Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари амниятии Обама дар дафтари Озодӣ


Майкл Маклоф, ёвари раисҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ, дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз дафтари радиои Озодӣ дар Бишкек боздид кард.

Мулоқоти оқои Макфол бо хабарнигорон ҳудуди як соат давом кард ва хабарнигорон ба ин мақоми баландпояи ИМ дархост ва пешниҳодҳои худро ироа карданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки таҷҳизоти фаннии дафтари радиои Озодӣ беҳбуд мехоҳад.

Майкл Маклоф гуфт, ин сафари ӯ ба Бишкек бо ҳидояти Барак Обама ба вуқӯъ пайваст ва Обама чунин мешуморад, ки Қирғизистон ба таваҷҷӯҳи бештари Амрико ниёз дорад. Вай гуфт, зимни сафари Барак Обама ба Прага ва дидору мулоқоти ӯ бо Дмитрий Медведев, президенти Русия, вазъияти Қирғизистон дар меҳвари ин гуфтушунид қарор гирифт.

Ба таъкиди Майкл Маклоф, президент Обама нақши матбуоти озод ва хабарнигорони дафтари радиои Озодӣ дар Бишкек дар тарғиби арзишҳои демократия муҳим аст. Вай гуфт, хабарнигорони Озодӣ таҳаввулоти Қирғизистонро ҳамеша саривақт баррасӣ мекунанд ва фаъолияти ин хабарнигорон барои бунёди демократия дар минтақа ва кишварҳои дар ҳоли рушд таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки шоми рӯзи 6-уми май озими Қазоқистон мешавад ва бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқотҳо низ дар радифи баҳсу баррасии ҳамкориҳои ИМА ва Қазоқистон вазъи Қирғизистон матраҳ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Майкл Макфол кишвараш аз ҳукумати муваққати Қирғизистон пуштибонӣ мекунад ва кумакҳои молиашро ба ин кишвар дареғ нахоҳад дошт.

Аммо дар пасманзари дидору мулоқотҳои ин мақоми баландпояи амрикоӣ дар Бишкек кормандони амнияти қирғиз 20 нафар пайвандони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиевро бозпурсӣ кардаанд.

Ба таъкиди Кенешбек Дуйшебоев, дар ҳамин ҳол амалиёти боздошти бародарон ва писарони президенти собиқи кишвараш ба яке аз масъалаҳои доғ табдил ёфтааст ва перомуни маҳалли будубоши онҳо хабарҳои зидду нақиз мерасанд. Вай гуфт, бо вуҷуди мушкилот кормандони амният Қурмонбек Боқиев, писарони ӯ ва бародаронашро боздошт хоҳанд кард.

Тибқи хабарҳои расида, Ҷонибек Боқиев маҳалли будубоши худро лаҳза ба лаҳза тағйир медиҳад ва дар наздикиҳои марзи Қирғизистон бо Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба сар мебарад. Гуфта мешавад, боздошти Ҷонибек Боқиев ба далели он мушкил шудааст, ки ӯ мушаххасоти кори кормандони ниҳодҳои махсуси кишварашро хеле хуб медонад.
XS
SM
MD
LG