Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Содиқ Хон - писари ронандаи автобус ва мири Лондон


Содиқ Хон бо ҳамсараш Саъдия

Содиқ Хон бо ҳамсараш Саъдия

Барои нахустин бор ба мақоми мири шаҳри Лондон интихоб шудани як марди мусалмон аз пурбаҳстарин хабарҳои чанд рӯзи охир мебошад.

Барои нахустин бор ба мақоми мири шаҳри Лондон, маркази Бритониё, интихоб шудани як марди мусалмон аз пурбаҳстарин хабарҳои чанд рӯзи охир мебошад. Содиқ Хон ба намояндагӣ аз ҳизби коргари Бритониё рӯзи 7 май ба ин мақоми баланд баргузида ва аввалин мусалмоне шуд, ки раҳбарии як пойтахти муҳими Аврупоро ба уҳда дорад.

Ин интихобот алорағми он сурат гирифт, ки ҳизби ҳокими муҳофизакор талош кард, Содиқ Хонро бо ифротгароён иртибот диҳад. Содиқ Хони 45-сола фарзанди муҳоҷирони покистонӣ буда, падараш ронандаи автобус ва модараш дӯзанда мебошанд.

Дар интихобот ӯ аз болои номзади муҳофизакор Зак Голдсмит, писари як миллиардер пирӯз ва дар таърихи сиёсии Бритониё аз раъйи бештари тарафдоронаш бархӯрдор шуд. Нашрияи бонуфузи “The Financial Times” таъкид кард, ки пирӯзии ин сиёсатмадори мусалмонтабор баёнгари мизони “таҳаммулпазирии” Лондон “дар шароити авҷгирии танишҳои нажодиву мазҳабӣ дар дигар пойтахтҳои аврупоӣ” мебошад.

Дар маросими муаррифии худ баъд аз пирӯзӣ дар интихобот, ки дар калисои ҷомеи Саутворк барпо шуд, ӯ гуфт: "Номи ман Содиқ Хон ва ман мири шаҳри Лондон ҳастам" ва ин изҳороти ӯ бо кафкӯбиҳои гарм истиқбол шуд. Дар ин маросим раиси пулиси шаҳри Лондон, сиёсатмадорон ва раҳбарони гурӯҳу созмонҳои мухталиф иштирок карданд.

Ишғоли курсии муҳимро аз ҷониби як сиёсатмадори мусалмон на танҳо аъзои ҳизби муҳофизакори ҳоким, балки инчунин нахуствазир Дейвид Кемерон ҳам зери суол бурд.

Содиқ Хон дар гузашта ҳамчун як ҳуқуқшинос ва фаъоли ҳуқуқи башар аз худ дарак додааст. Ӯ гуфт, ки тамоми умр зидди ифротгароӣ мубориза бурдааст. Саида Варсӣ, собиқ раиси ҳизби муҳофизакор гуфт, ки маъракаи интихоботӣ, ки бештар лаҳни интиқодӣ дошт, ба обурӯву эътибори ҳизб латма зад. Дар миёни онҳое, ки аз пирӯзии Содиқ Хон ситоиш карданд, номзади президентӣ аз ҳизби демократ дар ИМА Ҳилларӣ Клинтон буд. Вай дар вокуниш ба ин хабар гуфт, “Писари як ронандаи автобус, пештози ҳаракати ҳуқуқи башар ва ҳоло мири шаҳри Лондон.

"Муборак шавад, Содиқ Хон”, навишт Клинтон дар саҳифаи худ дар Твиттер. Сиёсатмадори дигари маъруфи бритониёӣ, вазири тиҷорату соҳибкории Бритониё Соҷид Ҷовид ҳам тавассути Твиттер “табрик аз як писари ронандаи автобус ба писари дигар”-ро фиристод.

Дар маъракаи пешазинтихоботии худ Содиқ Хон ваъда дод, ки дар амри иҷрои барномаи манзилҳои дастрас дар Лондон талош ба харҷ дода, мухолифаташро ба тавсеаи фурудгоҳи Ҳитроу баён кард ва ваъда дод, ки кори шабакаи нақлиёти мусофирбар беҳтар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG