Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пушти "ҷавонони фаъол" кӣ истодааст?


Саҳифаи “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” дар Фейсбук
Саҳифаи “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” дар Фейсбук

Дар шабакаи иҷтимоӣ боз як гурӯҳи “ҷавонони фаъол” бо номи “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” аз худ дарак дод. Мунтақидони ҳукумат мегӯянд, ин гурӯҳҳо ҳама “ташкилшуда”-анд ва манфиатҳои доирҳои ҳокими Тоҷикистонро пиёда мекунанд.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳе бо номи “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” (“Партия Единый Таджикистан”) аз худ хабар дод. Ин гурӯҳ худро “ҳизби нави сиёсӣ” муаррифӣ мекунад, ки “ҷавонон” таъсис додаанд, вале мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, ҳамагӣ 10 нафаранд.

Аъзои ин гурӯҳ аз ифшои номи худ худдорӣ мекунанд. Вале яке аз раҳбаронаш рӯзи 23 феврал дар як мусоҳибаи катбӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: Мо 10 ҷавон аз ҳамаи гӯшаю канори Тоҷикистон ҷамъ шудаем. Мо ному насаби худро махфи нигоҳ медорем. Мо лидер надорем. Аз сабаби он ки дар шабакаҳо ва интернет дар бораи Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон гапҳои паст рафта истодааст ва обрӯи халқи моро одамони беақл дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон паст карда истодаанд, мо зидди онҳо бархостем. Рузҳои наздик мо як видеоролик ба навор мегирем, яъне муроҷиат ба оппозитсия.»

Бо ин вуҷуд, ки ин гурӯҳи ба истилоҳ «ҷавонони фаъол» худро ҳизби сиёсӣ муаррифӣ кардаанд, мегӯянд, қасди баргузории анҷумани муассисон ва сабти номи расмӣ дар вазорати адлияро надоранд ва фаъолияти худро дар доираи ҳамин 10 ҳамфикр, бидуни ҷалби шумори бештари тарафдорон аз миёни ҷавонон ба роҳ андохтанианд.

Ин раҳбари «Ҳизби Тоҷикистони воҳид”, ки бо Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, муроҷиати онҳо ба мухолифин ба хотири оштӣ додани онҳо бо ҳукумат нест, чунки “оштӣ кардан дигар фоида надорад. Барои онки 20 сол пеш оштӣ карда, ҳеҷ фоида надидем. Мақсади мо танҳо “Гурӯҳи 24” аст, яъне ба мардум дастрас кардани маълумот дар бораи амалҳои манфии “Гурӯҳи 24.”

Тазоҳуроти як гурӯҳи "ҷавонони фаъол" дар Душанбе
Тазоҳуроти як гурӯҳи "ҷавонони фаъол" дар Душанбе

​Ин нахустин гурӯҳе нест, ки ба намояндагӣ аз “ҷавонони фаъол” дар Тоҷикистон садо баланд мекунад. Дар се тазоҳуроти ахир дар Душанбе, ки дуяш – рӯзҳои 20 ва 22 феврал - дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ва сеюмӣ дар назди сафорати Туркия гузашт, аз номи “ҷавонони фаъол”-и ҷамъшуда Аҳмадхӯҷа Давлатов, раиси созмони “Пешоҳангони ҷомиа”, собиқ “Авангард” ҳарф мезад. Аз он қабл як гурӯҳи занон фаъол буд, ки ҳамчун намояндагони “занони фаъол” дар назди сафоратҳо ва дафтарҳои аҳзоби мухолиф тазоҳурот мекарданд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, дар пушти таъсиси чунин гурӯҳҳо мақомот истодаанд, чунки ба фарқ аз мухолифин, ин гурӯҳҳо бидуни кадом сабти номи расмӣ озодона фаъолият мекунанд ва дар шароити Тоҷикистон, ки тайи тақрибан 20 соли охир ҳар навъ қасди баргузории тазоҳуроти эътирозиро шадидан пешгирӣ мекунад, ин “ҷавонони фаъол”-у “занони фаъол” бароҳат ва он ҳам дар назди сафоратҳои кишварҳову созмонҳои муҳими хориҷӣ ташкили тазоҳурот мекунанд.

Нозирони умур мегӯянд, ин “созмон”-созиҳо тақрибан дар соли 2012 бо таъсиси гурӯҳе бо номи “Ҷавонони Ватан” оғоз ёфта буд, ки аз номи “ҷавонони ватандӯст”-и минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон амалкардҳои раҳбарони мухолифин ва мунтақидони ҳукуматро бо лаҳни шадид маҳкум мекард.

Бисёриҳо “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” ва ҳамин тавр, “Пешоҳангони ҷомиа” ва дигар гурӯҳҳои сохташуда ба намояндагӣ аз “ҷавонони фаъол”-ро “маҳсул”-и марказҳои стратегиянависи наздик ба мақомоти ҳокими Тоҷикистон медонанд. Аммо намояндагони ин гурӯҳҳо ин иддаоро рад мекунанд. Ба ин суоли Озодӣ, ки оё дар пушти шумо шояд бигӯянд, ки дар пушти шумо ҳукумати Тоҷикистон истодааст?, ин намояндаи “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” гуфт, “не. Мо бачаҳои оддием. Дар ягон ҷо шинос надорем. Бо ягон кас алоқа надорем. Рости гап, мо якдигарро ҳам намешиносем.”

Ҷамъомади тарафдорони мухолифини тоҷик дар яке аз шаҳрҳои Русия
Ҷамъомади тарафдорони мухолифини тоҷик дар яке аз шаҳрҳои Русия

Тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони наврасон ташкил медиҳанд ва тақрибан ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ – чӣ ҳизби ҳоким ва чӣ мухолифин - барои ҷалби тарафдорон аз ҳисоби ин қишр талоши зиёд ба харҷ медиҳанд. Барои мисол, як мӯҳраи муҳим дар фаъолиятҳои “Гурӯҳи 24”, созмоне, ки “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” ба муқобилаш қомат рост кардааст, созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” буд, ки раҳбараш Мақсуд Иброҳимов дар тобистони соли гузашта аз сӯи як додгоҳи Душанбе ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG