Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов: "Ятим"-е, ки диктатор шуд


Ислом Каримов, раисиҷумҳури 77-солаи Узбакистон
Ислом Каримов, раисиҷумҳури 77-солаи Узбакистон

Ислом Каримов аз соли 1989 боз ҷамъияти 31-миллионнафарии Узбакистонро таҳти контроли шадиди худ қарор додааст. Зоҳиран, ӯ дар интихоботи президентии 29 март низ пирӯз хоҳад шуд.

Брюс Панниер

Ислом Каримов, раисиҷумҳури 77-солаи Узбакистон, ки аз оғози солҳои навадуми асри гузашта боз зимоми қудратро дар даст дорад ва ҷамъияти 31 миллионнафарии ин кишварро таҳти контроли шадид гирифтааст, кист ва чигуна то ин сатҳ расидааст?

Барои ҷамъоварии тарҷумаи ҳоли ӯ чанд моҳ зарур шуд. Дар торнамои ҳукумати Узбакистон дар бораи кору зиндагии Ислом Каримов маълумоти хеле кӯтоҳ додаанд. Танҳо гуфта шудааст, ӯ 30 январи 1938 дар шаҳри Самарқанд дар хонаводаи "хизматчӣ" ба дунё омадааст. Баъд аз он якбора соли 1960 зикр мешавад, ки он вақт Ислом Каримов дар корхонаи "Ташселмаш" ба кор оғоз намуда буд.

АЗ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ

Дар яке аз мақолаҳои ёфтшуда аз тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов дар соли 1995 истифода кардаанд ва дар он гуфта мешавад: "Каримов дар оилаи камбизоат фарзанди шашум буд... ва падараш - хизматчӣ ва модараш - хонашин..." Вале баъдан ин маълумот аз тамоми торнамоҳои давлатӣ "рӯфта" шуда, дигар дастрас нест.

Ислом Каримов дар моҳи феврали 1991
Ислом Каримов дар моҳи феврали 1991

Вақте соли 1992-1993 дар Узбакистон кор мекардам, дар он ҷо нақл карданд, ки Ислом Каримов дар хонаи кӯдакон тарбия ёфта, падари биологияш ё тоҷик ё яҳудӣ аст. Падари ӯ - Абдуғанӣ ду сол пеш аз он ки Ислом Каримов ба дунё ояд, зиндонӣ мешавад ва дар сесолгияш аз маҳбас берун меояд. Баъдан онҳо Исломи 3-соларо ба хонаи кӯдакон супурда, танҳо дар айни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ бо номи ҷанги бузурги ватанӣ низ маъруф аст, ба хонаашон меоранд. Аммо баъд аз поёни ҷанг ӯро барои "тундхӯӣ" ва "ганогирӣ"-яш дубора ба хонаи кӯдакон мефиристанд.

ДОНИШҶӮИ ХУБ Ё ТАРБУЗДУЗД?

Дар бораи зиндагии ӯ дар ин давра пораҳои парокандаи иттилоъ аз дӯстону атрофиёни беномаш зикр шудааст. Бархеҳо аз ӯ "донишҷӯи барҷаста" ном бурдаанду бархеи дигар ӯро "тарбуздузди тундхӯи машҳури бозори Самарқанд" хондаанд. Соли 1964 ӯ бо Наталя Петровна Кучмӣ издивоҷ мекунад, вале бо гузашти як замон ва ба дунё омадани писарашон аз ҳам ҷудо мешаванд. Гуфта мешавад, ин писар, ки аз ӯ Пётр ном мегиранд, дар Маскав зиндагӣ дорад.

Ислом Каримов баъди як соли омаданаш ба кор дар Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Узбакистон дар соли 1967 бо корманди Инситути иқтисодии Академияи улуми ин кишвар – Татяна Акбаровна, ки аз хонаводаи табақаи болоӣ ба шумор мерафт, издивоҷ кард.

ДАР ПУШТИ ШОНАҲОИ РАШИДОВ

Дар пешравии кор ё карйераи Ислом Каримов дар Ҳизби коммунист он замон ду нафар Шараф Рашидов, котиби аввали ин ҳизб ва раҳбари “клан”-и Самарқанд – Исмоил Ҷӯрабеков нақши калидӣ доштанд. Рашидов, ки он замон нафари ҳисоботдиҳанда ба Маскав ба шумор мерафт, миёни мардум шуҳрат дошт ва вонамуд мекард, гӯиё вазифаи рақами яки ӯ ғамхорӣ ба Узбакистон аст. Вале соли 1983 Рашидов аз сӯи мансабдорони Кремл барои азхудкунии маблағи буҷа муттаҳам шуд.

Замони даргузашти Рашидов дар моҳи октябри соли 1983, Ислом Каримов алакай курсии вазири молияи ҶСШ Узбакистонро дар ихтиёр дошт. Дертар, баъд аз истиқлолиятро ба даст овардани Узбакистон Каримов дубора номи Шараф Рашидовро барқарор кард.

Соли 1986 Ислом Каримов ба курсии раҳбари Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Узбакистон нишаста, дар моҳи июни ин сол котиби аввали Ҳизби коммунист ва 24 марти соли 1990 раисиҷумҳури ҶШС Узбакистон интихоб шуд. Дар пайи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Каримов дубора ин курсиро ба даст овард.

...ВА ҶӮРАЕВ

Баъд аз омадани Каримов ба мансаби президентӣ Ҷӯрабеков ба адои вазифа дар мақомҳои баланд дар Узбакистони мустақил, аз ҷумла вазир оид ба корҳои мудофиаи гражданӣ, вазири кишоварзӣ, муовини аввали нахуствазир оғоз кард. Ӯ дар он замон бо мақомоти қудратии Узбакистон робитаи қавӣ дошт ва ин ҳам дар саркӯб ва берун намудани рақибони сиёсии Каримов дар солҳои аввали истиқлолияти ин кишвар нақши муҳим мебозид.

Ҳамчун нафари боэътимоди Каримов ба зимомдори пасипардагӣ дар саҳнаи сиёсии Узбакистон табдил ёфт ва дар бораи робитаи ӯ бо олами ҷиноӣ низ сару садоҳо шунида мешуд. Соли 1998, замоне ки овозаҳо дар бораи қасди Ҷӯрабеков барои сарнагунии Ислом Каримов паҳн шуд, дарҳол ба истеъфо фиристода шуд.

Вале дар аввалҳои соли 2000 Исмоил Ҷӯрабеков дубора ба ҳайати ҳукумати Узбакистон баргашта, симати муовини нахуствазирро дубора соҳиб шуд. Баъдан мушовири давлатии раисиҷумҳури Узбакистон интихоб гардида, то соли 2004, дақиқтараш рафтан ба нафақа дар ин мақом ифои вазифа мекард.

ИНТИХОБОТИ 29 МАРТ

Рӯзи 29 март дар Узбакистон интихоботи навбатии президентӣ доир мешавад ва Ислом Каримови 77-сола, ки дар ин корзор рақиби билқуввае надорад, ғолибан замони раёсати аллакай 26-солааш бар ин кишвари Осиёи Марказиро барои 5 соли дигар тамдид хоҳад кард.

Барои ширкат дар ин маърака ба ғайр аз Ислом Каримов, 3 номзади дигар – Ҳотамҷон Кетмонов, раиси ҳизби халқии демократӣ, Наримон Умаров, раиси ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва Акмал Саидов, раиси як маркази ҳуқуқи башари наздик ба ҳукумат ва узви фирқаи порлумонии ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”- низ сабти ном шудаанд.

Ба бовари аксар, ин номзадҳо танҳо ба хотири алтернативӣ ва зоҳиран демократӣ ҷилва додани интихоботи президентии Узбакистон асту бас. Дар асл, ҳама мутмаинанд, ки агар ҳолати фавқулоддае пеш наояд ва умр вафояш кунад, ин интихоботро низ Каримов ба осонӣ хоҳад бурд. Агарчӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштироки ӯро дар ин интихобот ғайриқонунӣ донистааст.

XS
SM
MD
LG