Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзӯи маҳфили навбатии Бунёди иҷтимоии "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки имрӯз, 22-юми ноябр баргузор шуд, ба нақши зиёиён ихтисос дошт.

Бархе аз ширкатдорони маҳфили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» бар ин назаранд, ки зиёӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун як табақаи комил ташаккул наёфтааст. Чун ба иддаои онҳо, сабаби асосӣ низ то ҳол ба миллати воҳид табдил нашудани миллати тоҷик аст.

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик муътақид аст, ки зиёӣ он нафаре буда метавонад, ки тафаккури миллӣ дошта бошад ва манфиати миллиро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд. Ӯ аз ҷумла афзуд, «тайи чанд вақти ахир байн ду гурӯҳ баҳсҳо ҷараён дорад, теъдоде мегӯянд, мо зиёӣ надорем, аммо бархе бар ин назаранд, ки дорем. Ҳоло мо ҳамаи онҳоеро ки аҳали қалам ва саводанд зиёӣ ном мебарем. Вале ман фикр мекунам аҳли савод будану диплом ва галустук дошан ин танҳо меъёрҳои зоҳирист. Зиёӣ бояд пеш аз ҳама фарди миллӣ бошад ба истилоҳи дигар виҷдони бедори миллат бошанд. Мутаасиффона дар Тоҷикистон ҳамеша зиёи дар шакли фардҳо ва шахсиятҳои ҷудогона вуҷуд дошт, на чун қишр.»

Абдунабӣ Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода

Аммо гӯруҳе дигар аз иштирокдорони ин маҳфил мегӯянд, сатҳи маърифатнокии зиёиёни тоҷик дар муқоиса бо зиёиёни Аврупо даҳсолаҳо ақиб мондааст. Чун ба гуфтаи Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди тоҷик, мушкили зиёиёни тоҷик он аст, ки ҳамқадам бо замон нестанд ва аз андешаи забонзада пайравӣ мекунанд. Вай ҳамчунин гуфт, «ман боварӣ дорам, ки дар Иттиҳоди нависандагон, ки наздики 100 утоқ дорад, ба ғайр аз ҷойхӯрӣ ва лақ-лақи зиёдатӣ, чизе нест. Ҳамингуна дар пушти пардаи театрҳо низ. Аз ин хотир ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Мо на дар давраи гузариш, балки дар як замони дилгиркунанда қарор дорем. Чун моро нафароне иҳота мекунанд, ки ба чизе завқ нишон намедиҳанд. На ба миллати худ, на ба Худо, на ба ҷаҳон ва на чизи дигар.»

Ҳамзамон ба таъкиди ҷаноби Абдураззоқов онҳое, ки воқеан зиёӣ ҳастанд, бинобар пайдо накардани ҷойгоҳ дар Тоҷикистон, дар берун аз кишвар кору фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи вай дар чанд соли ахир теъдоде аз зиёиёни тоҷик бо далоили маълум Тоҷикистонро тарк карданд. Ҳатто ҷаноби Абдураззоқов гуфт, аз ӯ низ даъват шудааст, то фаъоляити эҷоди худро дар Қирғизистон ба роҳ монад. Ва ӯ мегӯяд, ҳоло сари ин пешниҳод фикр дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Барзу Абдураззоқов ахиран дар Қирғизистон буд ва дар яке аз тетарҳои ин кишвар намоишномаеро ба саҳна гузошт.

Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов

Бо он ки, ин гурӯҳ аз зиёиён баҳсу барасиҳоеро дар ин замина идома медиҳанд, Темур Зулфиқоро, нависанда ва мутаффакири тоҷики муқими Русия мушкили аслии то ҳол комил нашудани зиёиёнро мафкураи бозмонда аз даврони Шӯравӣ, ба хусус тафаккури русӣ медонад. Темур Зулфиқоров афзуд, «мо 25 сол инҷониб дар фазои Титанки ғарқшуда ба сар мебарем ва ин хеле эҳсосшаванда аст. Аммо мушкилоти зиёиёни тоҷкиро намешавад дар алоҳидагӣ аз мушкилоти зиёиёни рус матраҳ кард, зеро онҳо низ дар чунин вазъият қарор доранд ва таъсири онҳо ба мо бузург аст.»

Баҳс сари мафҳуми зиёӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон дар мулоқоти ахири худ бо зиёиён онҳоро ба бештар фаъолият нишон додан даъват кард ва ҳамчунин тақозо намуд, ки дар кору пайкори худ истиқлолро чун муқаддастарин дастоварди миллат ҳифз намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG