Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари президенти мунтахаби Эрон кист?


Ҳасани Рӯҳонӣ-президенти мунтахаби Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ-президенти мунтахаби Эрон

Ҳафтаи гузашта дар интихоботи президентии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ пирӯз шуд. Ӯ то ҳол номи ҳамсарашро ошкор накардааст ва расонаҳои эронӣ ҳам ин муваффақ нашудаанд.

Дар маъракаи пешазинтихоботии Эрон президенти мунтахаби ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ ҳеҷ гоҳ бо ҳамсараш зуҳур накарда буд.

Одатан ҳамсарони сиёсатмадорони эронӣ аз назари ҷомеа дур ҳастанд ва дар бораи онҳо иттилои зиёде дастрас намебошад.

Дар гузоришҳои давраи интихоботи президентӣ фақат дар бораи ҳамсари яке аз номзадҳои курсии раёсатҷумҳурӣ-Саиди Ҷалилӣ иттилоъ пахш шуд, ки ӯ пизишк асту номаш Фотима Саҷодӣ.

Дар бораи ҳамсари номзади пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ воқеан вуҷуд дорад.

Як хабаргузории эронӣ навиштааст, ки номи ҳамсари Рӯҳониро намедонад, вале ошкор кардааст, ки “ Рӯҳонӣ ба таври анъанавӣ издивоҷ намудааст ва ҳамсари ӯ кадбону буда, аз ширкат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ худдорӣ мекунад”.

Хабаргузории нимадавлатии ИСНО-и Эрон ҳам эътироф кардааст, ки кӯшишҳои дарёфти маълумоти бештар дар бораи ҳаёти шахсии Рӯҳонӣ ноком шудаанд.

Хабаргузорӣ аз номи Рӯҳонӣ иқтибос овардааст, ки ҳамсарашро барои ӯ аҳли хонаводаашон интихоб карда буд.

Рӯҳонӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст:”Ман тахминан бистсола будам. Падару модарам исрор меварзиданд, ки бо ӯ издивоҷ кунам. Ман ҳам зиёд мухолифат накардам.”

Рӯзи 19-уми июн як сомонаи эронӣ аз номи модари 86-солаи Рӯҳонӣ иқтибос овард, ки ҳангоми издивоҷ ҳамсари Рӯҳонӣ 14-сола буд.

Иттилои дигар дар бораи оилаи президенти мунтахаби Эрон ин будааст, ки Рӯҳонӣ чор фарзанд дорад ва як писараш вафот кардааст.

Дар даврони раёсатҷумҳурии ҳаштсолаи Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамсари ӯ чанд дафъа дар мазҳари ом ва ҳамчунон ҳамроҳ бо ӯ дар сафарҳои хориҷиаш ҳузур доштааст.
XS
SM
MD
LG