо назардошти таҷрибаи дипломатии ӯ, махсусан ҳоло, ки равобити ду кишвар сард шудааст, номзадии ӯро ба мақоми сафир идеалӣ унвон мекунанд.

Агар Тефт ба курсии сафирӣ бинишинад, буду боши ӯ дар ин мақом аз сафири қаблӣ Майкл Макфол, дастнишондаи сиёсӣ, ки кор бо ҷомеаро дар навбати аввал тавассути Твиттер анҷом медод, комилан фарқ хоҳад дошт.

Ҷон Тефт дар муҳите бузург шудааст, ки дипломатияи ороми байнидавлатӣ бахши маъмулӣ ва аслии фаъолияти ҳирфаӣ буд - мегӯяд як дипломати амрикоӣ, ки бо Тефт ҳамкории танготанг дошт ва меафзояд, “ӯ барои мақоми Маскав беҳтарин интихоб аст.”

Ҷон Тефт зодаи Висконсин, ки ҷамъоварии кулоҳҳо саргармӣ ва ё ҳоббии ӯст, бо рафтори мардумона ва муоширати хайрандешона шӯҳрат дорад. Чунин хушмашрабиро ӯ дар анҷоми фаъолияташ дар Гурҷистон ва сӯҳбат дар як ток-шоу намоиш дод ва ин таронаро хонд:

Аммо тарафи намоишкоронаи шахсияти аз ончӣ ҳамкоронаш дар бораи Тефт мегӯянд, фарқ мекунад. Ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМА Томас Мелиа соли гузашта гуфт, ки Тефт корҳои худро бо мақомоти хориҷӣ “ҳамеша дубора месанҷад ва онҳоро ғофилгир мекунад. Дар аксари ин мулоқот Тефт нақши як детективи хаёлиро мебозад. Мисли нақши Коломбо дар иҷрои Питер Фалк, ки гӯё ҳамин лаҳза аз мулоқот берун мешавад, вале ғайриинтизор бармегардад ва мегӯяд, “як пурсиши дигар низ ҳаст...”

“Баъдан ӯ каме хам мешавад ва ба овози паст ба ходими гапногири ҳукуматӣ мегӯяд, ки тирамоҳи оянда визаи таҳсили духтари ӯ дар Амрикоро шахсан пайгирӣ мекунад, ё ба ёвари президенте мегӯяд, ки агар баъзе чизҳо ислоҳ ва шаффоф нашаванд ва ширкатҳои амрикоӣ аз иҷозаи содироти гандум маҳрум монанд, ин ҳатман пайомаде хоҳад дошт.” – мегӯяд ёвари вазири хориҷии Амрико Томас Мелиа.

Хори чашм?

Вақте исми Тефт ба сифати ҷойгузини Макфол расонаӣ шуд, аксари таҳлилгарони рус ва амрикоӣ чунин рамуз бардоштанд, ки бино бар бӯҳрони Украина Обама дар робита ба Русия аз сиёсати равобити ҳадди ақал кор мегирад. Аммо собиқ кормандони Кохи Сафед ба ин розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, ин далел ки Тефт дар Украина ва Гурҷистон кор кардааст, набояд ба маъное қабул шавад, ки Амрико мехоҳад ба чашми русҳо чӯб халонад. Мақомоти расмии Маскав ба тавони дипломатии Тефт шубҳа надоранд, аммо аз ин нигаронанд, ки Тефт билохира кореро пеш хоҳад бурд, ки ӯро барои иҷрои он фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG